ТАРТИБИ НАВИ БА ИҶОРА ДОДАНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Имрӯз мувофиқи қонунгузории миллиамон, ҳангоми ба иҷора додани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар идораҳои нотариалӣ тасдиқ кардани шартномаҳои иҷора талаб карда намешавад.

Имрӯз мувофиқи қонунгузории миллиамон, ҳангоми ба иҷора додани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар идораҳои нотариалӣ тасдиқ кардани шартномаҳои иҷора талаб карда намешавад. Ҳангоми омӯзиши таҷрибаи як қатор давлатҳои хориҷӣ маълум шуд, ки дар кодексҳои шаҳрвандии Олмон, Нидерландия, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон шартномаи ба иҷора додани воситаи нақлиёт ба сифати намуди алоҳидаи шартнома мавҷуд набудааст, дар баробари ин, намуди ин шартнома  бо меъёрҳои умумии ҳуқуқи шартнома  ба танзим дароварда мешавад ва ҳангоми тартиб додани он ҳеҷ гуна тасдиқи нотариалӣ талаб карда намешавад.
Қобили зикр аст, ки қарори Президент аз 24 июли соли 2021 «Дар бораи чораҳои соддагардонии тартиби гузаронидани савдои музоядаи электронии онлайнӣ, баланд бардоштани шаффофияти он ва таъмини ҳимояи боэътимоди ҳуқуқҳои иштирокчиён» аз 1 январи соли 2022 сар карда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бекор кардани талаби тасдиқи нотариалии шартномаҳои иҷора дар ба иҷора додани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо роҳи савдои музоядаи электронии онлайнӣ дар платформаи савдои электронӣ муайян шудааст. Тибқи натиҷаҳои савдои музоядаи электронии онлайн, баённомаи расмикунонидашуда эътибори шартномаи иҷораро инъикос мекунад.
Инчунин, дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ҳангоми ба воситаи платформаи электронӣ ба иҷора додани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, барои бекор карда шудани талаби нотариалӣ тасдиқ кардани шартнома лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба моддаи 565-уми Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таҳия гардид. Ҳуҷҷати мазкур дар ҷамъомади ба қарибӣ баргузоргардидаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар қироати дуюм қабул гардид.  
Бо ҳуҷҷати мазкур тартиби дар платформаҳои савдои электронӣ ба иҷора додани воситаи нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ карда мешавад. Ҷорӣ намудани чунин тартиб боиси бастани шартномаи иҷораи алоҳидаи байни тарафҳо намегардад ва баённомае, ки дар натиҷаи савдои музоядаи электронӣ ба вуҷуд омадааст, ба зиммаи ҷонибҳо ӯҳдадориҳо ва шартҳои иловагиро барои роҳ надодан ба баҳсҳои мухталиф байни молик ва истифодабаранда мегузорад. Инчунин, ҳангоми ба воситаи савдои музоядаи электронии онлайни платформаи савдои электронӣ ба иҷора додани воситаи нақлиёти автомобилӣ муайян мегардад, ки бинобар натиҷаҳои савдои музоядаи мазкур, баённомаи расмигардондашуда ҳамчун шартномаи иҷора эътибор пайдо мекунад ва ба тартиби нотариалӣ тасдиқ кардани он талаб карда намешавад. 
Дар навбати худ, қонуни мазкур ба содда гардондани муносибатҳои марбут ба  иҷора додани  воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, рушди бозори иҷора ва пешгирии бюрократизм дар соҳа мусоидат мекунад.
 
Муҳаммад ВАЛИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: