ПРЕЗИДЕНТИ ИНТИХОБШУДАИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ИҶРОИ ВАЗИФААШ ШУРӮЪ КАРД

14 июл дар Тошканд, дар ҷамъомади муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими мутантани ба вазифаи худ шурӯъ намудани Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар маросим депутатҳо ва сенаторон, роҳбарони созмонҳои давлатӣ, намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ ва ҷамъиятӣ, кормандони расонаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.
Маросимро раиси Комиссияи марказии интихоботӣ З.Низомхӯҷаев ифтитоҳ намуд.
Вай қайд сохт, ки интихоботи президентӣ мувофиқи Сарқонуни нав ва равандҳои демократӣ, дар вазъи фаъолнокии сиёсӣ гузашт. Бинобар натиҷаи овоздиҳӣ номзад аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев, ки 87,05 фоизи овози интихобкунандагонро ба даст овардааст, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардид. Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Шавкат Мирзиёевро табрик кард ва ба ӯ гувоҳномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро супурд.
Мувофиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев савганд хӯрд: «Бо тантана савганд мехурам, ки ба халқи Ӯзбекистон содиқона хидмат менамоям, ба Сарқонун ва қонунҳои ҷумҳурӣ қатъиян риоя мекунам, ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон кафолат медиҳам, ӯҳдадориҳоеро, ки ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта шудаанд, софвиҷдонона иҷро менамоям».
Сипас Президент Шавкат Мирзиёев бо маърӯзаи шурӯъ ба вазифа  баромад кард.
– Ман имрӯз масъулияти бузурги шахсии худро, ки барои таъмин сохтани истиқлолияти Ӯзбекистон, ҳаёти осудаву фаровони халқи беш аз 36 миллионнафараи мо ба зимма мегирам, аз таҳти дилу ҷон идрок менамоям. Бо муҳаббат ва эътиқоди фарзандӣ барои ин эътимоди баланд дар назди халқи сермиллат, мард ва донишмандамон сари таъзим фуруд меоварам, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Қайд гардид, ки Ӯзбекистон ба давраи нав қадам мениҳад. Даврони пешистода барои кишвари мо замони тағйироти амиқ, қатъӣ ва дигаргуниҳои бузург дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварӣ хоҳанд шуд. Ба замони нав ғоя ва ташаббусҳои нав, натиҷаҳои нав лозиманд.
Зиддиятҳое, ки дар минтақаҳои гуногун идома доранд, мушкилоти навро ба миён меоваранд, гуфт Президент. – Тағйироти бузурги иқлим ва афзоиши норасоии захираҳои табиӣ, аз ҷумла об низ барои рушди устувор таъсири нохуши ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин вазъи мураккаб ва мушавваш, мо бояд роҳи ягона дурусти сиёсати самарабахши дохилӣ ва хориҷиеро, ки ба манфиатҳои халқамон мувофиқ мебошанд, дақиқ муайян кунем ва бо ин роҳ қатъиян пеш равем.
Роҳбари давлат ҳадафҳои стратегиро барои ҳафт соли оянда мушаххас намуд. Онҳо такмил додани ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, ба роҳ мондани низоми ихчам ва самарабахши идоракунӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, вусъат додани имкониятҳо барои соҳибкорӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва даромади аҳолӣ мебошанд.
Равандҳои иқтисодиёти «сабз» ва энергетикаи «сабз» васеъ ҷорӣ карда мешаванд. Ҳаҷми сармояҳо ба иқтисодиёти мамлакат чандин карат зиёд мегардад. Мақсади муҳими дар соли 2030-юм то ба 160 миллиард доллар расондани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пеш гузошта шуд.
Дар ҷараёни маърӯзаи худ роҳбари давлат ба ҷавонон муроҷиат кард.
– Писарон ва духтарони азизи ман, имрӯз худи таърих, худи замон дар назди шумо имкониятҳои бесобиқаро боз менамояд. Шумо ба корҳои бузурге, ки дар таърихи Ӯзбекистон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд, қодир мебошед, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид шуд, ки Ӯзбекистон бо халқи сермиллати худ, ки дар оилаи ягона ва дӯстона зисту зиндагӣ доранд, муқтадир аст. Кишвари мо минбаъд низ соҳати инсонпарварӣ ва кушодадилӣ хоҳад монд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи идомати мустақими сиёсати амиқандешидашудаи хориҷӣ ва дипломатияи иқтисодӣ изҳори назар кард. Ҳадафи асосӣ таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо давлатҳои минтақаи мо, ба сатҳи нав бардоштани ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ хоҳад буд.
Ҳаллу фасли мушкилоти экологӣ ва ҳифзи муҳити атроф, норасоии захираҳои об вазифаҳои рӯзмарра боқӣ мемонанд.
Президент дар суханронии худ ба рақамҳои мухталиф ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ не, балки ба муваффақияти бузургтарини кишвари мо эътибори ҷиддӣ дод: шуур ва ҷаҳонбинии мардум тағйир ёфт, дар қалби онҳо эътимод ба худ ва ба оянда мустаҳкам гардид. 
Халқе, ки ба тағйир додани худ қодир аст, бешубҳа, метавонад ҳаёти хеш ва муҳити иҷтимоиро дигаргун кунад ва ӯ ҳатман ба ҳадафҳои неки худ муваффақ мегардад.
– Барои ман хидмат ба халқи азиз дар роҳи фатҳи қуллаҳои нав, ояндаи пуршараф бахти азим ва шарафи бузург аст. Якҷо бо шумо, бо тамоми ҳамватанон ман тайёрам барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои бузург, ки ба мазмуну муҳтавои ҳаётам – бунёди Ӯзбекистони Нав, поягузорӣ ба Эҳёи Сеюм табдил ёфтааст, ҳастанопазирона кор кунам, барои ин тамоми нирӯ ва дониш, таҷриба ва иқтидори худро равона созам, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Гимни давлатӣ садо дод.
Бо ҳамин ҷамъомади муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом ёфт.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: