Дар арафаи 32-юмин солгарди таъсисёбии Нирӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба аскарон ва ҳарбиёни нафақахӯри Вазорати мудофиа ва Вазорати оид ба вазъиятҳои фавқулода калиди ҳуҷраҳо аз хонаи 16 ошёна, ки дар мавзеи нави Нуқус-ситии шаҳри Нуқус, маркази Қароқалпоқистон ҷойгир шудаанд, бо тантана супурда шуданд.
Ҳуҷраҳо дар пояи имтиёзи дарозмуҳлати воми ипотекӣ пешниҳод гардиданд.
Дар маросими мазкур фармондеҳи қӯшунҳои округи ҳарбии Шимолу Ғарб, генерал-майор Фарҳодҷон Шерматов, муовини раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон оид ба масъалаҳои сайёҳӣ, фарҳанг, мероси маданӣ ва коммуникатсияҳои оммавӣ Расул Зарикеев, намояндагони ҳокимияти шаҳр ва сохторҳои неруӣ, роҳбарияти Прокуратураи ҳарбии Нуқус, ҷомеа, аъзои оилаи хидматчиёнӣ ҳарбӣ иштирок карданд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки ба муҳофизони Ватан пешниҳод шудани ҳуҷраҳо аз хонаи 16-ошёна дар асоси воми имтиёзноки ипотека, ки дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Жеке Терек бунёд шудааст, барои онҳо туҳфаи махсус шуд.
Соли равон 30 нафар хидматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа ва 30 корманди Вазорати оид ба вазъиятҳои фавқулода 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватанро дар ҳуҷраҳои нави худ истиқбол мегиранд.
Довуд АБИБУЛЛОЕВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: М. ҲАБИБУЛЛОЕВ (ӮзА).