САРОБИ ИЛМ

Бо ин ном мақолаи шодравон Пайванди Гулмуродзода соли 2006 дар нашрияи Бунёди фарҳанги Тоҷикистон «Фарҳанг» (№1) чоп шудааст ва дар он ёддоштҳои давраи бачагӣ вобаста ба шахсони маъруфи давр ва баъдӣ низ аз рӯзгори баъзе муҳаққиқон нақл мекунад.

Дар он аз хусуси қаҳрамони рӯзҳои мо Бозоргул Назароваи ухмӣ, ки ба қарибӣ ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо ба ордени «Дӯстлик» мушарраф гардид, низ сухан меравад. 

Пайванди ГУЛМУРОДЗОДА
32 сол муқаддам дар аввалҳои моҳи май ба хонаамон аз Тошканд академики АУ Ӯзбекистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Ленини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, доктори илми геология, профессор Иброҳим Ҳамробоев бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саъдулло Кароматов ташриф оварданд, ки олими соҳаи геология 15-16 сол пеш, замоне, ки ман ду-се сола будаам, бо мақсади гузарондани ҷустуҷӯйи геологӣ ба деҳаи мо омада, чанд муддат дар ҳавлии мо истиқомат ва бо падарам риштаи дӯстӣ пайдо карда буданд. Мақсади сафарашон ҷамъоварии мавод ба китоби нави нависанда Саъдулло Кароматов буд, ки ба ҳаёту фаъолияти ин олими маъруф бахшида мешуд.
Меҳмонон сӯҳбати гарме доштанд, аз диду боздидҳояшон ва қаҳрамони китоби оянда аз ҷустуҷӯҳои худ дар ин мавзеи кӯҳистони дурдаст бо шавқ нақл мекарданд, ки вазифаи ман хидмат ба онҳо буд. Дар омади гап пурсид, ки мактабро кай тамом мекунам. Ба ҷойи ман падарам посух доданд, ки ҳамин сол. 
– О, мо дар вақташ омадаем-ку! – нидо кард И. Ҳамробоев. – Ҳамин ки имтиҳонҳо тамом шуд, ба Тошканд ба назди ман фиристонед, аз ҳамин деҳа ҳам як геолог барояд. Ҳамроҳи бачаҳо дар хонаи мо меистад, забонро дурусттар меомӯзад, ки оянда ба кори илмӣ машғул шавад. Ҳамин мавзеъҳое, ки мо дар кӯҳистони шумо кофтуков гузарондем, кори тайёр аст,  – илова кард олими номдор.
– Бо як ҳамсинфаш нияти ба Душанбе рафтан дорад. Ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил шуданист. Ман мехоҳам, ҳуқуқшинос шавад, ӯ орзуи журналистӣ дорад. 
– Хуб аст, ҳамкасби мо мешудааст, – ба сухан ҳамроҳ шуда, маро ҷонибдорӣ кард С. Кароматов.
– Мехостам як фарзандатонро ҳамкасби худ кунам, ки рафтуомадамон зиёд шавад. Бо баҳонаи фарзандатон ба хонаи мо ҳам меомадед. Чанд сол боз ҳамдигарро надидем, то ман наоям, Шумо намеравед, – гилагузорӣ кард олими маъруф.
– Тарзе гап мезанед, ки гӯё аҳли оилаатон Шуморо серӣ медида бошад, – шӯхӣ кард нависанда. – Шояд набераҳояшон ҳам дуруст нашиносанд ин касро. Чанд сол боз аз қафояшон гашта, базӯр ба даст даровардему боз ин кас аз дигарҳо гилагузорӣ мекунанд.
Ҳама бо завқ хандиданд.
Ман он вақт дуруст сарфаҳм намерафтам, ки барои чӣ аҳли оилаашон серӣ надида, набераҳояшон дуруст намешинохтаанд?!
Баъди гузашти солҳо ва ошноӣ бо кору бори геологҳо, мутолиаи гуногун оид ба ҳаёту фаъолияти соҳибони ин пешаи наҷиб дарёфтам, ки қисми зиёди умри ин тоифаи мардум дар кӯҳу дара, дашту даман гузашта, дар маҳалу манотиқ, кишвару мамлакатҳои гуногун паси сар мешуда...
Бо ҳукми тақдир дар миёнаи моҳи майи соли 1973 бобои Азиз – падари бузургвори дӯсту ҳамсинфам Ҳомид моро бо мақсади шиносоӣ ба Душанбе – ба хонаи Муҳаммадӣ Юнусов оварданд. Шаҳрро тамошо карда, бо донишгоҳҳо ошно шуда, ба хулосаи қатъии таҳсил дар донишгоҳҳои Душанбе – ман дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Ҳомид дар донишгоҳи омӯзгорӣ омадем. Ба деҳа баргашта аз сафари нахустинамон бо поезд ва диду боздидҳоямон бо шӯру шарар, завқу шавқ ба ҳамсинфонамон нақл мекардем, ки шарикдарсонамон гӯшу ҳуши нақли мо буданд. Аҷаб лаззате дорад тамошои макони нав ва таъассуроти рангини бачагӣ...
Қисса кӯтоҳ, баъди хатми мактаб боз роҳи Душанберо пеш гирифтем, ки ин дафъа роҳбаладҳои мо падарам ва тағоям Шодибой буданд. Дили падарам кашол ба факултаи ҳуқуқшиносӣ буд ва мехостанд, ки ман чун ҳуқуқшинос бар зидди ҳаннотон, мардумфиребон, беинсофҳову қаллобон мубориза бурда, барои адлу инсоф, ҳақиқату адолат талош кунам. Ба дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ намунаи ибрат бошам, ки ин ҳама аз бор кардани тӯҳмат ба падари бегуноҳам ва эълом доштани ҳукми бист соли  зиндон маншаъ мегирифт. Пиндору ҳадафашон хайрхоҳона  ва олиҷаноб буд.  Вале шояд  амиқ дарк намекарданд, ки як нафар аз ӯҳдаи барҳам задани тамоми беадолативу ноҳақӣ баромада наметавонад ва бояд теша ба реша зад. Ин қиссаи талхи зиндагии падари бузургворам мавзӯи ҷудогона аст, ки бо даст додани имконият ба риштаи таҳқиқу баррасӣ кашида хоҳад шуд...
Тасодуфан ҳамнишинӣ бо мӯйсафеде дар чойхона ва як сухани ӯ – падар писарро бо умеди шунидани раҳмат тарбият мекунад, Шумо лаънат мехостаед, падарамро аз райъашон баргардонд. Ҳарчанд кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯйи қонуну адолат ба гунаҳкорон ҷазо муайян мекунанд, боз дар ҳаққашон носазо мегӯянд, ки ишораи мӯйсафед ба ҳамон буд.
Баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонҳо, вале нарасидани ним хол дар комиссия ва бо даву този сазовори номи донишҷӯ шудан ба деҳа баргаштам, ки шиносномаву ҳуҷҷати ҳарбиро аз қайд бароварда, ба Душанбе биёям. Чанд рӯз дар деҳа мондам ва ҳангоми гусел амакам – акои Мӯсобой хоҳиш карданд, ки ба Баҳром Шермуҳаммадов, Рӯзӣ Аҳмадов, Фарруха Зеҳнӣ ва Маҳвашхон Ҳодизода – кормандони Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон, ки 15-16 сол пеш барои ҷамъоварии эҷодиёти шифоҳии мардум ба деҳаҳои кӯҳистони Фориш сафар карда, чанд рӯз дар ҳавлии онҳо монда, бо мошини боркаши он кас аз деҳа ба деҳа рафта, намунаи эҷодиёти шифоҳии мардуми ин маконро гирд оварда буданд, хатман салому паём расонам. 
Баъди чанд рӯзи оғози дарсҳо ба Институти забон ва адабиёт рафтам, ки онҳоро бинам. Гуфтанд, ки ҳуҷраи онҳо дар қафои бинои Раёсати Академия аст. Соат тахминан аз се гузашта буд, ки дари ҳуҷраи дуюмро беҷуръатона кушода, салом додам ва бо овози паст муаллим Шермуҳаммадов дар куҷо бошанд, гуфтам. Марде, ки рӯ ба сӯйи тиреза саргарми мутолиа буд, сарашро аз рӯйи коғазҳо бардошта, ба сӯйи дар нигоҳ дӯхта, ман Шермуҳаммадов гуфт. Аз дар даромада, бо азоб худро шинос кардам:
– Ман аз Фориш, ба Шумо акои Мӯсобой салом гуфтанд.
– Эҳ, эҳ, шумо кай омадед, – айнакашро аз чашм гирифта, аз ҷой баланд шуд ҳамсӯҳбати ман ва ба сӯям даст дароз кард. 
– Ман ҳамин ҷо мехонам, дар университет, – бо овози паст гуфтам.
Ба нишастан даъват кард:
– Аз Ӯхм мешавам, гӯед. Бобо чӣ туранд, бобо.  Бобои Ризвон?
Тахмин кардам, ки амакам бобои Рӯзмонро дар назар доранд, ки дар «Таронаҳои Самарқанд» сурату чанд шеъру рубоиро аз забони он кас ба нашр расонда буданд.
– Хубанд, салом гуфтанд.
Баъди пурсуҷӯйи зиёде ва шинос кардан бо чанде аз ҳамкоронашон қаламу коғаз ва айнакашонро ба портфели ҷигарранг андохта, аз ҷой хестанд ва хона меравем, гуфтанд.
– Ягон рӯзи дигар, ман ҳоло кор дорам, – хиҷолатомез баҳона пеш овардам.
– Хонаи мо он қадар дур нест, роҳи хонаро нишон диҳам, ки гоҳ-гоҳ моро хабар гиред.
Аз дар берун шуда, аз тарафи чапи бинои академия ба кӯчаи калон баромадем ва аз паҳлӯи бинои филармония то ба назди мағозае расидем. «Ҳозир як дақиқа» – гуфта, ба магазин даромаданд ва дар дасташон коғазпече берун шуданд. Ба тарафи рост гаштем ва дар назди даромадгоҳ: «хонаи мо ана ҳамин ҷо» – гуфтанд. 
Аз зинапоя ба ошёнаи сеюм баромадем, ки дар дари тарафи рост рақами 11 сабт шуда буд. Нуқтаро зер карданд, ки садои занг баланд ва дарро зани миёнақади хандонрӯе кушод.
– Меҳринисо, як хеши форишиамро ёфта овардам, – бо табассум ба ҳамсарашон шинос карданд. Ду духтарча-яке зардинаи чашмкабуд, дигаре мӯсиёҳ ба пешвози мо давиданд. 
– Инҳо Рухшонаву Фарзона, – онҳоро ба навбат бусида шинос карданд Б. Шермуҳаммадов. – Ин амакатон аз Фориши Самарқанд, дар университет мехонанд, – маро ба ин духтаракони хурд шинос карданд. Ман аз ин муносибати самимонаи муаллим ба кӯдаконашон, ки бо онҳо чун ба калонсолон муносибат мекарданд, бо ҳайрат наззора менамудам. Чунин муносибатро бори аввал дар хонаи Муҳаммадӣ Юнусов бо духтарчаҳои дӯстрӯякашон Фирӯзаву Нодира дида будам.
Ба ҳуҷраи тарафи чап даромадем. Янгамулло дар як дам дасторхон густурда, чой оварданд. Шириниву мева гузоштанд. Баъди каме тановул Б. Шермуҳаммадов аз қиссаҳои сафари аввалу дуюмашон ба деҳаҳои тоҷикнишини Порашт, Ӯхм, Моҷарм, Синтоб, Эҷ нақлҳои шавқоваре карда, китобҳои «Афсонаҳои Самарқанд»-у «Таронаҳои Самарқанд», сурату дафтарҳои хотираашонро нишон доданд, ки ҳар кадоме ёди неке аз он айём буд.
Шиносоии нахустини банда бо фолклоршиноси маъруф, инсони шариф ва хоксору хайрхоҳ Баҳром Шермуҳаммадов ҳамин тавр сурат гирифта, баъдан ба муносибати бародарона табдил ёфт, ки худашон чун бародар ва ҳамсарашон чун хоҳари калонӣ ҳамеша маслиҳатгару роҳбаладам буданд. Бе ҳеҷ истилоҳаву андеша ба хонаашон мерафтам ва дар ҳалли ҳар мушкилот ёриву мадад мепурсидам. Маҳз бо мададу роҳбаладии он кас дар радиои тоҷик ба кор шурӯъ кардам. Дар лаҳзаҳои вазнинтарини ҳаётам нагузоштанд, ки танҳоиву дурии падару модар, хешу таборамро эҳсос кунам. Онҳо дар қатори дигар дӯстону бародарон ва хоҳарони душанбегиам дар паҳлӯям буданд, ғами маро ба ҳам диданд. Бо маслиҳату насиҳатҳояшон диламро ба зиндагӣ гарм карда, нагузоштанд, ки ба вартаи яъсу ноумедӣ афтам. Дар ҳамон лаҳзаҳои тақдирсоз нагузоштанд, ки аз раъйям-сафари Маскав ва таҳсил дар аспирантура баргардам. Ҳар чӣ ояд ба сари фарзанди одам бигзарад, мегуфтанд.
Шукри Худо, ки тақдир маро дар зиндагӣ бо чунин одамони содда, ростқавлу меҳрубон, якрӯву якзабон ва дурандешу накӯхислат рӯ ба рӯ, ҳамнишину ҳамсӯҳбат кард. Маҳз аз баракати онҳо дар зиндагӣ роҳи худро ёфтам, одаму оламро шинохтам ва аз рӯйи тавон накӯкориву пос доштани нону намакро омӯхтам...
Муаллим Б. Шермуҳаммадов хислати аҷибе доштанд: бо ҳар кас тез унс мегирифтанд ва ба зудӣ забон меёфтанд. Бо кӯдак ба забони кӯдакона, бо мӯсафедон бо лабони пурханда ва мулоимии ба худ хос сӯҳбат меоростанд. Дар чанд соли рафту омад ба хонаашон ва ҳамнишинӣ боре ҳам овози баландашонро нашунидаам. Дар иншои мақола, таҳияи матни фолклорӣ, рисолаву асари тадқиқотӣ саросема намешуданд ва бафурҷа гаштаву баргашта  ҳар як нигоштаашонро аз назар мегузаронданд. Ҳамин дақиқ санҷиву мулоҳизаи амиқ намегузошт, ки рисолаи доктории кайҳо омодаашонро ба ҳимоя пешниҳод кунанд. Борҳо янгамуллову дӯстонашон муаллимро барои зудтар ба ҳимоя пешниҳод кардани рисолаашон талқин мекарданд, вале ҳамеша як ҷавобро мешуниданд:
– Ками дигар монд, рӯзҳои наздик ислоҳ мекунам.
Ҳар гоҳе ба хонаашон меомадам, янгамулло бо оҳанги хоси худ ба ман мегуфтанд:
– Кори муаллиматон намак хӯрд, гӯед, ба муҳокима пешниҳод кунанд.
Ин лаҳзаҳо суханони аз забони муаллим чанд сол пеш, ҳангоми ҳамсафариам дар деҳаи Ӯхми Фориш шунидаам, ба хотирам мерасид...
Он рӯз дар ҷустуҷӯйи момои Бозоргул, ба ибораи Б. Шермуҳаммадов, кони афсона аз дараи серобу хушбоду ҳавои кӯҳистон роҳ ба сӯйи биёбон – юртаҳои чӯпонӣ пеш гирифтем, ки дар масофаи 10-12 километри поёни деҳа ҷойгир буданд. Кампири Бозоргул барои хабаргирии набераҳояшон ба он ҷо рафта буд ва муаллим баъди 20 соли вохӯрии аввалину охиринашон мехостанд, ки бори дигар кони афсонаву таронаро бубинанд ва овозашро дар фитаи магнитофон сабт кунанд.
Мошини боркаш дар дашти бекарон ба пеш медавид. Ҳавои тафсони тобистонро реги биёбон боз ҳам метасфонд. Шамоли мошин сару рӯйи мо се нафар мусофиронро табъи дили  хеш мелесид. Аз дур ҳар ҷо-ҳар ҷойи биёбон давраҳои гулобӣ ба назар мерасид, ки ба гумони ғолиб кӯли пур аз обро мемонд.
– Саробро дидаед? – бо овози баланд пурсиданд ҳамсафарам.
– Аз забони калонсолон бисёр шунидаам ва аз асарҳои адибон борҳо хондаам, вале надидаам, иқрор шудам бо овози баланд, ки ба гӯши ҳамсафарам расад гуфтаҳоям ва садои мошинро пахш кунад. 
– Ана ҳамон давраҳо саробанд, ки дар гузашта чандин корвонро фиреб дода, ба ҳалокат расонида, – тавзеҳ доданд ҳамсафарам. – Шумо, ки унвонҷӯ ҳастед, аз сароби илм эҳтиёт кунед. Дар хулосаву натиҷа саросема нашавед, ки он ҳам одамро мисли ҳамин саробҳо ба роҳи нодуруст ва ғалат мебарад, фиреб медиҳад.
Он замон ба моҳияти гуфтаҳои ҳамсафарам, ки чун фолклоршинос ва муҳаққиқи ин соҳаи соҳибном буд, чандон сарфаҳм нарафтам. Ин муқоисаашонро дуруст дарк накардам. Вале баъдтар, вақте ки аз рӯйи зарурат ба кофтукови адабиёт ба рисолаи номзадиам машғул шудам, мақсаду ҳадафи ҳамсафарамро хуб фаҳмидам.
Ва ҳар боре ки олими нуқтасанҷ ва муҳаққиқи нозукбинро бо кашолкорӣ мазаммат мекарданд, он сӯҳбат ба хотирам мерасид ва амиқ дарк мекардам, ки муаллим Б. Шермуҳаммадов аз сароби илм худро нигоҳ доштан мехостанд. Ҳар сатру саҳифаи рисолаашонро аз нав бо диққат мехонданд, тасҳеҳу илова мекарданд, такмил медоданд. Ҳарчанд дар илм шахси баркамол ва маъруф буданд, боз бо устодону ҳамкорон маслиҳату машварат мекарданд. Шиори зиндагиашон «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд» буд, ки дарвоқеъ, рисолаи пухтаву мукаммалеро ба баррасиии олимони маъруф пешниҳод карданд. Муҳокимаву баррасии он тӯлонӣ буд. Ҳам муқарризони расмӣ: Арбоби илми ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои филология, профессор Б. Валихӯҷаев, профессор Р. Мусулмонқулов ва доктори улуми филология А. Афсаҳзод ва ҳам муқарризони ғайрирасмӣ профессорон В. Асрорӣ, В. Капранов, Б. Тилавов, У. Каримов, муассисаи пешбари кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба рисолаи доктории Б. Шермуҳаммадов баҳои баланд доданд. Дар тақриз ба фишурдаи рисола олимони маъруф Иржи Бечка, академики АУ Афғонистон Аҳмад Ҷовид, корманди Маркази забону адабиёти АУ Афғонистон Асадуллои Шуъур, профессорон Д. Комиссаров, А. Гвехари, М. Муродов, Т. Мирзоев, Б. Саримсоқов, О. Собиров ва бисёр олимони маъруфу чеҳраҳои шинохтаи тоҷику халқҳои дигар ба заҳмату меҳнати чандинсолаи олими баркамол баҳои баланд доданд, ки бор овардани самараи ҷустуҷӯйҳои чандсолаашон ба ҳисоб мерафт. Ва дарвоқеъ, рисолаи доктории Баҳроми Шермуҳаммадиён як соҳаи муҳими илми филологияи тоҷикро пурра мекард ва тадқиқоти мукаммали илмӣ ба шумор мерафт. Муаллиф бо меҳнату заҳмати пурмашаққат солиёни зиёд илми худро аз сароб ҳифз намуда буд ва хушбахтона, касеро ҳам ба сароби илм ҳидоят накард. Ба заҳмати ҳамкорону шогирдон низ аз рӯйи имону виҷдон баҳо медод ва ҳеҷ гоҳ саҳлангориву тадқиқи рӯякиро қабул надошт. 
Баҳром Шермуҳаммадиён дар сабту забт, таҳияву омода намудани эҷодиёти шифоҳии мардум низ хеле дақиқкор буд. Дар муддати кӯтоҳ «Таронаҳои Самарқанд»-у «Афсонаҳои Самарқанд»  ва афсонаҳои зиёди халқӣ барои кӯдакону наврасон ва ривояту ҳикоятҳои халқӣ дар бораи бузургони илму адаб ва фарҳанги тоҷикон дар байни мардум маҳбубият пайдо кард.
Силсилагуфторҳояш дар радиои ҷумҳурӣ дар бораи Гӯрӯғлӣ ва силсиланамоишҳояш дар телевизиони Тоҷикистон «Чашма» оид ба анъанаву суннатҳои мардумӣ вирди забонҳо гардида буд.
Воқеае ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки мӯсафеди анорфурӯш бепул анорҳоро ба борхалтаи олим партофта: «Ҳамаи ин ба хотири талқини анъанаву суннатҳои гузаштагонамон. Бигир, бачам, дар ҳамин солу замон ин корро Шумо барин ҷавонмардон ба сомон нарасонед, дигар ҳеҷ кас намекунад ва он ҳама санъати мардум аз байн меравад, фано мешавад. Бигир, аз боғи худам, ҳамин корро идома бидеҳ. Барака ёбӣ, бачем» – мегуфт дар бозори Шоҳмансур.
Аз ин ҷоизаи баланду меҳрубонии зиёде мешавад магар. Мардум заршинос аст ва сараро аз носара хуб фарқ мекунад. Хуб медонад, ки заҳмату меҳнати олим чи қимате дорад ва илми ҳақиқӣ кадом асту саробаш кадом?! 
Вале гоҳо чунин гумони ботил ҳукмронӣ мекунад, ки гӯё мардум сараро аз сақат ва илми ҳақиқиро аз сароби илм фарқ намекунад. Асару мақола ва тадқиқоти хому хаталаро ба табъ расонида, ба воситаи ҳамдиёрону рафиқон, дӯстону хешон ба тарғибу ташвиқаш машғул мешавем. Зӯри беҳуда мезанем, ки аз ҳеҷ чиз ҳар чӣ созем. Фаромӯш мекунем, ки ҳубобро ҳамеша мавҷ фурӯ мебарад. Таърих беҳтарин довар аст ва зиндагӣ муаллими сахтгир. Дер ё зуд ҳамаро дар ҷойи худ мегузорад, ки бо гузашти солҳо ба таъкиду талқини олими нуктасанҷ ва заҳматкаш Баҳром Шермуҳаммадиён бовар ҳосил кардам: сароби илм бақое надорад ва умри тӯлонӣ намебинад. На ба соҳибаш обрӯе меоварад ва на барои пешрафти соҳае хидмат мекунад...
Кош, ин ҳақиқати бебаҳсро илмҷӯёну номхоҳон ҳамеша дар хотир медоштанд ва умри хешро беҳуда намегузаронданд...

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: