Президенти Ўзбекистон афзалиятҳои ҳамкориҳои минтақавиро дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ муайян кард

  • Президенти Ўзбекистон афзалиятҳои ҳамкориҳои минтақавиро дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ муайян кард
  • Президенти Ўзбекистон афзалиятҳои ҳамкориҳои минтақавиро дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ муайян кард
  • Президенти Ўзбекистон афзалиятҳои ҳамкориҳои минтақавиро дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ муайян кард
  • Президенти Ўзбекистон афзалиятҳои ҳамкориҳои минтақавиро дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ муайян кард
  • Президенти Ўзбекистон афзалиятҳои ҳамкориҳои минтақавиро дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ муайян кард
  • Президенти Ўзбекистон афзалиятҳои ҳамкориҳои минтақавиро дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ муайян кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 ноябр дар нахустин нишасти Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар Боку ширкат кард.

Дар кори чорабинӣ, ки  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев гузашт, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Хоҷамират Гелдимирадов, котибони иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо Татяна Молчан ва ЭСКАТО СММ Армида Алисҷабана, инчунин меҳмонони фахрӣ – Сарвазири Венгрия Виктор Орбан ва Гурҷистон Ираклий Гарибашвили, котиби генералии Шӯрои ҳамкории халиҷи мамлакатҳои араб Ҷасим Ал-Будайвӣ иштирок карданд.

Сарвари давлат дар оғози суханронии худ ҳамаи иштирокдорони чорабиниро ба муносибати 25-умин солгарди Барнома, ки бо Эъломияи Тошканд дар соли 1998 таъсис ёфтааст, инчунин қабули қатъномаи алоҳидаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, бахшида ба ин санаи пуршараф самимона табрик кард.

Раҳбари Ӯзбекистон раисии самарабахши Озарбойҷонро дар СПЕКА, ки дар ҷараёни он ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи Барнома ба сатҳи сифатан нав баромад, қайд кард.

Президент таъкид кард, ки тайи давраи гузашта СПЕКА аҳамияти худро ҳамчун механизми муассири шарикии минтақавӣ дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор нишон дод.

Дар доираи Барнома беш аз 400 лоиҳа ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, коммуникатсия, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ, энергетика, захираҳои об, экология, баробарии гендерӣ ва ғайра, қабули стратегия оид ба  сода гардондани тиҷорат ва рушди инноватсионӣ амалӣ карда шуданд.

Дар солҳои охир таҳкими фазои ҳамсоягии нек ва эътимод, амиқтар шудани равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

– Имрӯз мо бо кишварҳои минтақа, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Венгрия дар самти кооператсияи саноатӣ ва инфрасохтор барномаҳои бузург амалӣ карда истодаем. Ширкатҳои муштараки сармоягузорӣ таъсис ёфта, механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳо ба роҳ монда шудаанд. Дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ марказҳои замонавии савдо-логистикӣ ва минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ташкил карда мешаванд, – қайд кард Президент.

Раҳбари Ӯзбекистон ба чолишу таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки кишварҳои минтақа дар шароити бесуботии ҷаҳонии геосиёсӣ рӯ ба рӯ мегарданд, як қатор ташаббусҳои амалиро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби СПЕКА баён кард.

Бо мақсади табдил додани Барнома ба платформаи бештар самараноки минтақавӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ зарурати ба куллӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар самтҳои асосии шарикӣ ва таҳкими пояҳои институтсионалии Барнома қайд карда шуд.

Пешниҳод шуд, ки дар якҷоягӣ бо коршиносони Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва ЭСКАТО Консепсияи рушди «СПЕКА – 2030» таҳия карда шаванд.

Сарвари давлат бо мақсади ҳавасмандгардонии савдои дохилиминтақавӣ мувофиқи мақсад будани омода намудани Нақшаи чорабиниҳои муштаракро, ки ҷорӣ намудани таҷриба ва амалиёти пешқадам дар рафъи монеаҳои мавҷуда ва ҳамоҳангсозии чораҳои танзими техникии амалиёти содиротӣ-воридотиро пешбинӣ менамояд, қайд намуд.

Андешидани чунин тадбирҳо, ба гуфтаи раҳбари Ӯзбекистон, имкон медиҳад, ки гардиши мол дар минтақаи СПЕКА то соли 2030 аз 52 миллиард доллари кунунӣ ба 100 миллиард доллар расонда, ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар сохтори он 70 фоиз афзоиш ёбад.

Аҳамияти таъсис додан ва роҳандозии Фонди мақсадноки СПЕКA дар соли оянда барои дастгирии лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои иқтисодиёти "сабз", инноватсия, технологияҳои баланд, логистика, энергияи алтернативӣ, кишоварзии "оқил" ва бунёди инфрасохтори муосири иҷтимоӣ таъкид гардид.

– Фонд бояд бо институтҳои байналмилалии рушд фаъолона ҳамкорӣ кунад, захираҳои молиявӣ ва грантҳоро ба лоиҳаҳо ва барномаҳои афзалиятнок бо шартҳои мусоид ҷалб намояд. Ўзбекистон низ омода аст дар ташаккул додани фонд саҳми молиявии худро ҳамроҳ намояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президенти мамлакатамон дар бораи рушди долонҳои бо ҳам алоқаманди нақлиётӣ сухан ронда, зарурати татбиқи пурраи “харитаи роҳ”-ро, ки дар ҷараёни нишаст оид ба рақамикунонии раванди табодули маълумот дар доираи долони мултимодалии Фарокаспӣ қабул шудааст, қайд кард.

Пешниҳоди соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор намудани Форуми байналмилалии "Долонҳои рақамии нақлиётӣ" садо дод.

Ҳамчунин нияти якҷоя бо ниҳодҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид фаъолона пеш бурдани лоиҳаҳои бузург оид ба таҳкими пайвастагии нақлиётӣ дар минтақа изҳор гардид.

Раҳбари Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки гурӯҳи махсуси корӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи СПЕКА таъсис дода шуда, нахустин ҷаласаи он соли оянда дар Самарқанд баргузор шавад.

– Дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои рушди робитаҳои кооператсионӣ байни корхонаҳои пешрафтаи агросаноатӣ, офаридани занҷирҳои арзиши иловагӣ, ҳавасмандгардонии мубодилаи илмию технологӣ ва ҷорӣ намудани ҳалли пешқадами сарфакоронаи захираҳо, истифодаи долонҳои экспресс нақши муҳим доранд, — гуфт сардори давлатамон.

Бо дарназардошти ба ҳам алоқамандии соҳаҳои захираҳои об, энергетика, экология ва кишоварзӣ аҳамияти қабули ҳуҷҷати нави консептуалии СПЕКА - «Стратегияи сабз»-и бисёрҷониба таъкид гардид.

Тибқи пажӯҳишҳои СММ, кишварҳои минтақа ба далели камбуди об ҳамасола ҳудуди 2 миллиард доллар зиён мебинанд. Дар оянда, агар ин раванди номатлуб пурзӯр гардад ва ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилот пайдо нашавад, шояд нишондиҳандаи таъмини об ба сари аҳолӣ 25 фоиз ва ҳосили зироатҳо 40 фоиз коҳиш ёбад, гуфт Президент.

Сарвари давлатамон ба масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ ва ҷалби занон ба фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Барои пайваста ва мунтазам ҳавасманд намудани ташаббусҳои фаъол ва нақшаҳои мушаххас дар доираи Барнома пешниҳод карда шуд, ки Шӯрои занони соҳибкори СПЕКА таъсис дода шавад.

Илова бар ин, Президент ташаббуси дар доираи Шӯро супурдани ҷоизаи байналмилалии «Эътирофи  СПЕКА»-ро ба заноне, ки дар шукуфоӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа саҳми бузург доранд, эълон кард.

Раҳбари Ӯзбекистон зимни суханронӣ ба ҳамкасбонаш, раҳбарияти Комиссияи иқтисодии Аврупо ва ЭСКАТО муроҷиат карда, ба роҳандозии равобити корӣ ва барқарор намудани ҳамкорӣ бо Афғонистон дар чаҳорчӯби СПЕКА даъват кард.

– Набояд роҳ дод, ки Афғонистон бо проблемаҳояш танҳо монад. Бе роҳандозии муколамаи байналмилалӣ бо ҳукумати кунунӣ ба ягон натиҷаи мусбат ноил шудан ғайриимкон аст, – қайд кард ӯ.

Роҳбари кишварамон ба ҳамаи иштирокдорон барои дастгирӣ намудани қарори таърихӣ, ки ду рӯз қабл дар Париж, оиди бори аввал дар Осиёи Марказӣ  – Самарқанди бостонӣ дар соли 2025 баргузор намудани иҷлосияи Ассамблеяи Генералии ЮНЕСКО қабул гардид, изҳори сипос кард.

Президент Шавкат Мирзиёев дар хотимаи суханронии худ бори дигар пайравии Ӯзбекистонро  ба шарикии бисёрҷониба дар доираи Барномаи минтақавии СПЕКА ба хотири таъмини рушди устувор ва некуаҳволии мардуми кишварҳои минтақа тасдиқ намуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: