БЕШАРИҚ МЕҲМОНОНИ КОНИБОДОМИРО ПАЗИРУФТ

Ҳамон рӯз посгоҳи гумрукии «Андархон»-и ноҳияи мо намуди идона дошт.

Ҳар ҷо-ҳар ҷо шиорҳои талқинкунандаи дӯстиву рафоқати миёни тоҷикону ӯзбекон  овезон буд. Парчамҳои ду мамлакат парфишон буданд. Ин манзараи гуворо бо вуруди як гурӯҳ меҳмонони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд боз ҳам шукӯҳи тоза мегирифт. Чеҳраҳо гулгун ва фазои шодиву нишотбахш ҳукм меронд. 

Ҳувайдо буд, ки риштаҳои дӯстиву бародарӣ мустаҳкам мешаванд, равуои бемонеаи шаҳрвандони ду кишвар ба тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд мусоидат менамояд. 
Ташрифи гурӯҳи даҳнафарии собиқадорони меҳнати шаҳри Конибодом ва панҷоҳ нафар наврасони он таҳти сарварии раиси ҳукумати шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасинзода ба ноҳияи мо аз ҳодисаҳои хурсандибахши соли равон мебошад.
Меҳмононро гурӯҳи азими мизбонон бо роҳбарии ҳокими ноҳия Расулҷон Ҷӯраев истиқбол гирифтанд. 
– Ин ташрифи шумо натиҷаи  сафари таърихии Президенти Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва дидору мулоқотҳои ӯ бо Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2018 ва ташрифи ҷавобии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи ҳамон сол мебошад. Аз он дам то ҳол чунин сафарҳои меҳмонони бароямон азизу қадрдон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд борҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Мо низ борҳо меҳмони диёри ҳамешабаҳору хуррами шумо будем, ки боиси сарфарозиҳост, – ба маросими пешвозгирии меҳмонон ҳусни ифтитоҳ бахшид Расулҷон Ҷӯраев.  
– Мо аз чунин пазироии самимии шумо хеле ба ваҷд омадем. Умедворам, ки минбаъд низ Конибодом ва Бешариқ дар самтҳои гуногун домани ҳамкориҳои худро  фарохтар месозанд, – гуфт Абдусалом Тӯхтасинзода. 
Маълум шуд, ки барои даъвати меҳмонони тоҷикистонӣ ба ноҳияи Бешариқ раиси шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Эркинҷон Нуралиев низ мусоидат намудааст. Гурӯҳи  собиқадорони меҳнат ва наврасони конибодомӣ дар фароғатгоҳҳои ноҳияи Бешариқ дувоздаҳ рӯз истироҳат ва саломатии худро барқарор хоҳанд кард.  
Барои наврасон дар фароғатгоҳи тобистонаи «Товул» ҷой омода шудааст. Дар ин фароғатгоҳ, ки «Фароғатгоҳи дӯстӣ» унвон гирифт, фарзандони ду ҷумҳурӣ дар фазои дӯстиву рафоқат истироҳат хоҳанд кард. Барои хушу хуррам гузаронидани ин муддат тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ногуфта намонад, ки дар нақша баргузории чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, роҳандозии бозиҳои шавқовар, мусобиқаҳои варзишӣ ва сайру саёҳат ба ҷойҳои тамошобобу таърихии вилояти Фарғона низ ҳаст. 
Собиқадорони меҳнати шаҳри Конибодом дар маркази саломатии «Кӯли тиллоӣ»-и фароғатгоҳи Рапқон истироҳат ва саломатиашонро барқарор мекунанд. Он ҷо низ сояву хуш обу ҳаво буда, табиаташ хурраму зебо мебошад.  
Наврасони тоҷик рӯзи аввали сафари худро аз тамошои ҷойҳои дидании шаҳри Қӯқанд оғоз намуданд. Ба онҳо тамошои Ӯрдаи Худоёрхон, ки аз ҷойҳои муҳими таърихиву меъмории Қӯқанд маҳсуб меёбад, хеле таассуроти амиқ боқӣ гузошт. Инчунин дар Театри драмаи мусиқии шаҳр намоишномаи «Дилшоди баҳодур»-ро бо шавқу рағбати том тамошо карданд. Боздид ва сафар ба ҷойҳои дидании вилоят идома дорад.

Отабек АЛИМАТОВ,
ноиби ҳокими ноҳияи Бешариқи 
вилояти Фарғона.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: