АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ – ОИНАИ МАЪНАВИЯТ

Дар доираи «Моҳонаи ҷавонон» дар ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро дар асоси лоиҳаи «Арзишҳои миллӣ» таҳти мавзӯи «Сеҳри кашидадӯзии миллӣ» чорабинии маънавию маърифатӣ баргузор шуд.

Дар давоми чорабиние, ки зери шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» баргузор шуд, як гурӯҳ аъзои ҷамъияти тарғиботии «Маърифат», фаъолони ноҳия ва ҷавонон дар хонадони истиқоматкунандаи маҳаллаи Боғиафзал, кашидадӯз Муҳаббат Қӯчқорова буданд.
Тарғиботчиён кашидадӯзии ҳунарманд ва шогирдони ӯро аз назар гузарониданд ва оиди ин намуди санъат маълумоти кофӣ пайдо карданд. Ин ҷо доир ба либоспӯшии миллӣ, занону духтарони имрӯз – давомдиҳандагони урфу одатҳои момоён сухан ба миён омад. 
Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани нуфузи арзишҳои миллӣ, дар қалби ҷавонон ҷой додани ин ҳиссиёт, тавассути либосҳои миллӣ тасаввур намудани симои занону духтаронамон мебошад.
Аксбардор: Т. ИСТАДОВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: