Дар шаҳри Ӯш ҳамоиши 1-уми ректорони донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мешавад

3-4 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи ба номи Б.Содиқови Қирғизистону Ӯзбекистон дар шаҳри Ӯш, Ҷумҳурии Қирғизистон, форуми I-уми байналмилалии ректорони мактабҳои олии Ӯзбекистону Қирғизистон дар мавзӯи «Интегратсия, ҳамкорӣ ва инноватсия дар системаи таҳсилоти олӣ» ташкил карда хоҳад шуд.

Ҳамоиш ба мавзӯъҳое, аз қабили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, табодули таҷриба, баррасии имконоти татбиқи лоиҳаҳои илмии муштарак, трансформатсияи таҳсилоти олии ду кишвар бахшида мешавад.

Дар чорабинӣ ҳудуди 70 ректори донишгоҳҳо ва намояндагони дигар созмонҳои бузурги таълимии ду кишвар ширкат хоҳанд кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: