Бонувони номдор
Мария мактабро бо баҳоҳои аъло тамом кард. Ҳама гумон доштанд ин духтари хушзеҳн дафъатан ба ягон муассисаи таълими олӣ ҳуҷҷат месупорад.
Вале ӯ: – Ба университет намеравам, кор мекунам, – гуфт аҳли хонадонро ба ҳайрат гузошта.
– Не, бояд хонӣ! – хитоб кард хоҳари калониаш Броня.
Саробони оила Бронислав сухани духтари калониашро қувват дод:
– Соҳиби маълумоти олӣ шуданат шарт, Мария. Ваъдаи ба Менделеев додаам дар хотират?
Бронислав дар гимназия кор мекард, аз кимё дарс медод. Намояндагони машҳури илм ташриф мефармуданд ба ин даргоҳ. Ба гимназия қадам ранҷа кардани Менделеев бошад воқеае буд фаромӯшнопазир. Мария дар лаборатория ба падараш кӯмак мерасонд. Дасту пои баҳунар ва ҳаракатҳои чолокаш диққати донишманди бузурги русро ба худ кашид.
– Ин духтар ба кимё машғул гардад, олимаи намоён мешавад.
Ҳозирон ба тааҷҷуб афтоданд: охир, ӯ танҳо ҳаракатҳои духтарро дид, ба духтари ҳамеша панҷхон, ки кимё ҷону дилаш буд, ягон савол надод. Оянда олима шуданашро чи тавр пешгӯӣ мекунад?
Бронислав мамнун лабханд намуд:
– Духтарҳоям – алав, инаш боз ҳам дигархелтар. Хушзеҳн, болаёқат. Мавзӯъҳоро пешакӣ тайёр карда, ба мактаб меояд. Устодонро лол мегузорад. Марияро албатта мехононем. Модараш Владислава низ дар ҳамин фикр.
Ана, Марияе, ки ба назари Менделеев афтода буд, мактабро тамом кард. Аммо чӣ мегӯяд? Ба хондан нарафта, кор карданист?
– Мехонам, лекин баъдтар, – фаҳмонд Мария.
– Баъдтар?
– Маро Броня мехононад, – бо табассум ба апааш нигарист вай.
– Нафаҳмидам... – Броня ҳайрон.
– Аввал ман туро мехононам, баъд ту маро. Розӣ ҳастӣ?
Чӣ фикр доштани духтари оқилонаашро зуд пай бурда, Бронислав аз китфи Мария оғӯш кард:
– Духтарҷон, ҳоло ман зинда. Чӣ кор карда истодаам ман?
– Дуоҳоятон кифоя, – гуфт Мария. – Бе ин ҳам бисёр азоб мекашед моро гуфта. Илтимос, моро ба ҳоламон гузоред. Хонданамонро худамон ӯҳда мекунем.
Чунин гуфт ва ба Броня нигарист:
– Ӯҳда мекунем, а?
Бронслав чӣ қадар орзу дошт духтаронаш соҳиби маълумоти олӣ шаванд. Аммо барои хонондан пул даркор. Саробони оила дар гимназия муаллими оддӣ. Дар хонадон панҷ фарзанд. Таъмини рӯзгор осон нест. Хонондани фарзандҳо бошад...
Ҳаминро фикр карда, Мария ва Броня нақша кашиданд. Мувофиқи он Мария дар давоми панҷ сол мураббия шуда кор кард ва ба апааш, ки ба Донишкадаи тиббии Париж дохил шуда буд, пул фиристода истод.
Броня соҳиби маълумоти олии тиббӣ гардид.
Баъде ӯ касалхонаи хусусӣ кушод, Мария:
– Акнун аз паи таҳсил шавам мешавад, – гӯён ба Париж роҳ пеш гирифт.
Мария дар синни 24-солагӣ ба факултаи фанҳои табиии Донишгоҳи Париж дохил гашт.
Корҳои Броня, ки чун шифокор ба фаъолият пардохт, пеш рафт. Вай хоҳарашро аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин карда истод.
Соли 1893 Мария Склодовская дараҷаи магистрии Университети Сорбоннаро аз рӯи фанни физика, баъди як сол аз рӯи фанни математика молик гашт. Ду унвони баланди илмӣ дар тӯли ду сол!
Ба ақлу заковат ва иқтидори духтар ҳама қоил. Ҳама бовар доранд истеъдоди фавқулоддаи вай ба оянда кашфиётҳои тоза дар илм карданаш қодир.
Аммо ин вақт ӯ аллакай духтари хурд не, бисту ҳафтсола буд. Фурсате кайҳо расида, ки дар бораи ҳаёти мустақилонаи оилавӣ фикр кунад.
Мария: – Ҳамааш хуб мешавад, – гуфт ба падараш, ки аз ин хусус ташвиш мекашид.
– Кор гурехта намеравад, аммо ҷавонӣ ва муҳаббат, ки зиннати он аст, мунтазир шуда намеистад!
– Мешавад, гуфтам-ку?
– Аммо ҳар чиз дар вақташ шавад, беҳтар, духтарам.
– Мешавад!
«Мешавад»-гӯии Мария беҳуда набуд. Ӯву ҷавоне аҳду паймон баста буданд. Ҷавон – мудири лабораторияи мактаби саноати химия ва физикаи назди мунисипиал Пер Кюри.
Дар ҳаёти Мария давраи нав оғоз ёфт. Пер низ фидоии илм. Кор вазнин, аммо мароқнок буд. Олимони ҷавон бобати кашф кардани асрори магнетизм то нисфишабӣ дар лаборатория монда мерафтанд. Марияро дар бевақтӣ танҳо гуселонда намешавад. Пер ӯро то дами дарвозааш мебурд ва:
– Ба хонаат марҳамат, – мегуфт бо табассум, – хобҳои нағз бинед.
– Ба хобам шумо надароед бас, – шӯхӣ мекард Мария. Ва аз дил мегузаронд:
«Канӣ, акнун ба хобам дароӣ, Пер. Чӣ дар хоб ва чӣ дар бедорӣ ҳамеша туро бинам!»
Дар яке аз рӯзҳои баҳор ба сайр баромаданд.
– Дар навдаҳо нишонаи ҳаёт, – гуфт Пер.
– Ҳа, – тасдиқ намуд Мария. – Табиат аз нав зинда мешавад.
– Фасле фаро расида, ки эҳсосот низ бедор мегардад, Мари!
– Ин баҳор, айни замон, баҳори орзуҳои мо, Пер!
Соли 1895 тӯйи арӯсиашон барпо гашт.
Паи ҳам ду духтар ёфтанд ва ба онҳо Ирен ва Ева ном гузоштанд.
Хонаашон – корхона. Корхона бошад, барояшон манзили дуюм. Тадқиқотҳое, ки ҳар ду дар бораи уран бурданд, самар бахшид.
Зану шавҳар элементи навро кашф карда, ба шарафи ватани Мария ба онҳо «радий» ва «полоний» ном ниҳоданд.
Соли 1903 барои саҳми калонашон дар илм ва ихтироъашон дар физика зан ва шавҳар Кюриҳо ба мукофоти Нобел сазовор дониста шуданд.
Баъди ду-се сол Мария профессори Университети Сорбонна гардид. Аввалин профессорзан дар яке аз донишгоҳҳои машҳури Аврупо!
Вай дар химия низ кашфиётҳои бузург намуд ва бори дуюм ба мукофоти Нобел соҳиб гашт. Аммо ин дафъа рафиқи ҳаётиаш ба хурсандии ӯ шарик шуда натавонист. – Пер соли 1906 дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуд.
Пер ва Мария дувоздаҳ сол ҳамроҳ зиндагӣ карданд халос. Вале барои ҳамин дувоздаҳ соли саодатнишон Мария то охири умр аз тақдир миннатдор шуда зиндагӣ кард.
Вай лаҳзаҳои сурурбахши бо шавҳар гузарондаашро ин тавр ба хотир меовард:
«Ман завҷаи Пер шуда, аз орзу кардаам ҳам хубтар зиндагӣ кардам».
Ш. МУҲАММАД.