ГИРОМИДОШТИ ОМӮЗГОРОН

Ба қарибӣ бо ташаббус ва иштироки Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон бо омӯзгорон ва хонандагони мактаби миёнаи рақами 63-юми деҳаи Чодаки ноҳияи Поп суҳбати мизи мудаввар бургузор гардид.

Дар он омӯзгорони собиқадор, муаллимони ҷавон ва хонандагон иштирок намуданд. Устодони ботаҷриба ба ҷавонон оиди мутолиаи китоб, истифодаи дуруст  аз саҳифаҳои иҷтимоӣ, интихоби касб маслиҳатҳои муфид доданд. Онҳо таъкид намуданд, ки таҳти сарпарастии роҳбари давлат дар мамлакатамон сулҳу салоҳ, осудагӣ ва фаровонӣ ҳукмрон аст ва мо бояд ба қадри ин неъматҳо расем. 
– Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва санъати зиёда аз 100 миллат торафт зиёд мегардад, – мегӯяд омӯзгор Йӯлдошалӣ Ҳакимов. – Албатта, дар замири ин саъю ҳаракат меҳнати чандинсолаи халқҳо меистад, ки баҳри ҳаёти фаровону дурахшони ояндаи худ мубориза бурдаанд. Навгониву дигаргуниҳои Чодаки имрӯза ба пиру ҷавони деҳа ғайрату шуҷоат мебахшад. Дар тӯли чил соли фаъолияти педагогиам чунин шароит ва эҳтиромро ҳис накарда будам. Имкониятҳои барои омӯзгорон фароҳамовардашударо дида, дар нафақа бошам ҳам, аз мактаб, аз хонандагон дил канда наметавонам. Ба муаллимони ҷавон оиди таҷрибаи кориам, асрори омӯзгорӣ маслиҳатҳо медиҳам. 
Муаллимони собиқадор ва фаъол бо ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравии Маркази милливу мадании тоҷикони вилоят тақдир шуданд. Ба хонандагони аълохон китобҳои бадеӣ ва ба дӯстдорони варзиш анҷомҳои варзишӣ туҳфа намуданд.

Ш. ДАМИНОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: