ХУДСИТОӢ ХОСИ ҶАВОНМАРДОН НЕСТ

Аз рӯи таомул боре ба меҳмоние даъват шуда будем.

 Дар атрофи дасторхон ду-се нафари ба мо ношинос низ ҳузур доштанд. Аз аҳли нишаст як ҷавони ситорагарм ба шахси тақрибан 55-60 сола, ки миёнақаду фарбеҳ ва зарднамо буд, «Акаи Ҳоҷӣ» гӯён муроҷиат мекард. 
Ба худ меандешидам, ки дар ин нишаст аз суҳбати дилчасп, нақли мароқангез ва ривояти ибратбахш баҳра бардошта, лаззат хоҳем бурд. 
Баногоҳ, ғайричашмдошт «Акаи ҳоҷӣ» бетакаллуфона ба худситоӣ шурӯъ намуд. На ба одоби муошират ва на ба таъбири «осиё ба навбат» амал мекард ӯ. Мегуфт, ки ду сол пеш фалон километр роҳи маҳалларо мумфарш гардонда, порсол ба сохтмони масҷид бисмадон маблағро эҳсон карда будам ва амсоли инҳо. Эҳтимол, чунин гуфтору рафтор нишонаи манманӣ ва ё бемаърифатӣ бошад. Ҳол он ки дар ин маврид дар урфият чунин овардаанд, ки ҳақ асту рост: «Эҳсоне, ки дасти ростат медиҳад, дасти чапат пай набарад».
Ба ростӣ, ба назар чунин мерасад, ки баъзеҳо бо иззатталабӣ ва худбиниҳои маккоронаашон тавре ба мушоҳида мерасанд, ки дар амалҳои хайрашон ҳадафҳои ноҷавонмардона нуҳуфтааст. Яъне, мақсадашон он аст, ки эшонро беҳтар «бишиносанд», ҳамду санояш хонанд ва ё тавассути зоҳирпарастӣ ва сохтакориҳо соҳиби молу мансабе гарданд. Худхоҳони ноӯҳдабаро бошанд, обро лой намуда моҳӣ доштан мехоҳанд. Бар замми ин кору амали дигаронро беибо ба худ нисбат доданӣ мешаванд. 
Ин ҷо рӯ меорем ба суханони файласуфонаи Шайх Саъдӣ, ки хеле моҳирона гуфта шудааст ва аминам ин як навъ посухест ба чунин тоифа:
Мушк он аст, ки худ 
бибӯяд, 
На он ки аттор бигӯяд. 

Ниёзмурод МУРОДОВ, 
омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: