Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба шаҳри Тирмиз бо мақсади сафари корӣ ҳузур пайдо кард.
Зимни сафар бо раёсати Донишгоҳи давлатии Тирмиз мулоқот анҷом дода, доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши илм, таълим ва фарҳанг изҳори назар намуд.
Дар ҷараёни сафар сафир бо фаъолияти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз ошно гардид. Дар аввалин дидору мулоқоте, ки бо муовини ректор оид ба корҳои таълим Расул Тӯраев дошт, вазъи густариши равобити иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо камоли қаноатмандӣ зикр гардид.
Дар раванди мулоқот бо донишҷӯёни кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ масъалаҳои мубрами адабиву фарҳангӣ, дурнамои ҳамкориҳо ва алоқаҳои адабӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки аз ҳар ҷиҳат ҷолибу судманд буд. Дар қисмати хотимавии мулоқот як даста китоб аз ҷониби сафир ба китобхонаи донишгоҳ ва инчунин ба меҳмони олиқадр низ дастоварди аъзоёни кафедра ва Маркази миллии тоҷикони вилояти Сурхондарё супорида шуд.
Дар фароварди мулоқот донишҷӯёни бахши сеюми кафедраи мазкур бо таронаҳои зебо табъи ҳозиронро шод карданд.
Илҳом ЭШОНҚУЛОВ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз.