ДАР БОРАИ ОМОДАГӢ БА ҶАШНВОРАИ II БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНЪАТИ БАХШӢ ВА ТАДБИРҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ РУШДИ САНЪАТИ БАХШӢ

Бо мақсади дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ васеъ тарғиб кардани санъати бахшигӣ, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ баргузор намудани Фестивали байналмилалии санъати бахшигӣ, дар асоси анъанаҳои «устоз-шогирд» аз нав эҳё намудан ва рушди мактабҳои эҷодӣ, ки аз услубҳои ба худ хоси иҷрои дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд, Сурхондарё ва Хоразм мавҷудбуда асос ёфтаанд:

1. Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар бораи дар соли 2021 дар шаҳри Нуқус ташкил ва баргузор намудани Ҷашнвораи II байналмилалии санъати бахшигӣ ( минбаъд — Ҷашнвора) розигӣ дода шавад.
2. Кумитаи ташкилӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Ҷашнвораи байналмилалии санъати бахшигӣ, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 ноябри соли 2018 № ҚП-3990 тасдиқ шудааст (А.Н. Арипов):
а) барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бадеӣ гузаронидани Ҷашнвора дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон чораҳои зарурӣ андешад;
б) дар мувофиқа бо Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
оид ба зина ба зина дар оянда баргузор намудани Ҷашнвораи байналмилалии санъати бахшигӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ чораҳо андешад;
бо назардошти вазъи санитарию эпидемиологӣ санаи баргузории Ҷашнвораи байналмилалии санъати бахшигиро соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда муайян намояд.
3. Мувофиқи замима ба баъзе қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.
 
Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
 
Шаҳри ТОШКАНД,
10 апрели соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: