Бе муболиға метавон гуфт, ки соли 2023 – соли пур аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ буд.
Қабули Конститутсияи навтаҳрири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар раъйпурсии умумихалқии 30-юми апрели соли равон ба таҳкими асосҳои конститутсионии бунёди Ӯзбекистони Нав хидмат кард.
Интихоботи президентӣ, ки тибқи Конститутсия дар таҳрири нав гузашт, бори дигар баркамолии сиёсии ҷамъиятамон, аз ҷониби халқамон пурра дастгирӣ шудани ислоҳотро, ки дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав ба амал бароварда мешавад, нишон дод.
Ҳамзамон, шароити навшудаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки самтҳои асосии рушди кишварро такмил дода, ислоҳоти васеъмиқёси ҷараёндошта ба зинаи нав бардошта шавад.
Ба амал баровардани хоҳишу иродаи халқамон оид ба бунёди Ӯзбекистони Нави озоду обод ва тавоно, фароҳам овардани тамоми имкониятҳо барои инкишоф додани салоҳияти ҳар як шаҳрванд, тарбияи насли солиму баркамол, ташаккули иқтисодиёти пуриқтидор, ки қисми муҳими рушди истеҳсолоти ҷаҳонӣ гардидааст, ба воситаи барномаҳои давлатии вобаста ба номи соли иҷтимоӣ амалӣ мегардад.
Зимнан, «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» эълон гардидани соли ҷорӣ ба татбиқи як қатор вазифаҳои стратегӣ хидмат мекунад.
Аз ҷумла, дар моддаи 67-уми Конститутсия дар таҳрири нав муайян шудааст, ки давлат бояд фазои қулайи сармоягузорӣ ва соҳибкориро таъмин намояд, соҳибкорон ҳуқуқ доранд тибқи қонун ҳар гуна фаъолиятро пеш баранд ва самтҳои фаъолияти худро мустақилона интихоб намоянд, Дар ҳудуди Ӯзбекистон ягонагии фазои иқтисодӣ мавҷуд буда, маҳсулот, хидматрасонӣ, захираҳои меҳнатӣ, маблағҳои молиявӣ кафолат дода шудааст, фаъолияти инҳисорӣ бо қонун танзим ва маҳдуд карда мешавад ва ин меъёрҳои конститутсионӣ барои дастгирии минбаъдаи тиҷорат дар мамлакатамон ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ хидмат мекунад.
Инчунин, фармони Президент аз 11 сентябри соли 2023 «Дар бораи «Стратегияи Ӯзбекистон – 2030», дар ҳадафи 47-ум «Самаранок истифода бурдани базаи ашёи хоми маҳаллӣ ва рушди саноат дар асоси технологияҳои пешрафта» – ҷорӣ намудани низоми ипотекаи саноатӣ, ки механизмҳои додани бино дар шакли «тиҷорати тайёр» ба соҳибкорон, инчунин ҳадафи 56-ум таҳти унвони «Ба тамоюлҳои бозаргонӣ пайвастани соҳаҳои монополӣ, зиёд кардани ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёт, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти озоди соҳибкорон» – тавсеаи имкониятҳои воридшавии тиҷорати хурду миёна ва бозорҳои байналхалқӣ, рушди маблағгузории хурд, дастгирии инноватсия ва стартапҳо ва вазифаҳои татбиқи воситаҳои рушди ҳамкорӣ бо тиҷорати калон ҳамчун нишондиҳандаҳои амалии мақсадҳо то соли 2030 муайян карда шудаанд.
Табиист, ки соли 2024 «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» барои ба амал баровардани ин вазифаҳо пойдевор мешавад.
Зафар ХУДОЙБЕРДИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.