Олимон: Омикрон нисбат ба делта 70 баробар зудтар сироят мекунад

Тадқиқот нишон дод, ки штамми омикрон дар шохаҳои роҳи нафас нисбат ба делта 70 баробар зудтар афзоиш меёбад

Тадқиқот нишон дод, ки штамми омикрон дар шохаҳои роҳи нафас нисбат ба делта 70 баробар зудтар афзоиш меёбад

Штамми омикрон дар шохаҳои роҳи нафаси инсон нисбат ба делта ва вируси аввалии SARS-CoV-2 70 бор зудтар сироят мекунад ва афзоиш меёбад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба тадқиқоти олимони Мактаби тиббии Донишгоҳи Ҳонгконг.

Штамми нави SARS-CoV-2 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи 20 -уми ноябр кашф шуд.

Дар он даҳҳо тағйир дар сафедаи S мавҷуд аст, ки вазифаи сироятро анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав аз интиқоли сареи ин вариант ва муқовимат ба антителаҳои муҳофизатӣ шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои дақиқ дар ин замина ҳанӯз барвақт аст.

Эҳтимол меравад, ки ин штамм аввал дар бадани шахси дорои масъунияти заиф, масалан, мубталои ВНМО инкишоф ёфтааст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт B.1.1.529-ро ҳамчун "штамми ташвишовар" эълон кард ва ба он номи ҳарфи 15 -уми алифбои юнонӣ - "омикрон" ном гузошт.

Коршиносон бар ин назаранд, афроде, ки аллакай бемориро аз сар гузаронидаанд ва ё ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он мубтало шаванд ва нишонаҳои он аз хастагии беҳад то дарди сару бадан гуфта мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: