Солҳои донишҷӯйиамон шеърдӯстон зиёд буданд. Хусусан, ба падидаҳои қаламии шоирони ҷавон дилбастагиамон бештар ҳис мегашт.
Нахустмаҷмӯаҳои Зулфия Атоуллоева (Атоӣ), Камол Насрулло ва Раҳмат Нарзӣ («Ҷиҳоз», «Навгонӣ» ва «Барги сабз») аз даст ба даст мегузашт. Ҳофиза қавӣ буд, бо ду-се бор чашм давондан шеъре, ки мисле аз дили мо гуфта шуда, азёд мегашт. Баъди хатми донишкада (1980, ИДПЛ ба номи Киров) ҳам ин ҳолат муддате давом кард. Ҳанӯз бори рӯзгору ташвишҳои зиндагӣ, ки ба дӯшамон наафтода, ҷавонии мо ҳамон дар олами сеҳромези шеърият гаштугузор дошт. Пайдо шудани номҳои нав аз борварии дарахти азамати адабиёти тоҷик дарак медод. Қатори чанд нафар, ки пайи қаламашон тоза аст, Низом Қосим дар пайроҳаи эҷод ҷасурона қадам мезад ва пеш мерафт. Садо ва сабки ба худ хос дошт.
Рӯйи чоп дидани аввалин маҷмӯа нафақат дар ҳаёти шоир (ё нависанда)-и ҷавон, балки барои онҳое ҳам, ки ба навиштаҳои ӯ бефарқ нестанд, воқеаест сурурбахш. «Рӯйи дунё шудан»-и «Сари сабз»-у «Пайванд»-и устодон Лоиқу Бозор ва «Бунафша»-и Гулрухсор (дар охири солҳои шасту аввали ҳафтод) дар ҳаёти дӯстдорони ҷавони шеърият мисле ҳодиса буд ва чӣ тавр гарм истиқбол шудани ин маҷмӯаҳоро насли калонсол, фикр мекунам, ҳанӯз фаромӯш накардааст. Аввалин дафтари шеърҳои Низом Қосим бо унвони «Хӯшаи шеър» («Ирфон», 1984), айни замон, ба назари ҷавонони он давр «хирмани шеър» аз «ҳосили нав»-ро мемонд. Маҷмӯаро чӣ тавр бо шавқ варақ мезадем, ҳамон дар хотирам.
Ғолибан, дар солҳои ҳаштодум ҳар шеъру суруда бо имзои Низом Қосим, ки дар «Маориф ва маданият», «Садои Шарқ», «Комсомоли Тоҷикистон» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ рӯйи чоп дид, ба чашми банда азиз метофт, ба дил менишаст, дар хотир мемонд (ҳамон вақтҳо дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и имрӯза) аз ин хусус чизе навишта будам). Шоир дар мавзӯъҳои сиёсиву байналхалқӣ низ ҷасурона шеърҳои дархӯрди замон эҷод мекард.
Он як артисти беҳунар
имрӯз,
Бозӣ дорад ба саҳнаи
олам...
Яке аз зимомдорони аср, ки дар асл актёр буд, мисле дар саҳнаи олам ба тақдири одам бозӣ мекард, ки боиси нигаронӣ мегашт. Шеъри Низом Қосим инъикосгари вазъи ноором дар ҳамон солҳо буд.
Дар солҳои бозсозии горбачёвӣ сухани шоир базарбтар шуд. Замон имкон намедод навсозиҳо осон кӯчанд. Навишта буд:
Коркарди замин бувад
осон,
Коркарди замона
душвор аст.
Дар «Садои Шарқ» қатори чанд шеър бо унвони «Либосовезак» шеъре чоп шуда буд. Вақте устод Низом Қосим чанде пештар меҳмони Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон шуд, курткаашро ба гардероб фуровардам. Вақти овехтани он ҳамон «Либосовезак» ба ёдам расид.
Фикр мекунам «Либосовезак» яке аз беҳтарин шеърҳои иҷтимоӣ буд дар нимаи дувуми солҳои ҳаштод. Шеър дар бораи либосовезаки муқаррарӣ нест... Либосовезак «одам» аст. Одамест, ки тана дораду халос. Дил нест, ҳис нест, тамиз нест. Либос ба бар дораду бас. Либосовезак аст!
Бозёфти шоирона. Ин қабил образҳои тару тоза ва ишороти обнарасида, навгӯиву навпардозиҳо дар офаридаҳои Низомиддин Қосим ҳануз фаровон.
Шеъри «Пора» («Адабиёт ва санъат») шӯре афканда буд байни хосу ом. Он айём аксарият рӯзномахон буданд. Матолиби ҷолиб дар доираи васеъ муҳокима мешуданд. Порагириву ришватситонӣ дар авҷ бошад ҳам, на ҳар кас ҷуръат дошт оиди ин иллати решадавондаи ҷамъиятӣ рӯйирост сухан ронад. Низом Қосим бо ҷасорат ниқоб аз рӯйи тамаъкорон, ки аксар вазифаю унвонҳои баланд доштанд, бардошт. Ҳатто устодони донишгоҳро, ки барои нафс «илмҳоро пора-пора кардаанд», рӯйихотир нанамуд.
Дар баробари «Пора» боз чанд сарводаву сурудаи давраи аввали эҷодиёти Низом Қосим дар мавзӯъҳои гуногун, ки муассиру шӯрангезанд, агарчи аз байн солҳои зиёд гузашт, ҳанӯз дар хотири мо.
Қисмати зиёди шеърҳое, ки дар маҷмӯаҳои «Хуни ситора» (1988) ва «Паровар»(1990) фароҳаманд, низ бори пурмасъулияти иҷтимоъ мекашанд. Самимӣ ва равон, ки ҳастанд, ба дил ва шуури хонанда осон роҳ меёбанд.
Чакидаҳои қалби шоир дар сурати шеър баъдтар дар «Барги саломи сабз», «Тафсири панҷ оҳ», «Кӯҳи садо», «Чорсӯ», «Аз ассалом то вассалом», «Хомасӯзан», «Биё, дилро ба барги гул бипечонем...», «Насими сабзи меҳр», «Оташи тасвир» барин кутуб аз тариқи нашриёти гуногун рӯйи дунё шуданд. Ба кӯдакону наврасон низ вай чанд маҷмӯа армуғон сохт. Хусусан «Маҳвора дар гаҳвора» аз ҷониби хонандагони синни хурди мактабӣ хуб пазироӣ гашт.
Қалами драматургии Низом Қосим низ сабзу барӯманд. Асосан асарҳои саҳнавии манзум менависад. Дар саъй аст ба гузаштаи пуршаъни мо равшанӣ андозад – гирди мавзӯъҳои таърихӣ бо тамкин ва мулоҳизоти хос андеша ронад. Дар қалбҳо эҳсоси ватанпарастӣ ва ифтихор аз аҷдод бедор созад.«Тилгиром», «Амир ва асир», «Борони ашк» («Куруш ва Куруз»), «Ганҷи дил»-ро, бад-ин маънӣ, метавон беҳтарин намоишномаҳои рӯз номид. Бо таърихӣ будан замонавианд ин осор, рӯҳи ин даврро низ то андозае ифода мекунанд, рӯйдоду заминаҳои реалӣ тавъаманд.
Драмаи «Борони ашк» (қаҳрамонҳояш Куруш ва Куруз) бо наср навишта шуда ва навъе театршинос Муҳаммадуллоҳ Табарӣ қайд менамояд, ин асар, хаёле, назари файласуфона ба воқеаҳои замони мост.
Ду опера ва як опереттаи аз рӯйи либреттоҳои Низом Қосим «Рустам ва Суҳроб», «Борбад», «Кони пурганҷ» таҳияёфта дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Душанбе) бомуваффақият намоиш дода шуданд. Ба «Рустам ва Суҳроб» Талаб Саттор, ба «Кони пурганҷ» Шуҳрат Ашӯров ва ба «Борбад» Арбоби санъати Ӯзбекистон Мустафо Бафоев оҳанг бастаанд.
Шеъри Низом Қосим «Наҷоти Арал» дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ба қалб ва умеду армонҳои миллионҳо сокинони Ӯзбекистон низ, ки тақдири Арал дар навбати аввал онҳоро ба ташвиш мегузорад, ҳамоҳангу ҳамсадост.
Низом Қосим чун мутарҷим низ ба адабиёт хидмати сазовор мекунад. Як қатор асарҳои дар шакл ва навъ гуногуни адибони шинохтаи дунё, аз қабили Габриела Мистрал, Юстинас Марсинкявичус, Чингиз Айтматов, Ли Чжаосин, Александр Вампилов, Олҷас Сулаймонов, Габриэл Гарсиа Маркес ва дигарон, айни замон драмаҳои манзуми Софокл, Готси, Шекспир ва Брехтро ба тоҷикӣ баргардондааст. Намунаҳо аз ашъори диловези ӯ, дар навбати худ, ба чандин забони дунё, аз ҷумла ба ӯзбекӣ тарҷумаву нашр шудаанд.
Ҷуз ин Низом Қосим чун муаллифи матни сурудҳои дилнишин маълуму машҳур буда, таронаҳояш аз тариқи радиову телевизион, инчунин дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ садо медиҳанд. Китоби ӯ «Умри азизи банда саропо суруд шуд» (2023) аз ашъори таронабобе фароҳам омада, ки бо мутолиаи онҳо дар ҳастии мо ҳисси наҷибе ба таҳрик меояд.
Меҳру Моҳи ту чароғи хонаанд,
Ҷӯю рӯди ту пур аз дурдонаанд... –
мегӯяд «ман»-и шоир ба ватани маҳбуб. Дар ҳар банду порчаи шеърии даҳҳо қаламии Низом Қосим чӣ тавр бо самимияти хос ифода ёфтани изҳори меҳри ӯ ба Тоҷикистонро осон дарк кардан мумкин. Боз ҳис мекунем оҳанги ватандӯстона дар сурудаҳои вақтҳои охири ӯ нирӯманд ва жарфтар шудааст.
Вақте Ватанро тараннум месозад, тавре ба назар мерасад афкори шоиронаи Низом Қосим либоси тасвирҳои боз ҳам дилнишинтар ба бар карда. Таронасарои ватан, айни дам, сароянда ва ифшогари дарду ормонҳои миллист. Сурудаҳои «Насли созанда», «Ватани хештанам», «Пайванд», «Нури андар нигаҳ», «Мулки Файзобод», «Давлати поянда» ва ғайраҳо ба ин гувоҳ, ки ҳар кадом мондагор ва нишонрас. Дар сарводаҳои «Дилпайванд», «Ман донаму дилам», «Офтоби дил», «Оина», «Симобвор», «Туро хушбахт мехоҳам», «Ёри дигар нест», ки дар мавзӯъҳои гуногунанд, ифодаи мазмуну маънӣ бар образҳое асос меёбанд, ки самимӣ ва ҳиссиётписанданд.
Маҷмӯи афкори амиқ, тасвирҳои нодиру эҳсосоти баланд ва таъбиру ифодаҳои бикру тоза гуфтан мумкин ин қабил офаридаҳои Низом Қосимро. Ҳиссу андеша ба ҳам пайванд. Ва ин пайванд – ногусастанӣ.
Иштироки фаъолонаи шоири амиқназар дар муҳокимаи масъалаҳои муҳимми ҳаёту адабиёт, афкору андешаи муҳаббатомезаш ба осор ва рӯзгори устодони назми форсӣ низ қобили таваҷҷуҳ. «Шеър дар дил, шеър дар ҳалқ, шоири халқ» ном ниҳодааст ба яке аз мақолаҳояш дар бораи Бозор Собир.
Ҳиҷрати Бозор Собир ба хориҷ қалби ҳар тоҷикро фишурд. Ин изтироб дар «Ҳиҷрати Бозор Собир»-и Низом Қосим то дараҷае ифода гашт. «Ӯ дар ватани худ нагунҷид? Чаро нагунҷид?»
Ба саволи худ ин тавр ҷавоб медиҳад Низом Қосим:
Ӯ нагунҷид дигар дар ватани
кӯчаки хеш,
Ки бузург аст...
Ба хотираи Бозор Собир вай ғазали муассири дигаре дорад бо унвони «Рафтасту меояд». Худ ва хонандаи худро таскин медиҳад, агар рафтааст, меояд:
Равони роҳи маънӣ бар сафар
рафтасту меояд,
Ба дилҳо монда, аз пеши назар
рафтасту меояд.
Ҳамеша дилгазон аз куҳнагӯӣ,
куҳнакориҳо,
Раҳи нав ҷуста, бо роҳи дигар
рафтасту меояд.
Чу илҳоми дилоро омаду рафт эй
басо, акнун
Ба дӯшаш бори осору асар рафтасту
меояд.
Тасалло дода худро, ҳар дилу ҳар
чашми тар гӯяд:
Ба кашфи Амрикои шеъри
тар рафтасту меояд.
Ҳар байт дилангез, хусусан «Ба кашфи Амрикои шеъри тар» басо хотирмон. Мисле кашфи маънӣ ё образи нав.
Низом Қосим дар баробари ваҳдат дӯстӣ ва бародариро дар пардаҳои баланд суруда ва дар Ӯзбекистон низ чун мунодии ҳамдилӣ ва рафоқат шинохта шудааст. Зимни баромадаш дар чорабинӣ бахшида ба 80-солагии Абдулло Орифов вай изҳор кард «шоири ҳақиқӣ ҳамешагӣ ҷорчии дӯстист». Н. Қосим хусусан ба шеъри «Ӯзбеку тоҷик»-и ин шоир баҳои баланд дод ва таъкид намуд Абдулло Орифов борҳо ба Тоҷикистон рафта, меҳри гарми тоҷикон дарк сохта ва он эҳсосро тараннум намуда буд. Шоир ҳақ аст – ӯзбеку тоҷик ҳар доим чун ду сатри як ғазал ба ҳам наздик буд ва ҳаст, ҳамдигарро пурра мекунад, такмил медиҳад, ба якдигар ифтихор менамояд, – гуфт Низом Қосим дар идомаи сухан.
Бахшида ба дӯстии тоҷику ӯзбек Низом Қосим «Таронаи ҳамҷаворӣ» иншо намуд, ки чунин бандҳо дорад:
Бувад лафз дигар,
Вале аз дили мо,
Ду лафз аст фаҳмо
Ба ҳар манзили мо.
Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,
Бародарсифат дӯст ҳастем мо.
Замин як, само як,
Макон як, саро як.
Як имон, Худо як,
Сухан як, нидо як:
Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,
Бародарсифат дӯст ҳастем мо.
Дар ин мавзӯъ чизи нав гуфтан душвор. Вале эҷодкоре, ки раҳнамояш ҳунару суханварист, ҳарфи нав пайдо карда ва ба чашму дили хонанда аз рӯшаниҳои латифу афифи афкору пиндораш нури тоза бахшида метавонад. Ба Низом Қосим чунин шудааст.
Бузургшоирони тоҷик дар гузаштаи дуру наздики таърихӣ марзи Тоҷикистону кишварҳои форсигӯйро убур сохта, фарохтар доман густурда бошанд, дар даврони мо дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоири мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораҳои Иттиҳод» Низом Қосим бо шеъри баландғояву баландпоя онҳоро такрор мекунад. Хусусан, дар Ӯзбекистон равшантар ҳис шудани маҳбубияти ӯ, сазовор шуданаш ба мукофоти баланди Ӯзбекистон – ордени «Меҳнат шуҳрати» ба мо ифтихор мебахшад.
Муҳаммад ШОДӢ,
узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.
Шаҳри ТОШКАНД.