ОРОМГОҲИ СОМОНИЁН

Яке аз дурдонаҳои санъати меъмории тоҷикон – оромгоҳи Сомониён маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст.

Яке аз дурдонаҳои санъати меъмории тоҷикон – оромгоҳи Сомониён маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст. Ин бинои хуштарҳу басо зебо, ки анъанаҳои меъмории тоисломии аҷдодро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849-907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмади Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст. Исмоил замини атрофи оромгоҳро харида ба мазори падар вақф кард. Дар дохили оромгоҳ ҳамчунин худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд. Дар назди он қабристоне ба вуҷуд омад, ки Наршахӣ онро ба номи “қабристони Навканда” ёдрас кардааст. 
Дар асари Сайфиддинхоҷа “Осор-ул-вузаро” оиди амирони Сомонӣ чунин ду байт оварда шудааст:
“Нӯҳ тан буданд зи Оли 
Сомон мазкур,
Гашта ба иморати Хуросон 
машҳур.
Исмоилу Аҳмаду (савум) 
Наср,
Ду Нуҳу ду Абдулмалику 
ду Мансур”
Дар ин байтҳо 9 амири Сомонӣ номбар шудааст. Муаллиф, бо кадом як сабаби ҳоло ба мо номаълум, ҳукмронии як тан – Насрро ба инобат гирифта, Насри II ( ё худ Насри I)-ро аз “рӯйхат” берун гузоштааст. Вагарна миқдори амирони Сомонӣ ба 10 тан мебояд расид.
Дар асари мазкур омадааст, ки Сомониён “саду ду солу ним бист рӯз” ҳукм рондаанд.
То нимаи асри IX дини ислом сохтани биноро дар болои турбати бандаи мусулмон манъ мекард. Баъди бекор кардани он сохтани оромгоҳҳо оғоз ёфт.
Оромгоҳи Сомониён яке аз аввалин биноест, ки бо ин мақсад замони ислом дар Осиёи Миёна бунёд кардаанд.
Пеш аз тасаллути ислом дар диёри мо бахшида ба якчанд ҷирми само чун Офтоб, Моҳ ва ғайра маъбадҳо вуҷуд доштанд. Муҳаққиқони оромгоҳи Сомониён бо далелҳои эътимоднок исбот карданд, ки он зимни тимсоли “Маъбади Офтоб” сохта шудааст. Ӯ чоркунҷа, аз хишти пухтаи бардошт (вусъати таҳкурсии мақбара 10,67 м бар 10,83 м, баландии девораш 10 м, ғафсии девор 1, 8м,) бино ёфта, умуман шаклаш мураккаб аст, дар боло як гумбази калон ва дар чор гӯшаи он чор гумбазча, аз чор тараф даромад ва ҳар даромад тоқе дорад, ки пояҳои он ба сутунҳои сечаҳорякӣ устувор аст ва дарунтар аз тоқи берун боз як тоқе ҳаст, ки гӯё бо тоқи берунӣ пайваста мебошад. Дар чор гӯшаи бино чор сутуни манорашакле ҳаст, ки айвончаи ороишии гирдогирди бомро гӯё бардошта меистад. Деворҳои бино аз дарун бо гумбаз ба чор шарафае пайваста мешаванд, ки ниҳоят зебо кандакорӣ шудаанд ва ду тарафи ҳар як шарафа ба сақф часпида девораҳои дарунии он айвончаи ороишии гирдогирди бомро ташкил медиҳад, ки аз берун менамояд. Хулоса, иморат ба мақбараи намуди мутамарказӣ (сентрикӣ) тааллуқ дошта, композитсияи намоҳои онҳоро одатан аз ҳама тараф якхела аст.
Солҳои 1937-39 оромгоҳ пурра тармим шуд, ки дар ин кори хайр хизмати меъмор Б.Н. Засипкин ва сокини шаҳри Бухоро усто ва меъмори гулдаст Ш.Муродов бузург аст.
Ба наздикӣ мо бо ҳамроҳии Анорбой Назаров  (мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Ҷиззах) дар зиёрати оромгоҳи Сомониён будем ва бо дили реш баргаштем. Чунки гирду атрофи оромгоҳ ҳоли хароб дошт. Як рӯз пеш мо дар зиёрати Ҳафт пири Бухоро: Ҳазрат Абдухолиқ Ғиҷдувонӣ, Хоҷа Муҳаммад Ориф ар-Ревгарӣ, Хоҷа Маҳмуд Фағнавӣ, Хоҷа Алии Рометанӣ, Хоҷа Муҳаммад Бобойи Самосӣ, Саид Амир Кулол ва Ҳазрат Баҳоуддин Нақшбанд будем, аз тамошои ин оромгоҳҳо бисёр хурсанд шудем, ки дар Бухоро  ҳамаи ёдгориҳои таърих ободу атрофаш гулзору дарахтзор аст.
Вақте мо дохили оромгоҳи Сомониён шудем, ду духтарак яке тахминан 15 солаву дигаре 12 сола ба даруни зиёратгоҳ об мепошиданд.
Баъд  аз тиловати Қуръон аз онҳо пурсидам:
–Ба ин зиёратгоҳ одамони бисёр меоянд?
–Не, ҳар замон шумоён барин сайёҳон.
–Одамони шаҳр чи?
–Рӯзҳои ид фақат якчанд мӯйсафедон.
Ба қарибӣ дар яке аз сомонаҳои ахбор хондам, ки дар қатори якчанд ёдгориҳои таърихии Бухоро оромгоҳи Сомониён ҳам ба рӯйхати меъмориҳои ҳифзи ЮНЕСКО дохил шудааст.
Ба фикри ман, имрӯз вақти он расидааст, ки масъулон сари обод ва назаррабо гардонидани ин зиёратгоҳ низ чораҳо андешанд.
Мақбараи Исмоили Сомонӣ, ки беҳтарин ва нодиртарин санъати меъмории Шарқ дар он таҷассум ёфтааст, ба манзиле табдил ёбад, ки аз зиёратгоҳҳои Ҳафт пири Бухоро бояд камӣ надошта бошад. Ходимони масъули ҳокимияти Бухоро лоиҳаи дахлдор дар ин бора бояд ба тасвиб расонанд ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд, то ки маблағи ногузир ба он ҷудо карда шавад. Ин мақбараи Исмоили Сомонӣ – шоҳи давлати тоҷикон Сомониён бояд аз ҳар нигоҳ атрофу акнофаш диққатҷалбкунанда бошад... Имрӯз вақти он расида...

Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА. 
Вилояти ҶИЗЗАХ.
Дар сурат: мақбараи Сомониён.
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: