Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ВАСЕЪ ГАРДОНДАНИ МИҚЁСИ ТАДҚИҚОТҲОИ ИЛМӢ ОИД БА ПАРВАРИШ ВА КОРКАРДИ РАСТАНИҲОИ ШИФОБАХШ ВА БА РОҲ МОНДАНИ ТУХМИПАРВАРИИ ОНҲО

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо мақсади фароҳам овардани пойгоҳи ягонаи таҳқиқоти илмӣ оид ба парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, мунтазам омӯхтани коркардҳои илмии пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешқадами илмӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ ва коркардҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи имкониятҳои мавҷуда:
1. Пешниҳоди Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди инноватсионӣ, Вазорати тандурустӣ ва Академияи илмҳо дар бораи таъсиси Маркази илмӣ-истеҳсолӣ оид ба парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш (минбаъд – Марказ) дар назди Кумитаи давлатии ҷангал дар шакли муассисаи давлатӣ дар пойгоҳи Маркази парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахши «Шифобахш» маъқул дониста шавад.
2. Инҳо вазифа ва самтҳои асосии Марказ муайян карда шаванд:
ташаккул ва татбиқи стратегияи ягонаи парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар асоси илмӣ, инчунин истифодаи оқилонаи онҳо;
омӯзиши макони зист ва муайян кардани захираҳои намудҳои ёбоии растаниҳои шифобахш дар қаламрави ҷумҳурӣ, нигоҳ доштани генофонди биоресурсҳои мавҷуда, бунёди плантатсияҳои модиёна;
парвариш, тайёр кардан ва зиёд кардани маводи тухмӣ, ташкили ниҳолхонаҳои коллексионӣ, инчунин гузарондани таҳқиқоти илмӣ ва амалии марбут ба коркарди ашёи хоми онҳо;
таҳияи пешниҳодҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба ташкили парвариши мадании растаниҳои шифобахш бо назардошти шароити муайяни хок ва иқлим;
коркарди харитаҳои агротехнологии растаниҳои шифобахши ба таври маданӣ парваришёфта бо назардошти шароити хок ва иқлим дар асоси фармоиши Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал;
гузаронидани омӯзиши таркиби кимиёвии растаниҳои шифобахш, стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулот аз онҳо;
гузаронидани таҳқиқоти маркетингӣ барои омӯхтани талабот ба гиёҳҳои шифобахш дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ;
таҳияи барномаҳое, ки ба такмили ихтисоси роҳбарон ва мутахассисони хоҷагиҳои фермерӣ, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои марбут ба парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш равона карда шудаанд, бо ташкили низоми омӯзондан.
3. Таклифи Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал ва Вазорати рушди инноватсионӣ дар бораи ташкили кластерҳо оид ба парвариш ва истеҳсоли илмии растаниҳои шифобахш бо мақсади бунёди плантатсияҳои намунавӣ, ташкили лабораторияҳо ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани коркардҳои илмӣ бо ҷалби сектори хусусӣ тасдиқ карда шаванд. Дар он:
парвариши гиёҳҳои шифобахш ва фаъолияти кластерҳо оид ба парвариш ва истеҳсоли илмии гиёҳҳои шифобахш аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ, маблағҳои ташаббускорон ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонун манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд;
лоиҳаҳои мушаххаси парвариши гиёҳҳои шифобахш бо усули кластер ва кооператсия, ки аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, аз ҷониби Марказ ба бонкҳои тиҷоратӣ дода мешаванд.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
Ба марказ ҳуқуқ дода мешавад, ки ҳамасола то 1 июн оид ба ҷойгир кардани растаниҳои шифобахш ба Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал бо назардошти талабот дар бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ, инчунин натиҷаҳои маркетинг пешниҳодот тақдим намояд;
20 фоизи пардохтҳое, ки барои додани иҷозатномаҳо барои ҷамъоварӣ (захира), воридот ва содироти растаниҳои шифобахш, инчунин барои баррасии аризаҳои ба буҷетҳои маҳаллӣ фиристодашуда ситонида мешаванд, аз ҷониби Марказ барои пӯшонидани хароҷоти нигоҳдорӣ, инвентаризатсия, ташкили плантатсияҳои маданӣ, ниҳолхонаҳои модиёнаи растаниҳои шифобахши пайдоишашон табиӣ, аз ҷумла растаниҳои нобудшаванда, инчунин таҳияи харитаҳои технологии парвариши растаниҳои шифобахш истифода мешаванд;
Марказ дар ҳар семоҳа оид ба чораҳои андешидашуда, натиҷаҳои бадастомада, мушкилоти пешомада, инчунин роҳҳои ҳалли онҳо ба Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал ва Вазорати кишоварзии тобеи худ пешниҳод тақдим мекунад.
5. Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва амалӣ ба Маркази илмӣ-истеҳсолӣ оид ба парвариш ва коркарди растаниҳои шифобахши муассисаҳо бинобар рӯйхат мувофиқи замимаи №1 вобаста карда шавад.
Ҳамзамон, ҳар як муассиса мутахассисонро барои таҳияи пешниҳод ва коркарди аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда оид ба нигоҳ доштан, гузарондани инвентаризатсия, бунёди плантатсияҳои маданӣ ва ташкили ниҳолхонаҳои растаниҳои шифобахши пайдоишашон табиӣ, аз ҷумла растаниҳои гумшаванда, инчунин таҳияи харитаҳои технологии парвариши растаниҳои шифобахш вобаста менамояд.
6. Марказ якҷоя бо Академияи илмҳо (Б.С.Юлдошев), Вазорати рушди инноватсионӣ (И.Ю.Абдураҳмонов) ва Вазорати кишоварзӣ (Ж.А.Хоҷаев):
пойгоҳи маълумотҳои таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои нави инноватсионӣ оид ба растаниҳои шифобахш, ки аз ҷониби муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ анҷом дода мешаванд, ташаккул дода, навсозии мунтазами онҳоро таъмин намоянд;
қитъаҳо ва бонки генҳои коллексияи гиёҳҳои шифобахш, ки дар соҳаи тиб ва тибби халқӣ фаъолона истифода мешаванд, ташкил намоянд;
дар назди Марказ лабораторияи сертификатсия ва стандартикунонии ашёи хоми растаниҳои шифобахш ва маҳсулоти аз онҳо бадастовардашударо ташкил кунанд. Ҳамзамон, Вазорати кишоварзӣ оид ба дар асоси ҳисобҳои мушаххаси Марказ равона намудани маблағҳои вомиро, ки дар доираи лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ «Модернизатсияи кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ҷалб карда шудаанд,  чораҳо андешад.
7. Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал (Н.Ж.Бакиров) ва Вазорати кишоварзӣ (Ж.А.Хоҷаев):
равона намудани мутахассисонро барои таҷрибаомӯзии хориҷӣ дар кишварҳои дорои сатҳи баланди рушди соҳаи растаниҳои шифобахш ташкил намоянд;
грантҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалиро барои дар амалия татбиқ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба парвариши гиёҳҳои шифобахш ва ташкили истеҳсоли доруҳо аз онҳо ҷалб намояд;
якҷоя бо Академияи илмҳо (Б.С.Юлдошев) баргузории конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявиро оид ба парвариш ва коркарди растаниҳои шифобахш ва тунд ба таври доимӣ таъмин намояд;
якҷоя бо Агентии «Ӯзстандарт» (Д.Н.Сатторов) оид ба ташкили лаборатория дар Маркази сертификатсия ва стандартикунонии ашёи хоми растаниҳои шифобахш ва маҳсулоти аз онҳо бадастомада, инчунин тибқи тартиби муқарраршуда гузарондани аккредитатсияи он мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ чораҳо андешад;
якҷо бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятҳо ҳар сол то 1 декабр таҳия ва тасдиқи барномаҳои минтақавии парвариш ва коркарди растаниҳои шифобахшро барои соли оянда таъмин намоянд.
8. Ба пешниҳодҳои:
Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал ва Вазорати рушди инноватсионӣ оид ба тахассуси хоҷагиҳои давлатии ҷангали Нуқус, Хӯҷайли, Қарокӯл, Бахмал, Зомин, Китоб, Узун, Бойсун, Бурчимулло ва Оҳангарон барои парвариши растаниҳои шифобахш, хоҷагии давлатии ҷангали Қуйичирчиқ – барои захира кардани тухмӣ ва ниҳолҳои растаниҳои шифобахш;
Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал, ҳокимиятҳои вилоятҳои Ҷиззах, Бухоро ва Самарқанд оид ба таъсиси хоҷагии махсуси давлатии ҷангал, мутаносибан дар Ғаллаорол, Когон ва Ургут розигӣ дода шавад.
9. Сохтори Муассисаи давлатии «Маркази илмӣ-истеҳсолӣ оид ба парвариш ва коркарди растаниҳои шифобахш»-и назди Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки:
28 воҳиди штатии ҳайати роҳбарикунандаи Марказ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, аз ҳисоби оптимизатсияи воҳидҳои мавҷудаи штати Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал ташкил карда мешавад. Вазорати молия аз соли 2021 сар карда, дар параметрҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хароҷотро барои нигоҳдории Марказ пешбинӣ намояд;
Марказ аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ, Фонди рушди хоҷагии ҷангал, ки аз хизматрасонӣ ва фурӯши растаниҳои шифобахши парваришёфта мерасанд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст,  маблағгузорӣ карда мешавад;
Дар Марказ низоми пардохтҳои иловагӣ ба маоши мансабӣ, ки барои кормандоне, ки бо фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва меҳнатӣ машғуланд, пешбинӣ шудааст, ҷорӣ карда мешавад. Дар айни замон, маблағгузории хароҷоти марбут ба муқаррар намудани пардохтҳои иловагӣ аз ҳисоби Фонди рушди хоҷагии ҷангал, инчунин аз фаъолияти хоҷагӣ ба даст меомада амалӣ карда мешавад.
10. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус (И.У.Маҷидов) якҷоя бо Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал (Н.Ж.Бакиров) ва Вазорати кишоварзӣ (Ж.А.Хоҷаев) аз соли таҳсили 2021/2022:
амалияи таълими амиқро дар гурӯҳҳои алоҳида ба донишҷӯёни боистеъдод аз таркиби донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4 дар самти таълими «Биология» -и мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба роҳ монад;
дар ҳама коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои техникии ба соҳаи кишоварзӣ махсусонидашуда омода кардани кадрҳоро дар самти «Агротехнологияи парвариши гиёҳҳои шифобахш» дар асоси талабот ба кадрҳо бо назардошти таснифи ихтисосҳо ба роҳ монад.
11. Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал (Н.Ж.Бакиров) дар муддати ду моҳ:
Низом дар бораи Маркази илмию истеҳсолӣ оид ба парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахши назди Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангалро таҳия ва барои тасдиқ ба Девони Вазирон пешниҳод намояд;
барномаи чорабиниҳоро оид ба афзоиши нерӯи илмӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва такмили фаъолияти Маркази илмӣ-истеҳсолӣ оид ба парвариш ва коркарди растаниҳои шифобахш таҳия ва тасдиқ намояд.
12. Марказ дар бинои бекорхобидаи коллеҷи касбу ҳунари  иҷтимоию иқтисодии воқеъ дар суроғаи: вилояти Тошканд, ноҳияи Тошканд, шаҳраки Дархан, кӯчаи Чимкент йӯли, 2 ҷойгир карда шавад.
13. Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал (Н.Ю.Бакиров) якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
14. Ба зиммаи муовини сарвазир Ш.М.Ғаниев масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои қарори мазкур гузошта шавад.
Муҳокимаи семоҳаи иҷрои қарори мазкур, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р.А.Ғуломов гузошта шавад
Дар бораи самаранокии тадбирҳои андешидашуда то 1 июни соли 2021 ва 15 декабри соли 2021 ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд, 
26 ноябри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: