Ширкати "NUWA ROBOTICS", ки дар истеҳсоли роботҳо пешсаф мебошад, дар Ӯзбекистон дафтари худро мекушояд

Дар доираи чорабинии “Offshore Outsourcing Tour 2024” миёни директори иҷроияи IT Park Абдулаҳад Қӯчқоров ва директори ширкати “NUWA Robotics” Ҳунг Ҷуи Ҷен ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Созишнома роҳандозии ҳамкориро дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, робототехника ва рушди аутсорсинг  дар Ўзбекистон, ифтитоҳи филиали ширкат дар кишвар ва  гирифтани мақоми резиденти IT Park-ро дар назар дорад, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати технологияҳои рақамӣ.

NUWA Robotics соли 2016 дар Чин таъсис ёфта, ба таҳияи роботҳое, ки қодиранд бо инсон дар робитаи қавӣ бошанд, машғул аст. Ширкат ба офаридани зеҳни сунъӣ, нармафзор ва сахтафзор, истеҳсоли роботҳо ва тарроҳии UX тахассус дорад.

“Айни замон "NUWA Robotics" дар Тайван, Чин, Ҷопон ва дигар кишварҳо намояндагиҳо дорад. Корхонаҳои ИМА, Чин, Ҳиндустон ва зиёда аз 10 кишвари дигар муштариёни ин ширкат мебошанд. Ширкат аллакай дар саросари ҷаҳон зиёда аз бист ҳазор роботро ба истифода додааст. Ҳамчунин, маҳсулоти онҳоро беш аз ҳазор оила ва муассисаҳои таълимӣ истифода мебаранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: