ХИЗМАТИ ШОИСТА ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Шаш сол қабл аз ин бо ташаббуси сарвари давлатамон идораҳои хизмати давлатӣ таъсис ёфта буд, ки ҳоло мардум бо кумаку ёрии беғаразонаи онҳо муаммоҳои хешро ҳаллу фасл мекунанд.

Шаш сол  қабл аз ин бо ташаббуси сарвари давлатамон  идораҳои хизмати  давлатӣ таъсис ёфта буд, ки ҳоло мардум бо кумаку ёрии беғаразонаи онҳо муаммоҳои хешро ҳаллу фасл  мекунанд.
Сӯҳбати мо бо директори идораи хизмати давлатии ноҳияи Самарқанд Савлат  Салоҳиддинов дар атрофи  бурду  бохти  ташкилоти  мазкур ҷараён гирифт. 
– Яке аз мақсаду маромҳои идораи мо ба мардуми корафтода хизмати  беминнат расонидан мебошад, – иброз дошт Савлат Соҳибович, – танҳо дар 11 моҳи соли равон ба аҳолии ноҳия ва вилоят қариб 60 ҳазор хизмат расониданд. Аксарияти онҳо тавассути онлайн, яъне бекоғазбозӣ амалӣ гардид. Беш аз 500 тиҷорати хурд ва субъекти соҳибкорӣ аз рӯихати давлатӣ гузашт.
– Савлат Соҳибович, мардум бо кадом масъалаҳо ба идораи шумо муроҷиат мекунанд?
– Аз гувоҳномаи таваллуд то фавт, инчунин ариза барои ба рӯйхат гирифтан,таҳияи ҳуҷҷатҳои манзили зист, гузаронидани неруи барқ, оби ошомиданӣ, навбатгузорӣ ба кӯдакистон ва ғайраҳо.
Умуман беш аз сад хел масъаларо дида мебароем, ки бештари онҳо тавассути онлайн ҳалли худро меёбанд. Масалан, танҳо барои таҳияи ҳуҷҷатҳои тадбиркорӣ  73 хел маълумотнома гирифтан барҳам хӯрд, ки он коғазбозӣ буду халос. 
Дар моҳи апрели соли 2022 Фармони Президент оид ба ривоҷу равнақи  идораи хизмати давлатӣ эълон гардид, ки ба мардуми корафтода бисёр  имтиёзҳои ҷолиби диққатро  фароҳам овард. Ин маънои онро дорад, ки «На халқ ба идораҳои давлатӣ, балки  идораҳои давлатӣ барои халқ аст».
– Савлат Соҳибович, мо мебинем, ки дар  ҷевони китобҳои коргоҳи шумо  хеле адабиёти  бадеӣ  мавҷуд. 
–  Ҳанӯз  ҳангоми  таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 8-уми  шаҳри Самарқанд  ба китоб  дил баста  будам. Омӯзгорону мураббиён кӯшиш ба харҷ  медоданд, ки  мо бештар мутолиа намуда, ҷаҳонбинии  хешро  васеъ  кунем. Ба ман соҳаи бостоншиносӣ писанд омада буд ва соли 2014 номаи камол гирифта, ҳуҷҷатҳои худро ба  факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд  супурдам, аз  имти- ҳонҳои  қабул  сарбаландона гузаштам. Ҳамон бо асарҳои  бадеӣ дӯсти наздик ҳастам. 
Дар  вақти  холӣ  бештар  китобҳои тозанашри эҷодкорони муосир  ва хориҷиро  варақ зада, ғизои маънавӣ  мегирам.

Сӯҳбаторо 
Баҳодури  ЗОҲИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: