ПРЕЗИДЕНТ: БОЯД ШУУРНОКИИ ОДАМОН СИЛОҲИ АСОСИИ МО БОШАД

Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомади навбатии видеоселекторӣ барпо гардид. Дар аввал роҳбари давлат оиди вазъият дар масъалаи коронавирус таваққуф намуд.

Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомади навбатии видеоселекторӣ барпо гардид. Дар аввал роҳбари давлат оиди вазъият дар масъалаи коронавирус таваққуф намуд.

Таъкид шуд, ки то имрӯз миқдори ҳолатҳои сирояти бемории COVID-19 дар мамлакат аз 15 ҳазор гузашт. Дар натиҷаи чорабиниҳо беш аз 8 ҳазор нафар сиҳат шуданд. Мутаассифона, вирус аллакай 80 нафар шаҳрвандро аз байни мо бурд.
– Вазъият ҷиддӣ боқӣ мемонад, аз ин рӯ ягон роҳбари минтақа ҳаққи осуда буданро надорад, набояд фикр кунад, ки кори ӯ хуб аст. Камбудӣ дар ҳама ҷо ҳаст. Вазифаи аз ҳама асосӣ сари вақт маълум намудан, холисона баҳо додан ва бетаъхир барои бартарафсозии он ҳаракат намудан ба шумор меравад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Мо мақоли «Бемориро пинҳон кунӣ, табаш ошкор месозад»-ро набояд фаромӯш кунем, ки он хеле дақиқ вазъияти коронавирусро ифода менамояд. Агар мо ба ин офат бефарқ бошем, саломатӣ ва тақдири ҳазорон одамонро зери хатар гузошта, вазъият боз бадтар мегардад. Аз ҳама даҳшатовар он аст, ки теъдоди фавт зуд меафзояд.
Роҳбари давлат дар нутқҳои пешинаи худ ногузирии қатъиян тағйир додани стратегия ва тактикаро дар мубориза бар зидди пандемия таъкид намуда буд. Имрӯз низ ба ин масъала дахл намуда, Президент таъкид кард, ки воситаҳои аз ҳама муқтадир, ҳарчи босамарро бояд истифода кард, ки ба вазъияти имрӯзаи пандемия муносиб бошад.
– Дар ин мубориза бояд низоми тибби давлатӣ ва хусусӣ, тамоми муассисаҳо ҳамеша сафарбар бошанд ва босамар кор кунанд, шуҷоати духтурон, шуурнокии одамон силоҳи асосии мо бояд бошанд, – идома  дод Президент. – Мо фақат оҷилона ҳаракат намуда, дар ҳолати сафарбарсозии доимӣ, бо интизоми қатъӣ, маданияти тиббӣ ва шуурнокии баланд бо ин нохушӣ мубориза бурда метавонем.
Масъулияти аз ҳама калон дар мубориза бар зидди пандемия дар ӯҳдаи ҳокимон ва роҳбарони секторҳо мебошад, ки ин дар ҷамъомад бори дигар таъкид гардид. Онҳо дар бораи вазъияти ҷории ҳудудашон бояд тамоми маълумоти пурра ва дақиқро дошта бошанд, ки он ҳар рӯз, ҳар соат нав карда шавад.
– Ҳокимон, роҳбарони секторҳо, тамоми шахсони масъул ва соҳибмансаб бояд дақиқ ва бехато, рӯзу шаб, чун соат кор кунанд, – таъкид кард роҳбари давлат. – Мутаассифона, маҳз дар ҳамин масъала аксаран бо мушкилот рӯ ба рӯ мегардем. Аз сабаби вуҷуд надоштани маълумоти аниқ ва материалҳои асосноки таҳлилӣ қарорҳои қабулнамудаамон натиҷаҳои чашмдор намедиҳанд. Бигӯед, ба шумо дар ин бобат чӣ кӯмак зарур аст ва мо ҳамаи масъалаҳоро ҳал мекунем. Чунки мақсад яктост:  мо бояд ҳарчи зудтар аз ин инфексия халос гардида, иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоиро комилан барқарор намоем.
Зимни ҷамъомад Президент Шавкат Мирзиёев бори дигар ба халқ муроҷиат намуд ва изҳор дошт:
– Ҳар яки мо бояд амиқ дарк намояд, ки дар навбати аввал худи мо ҳам барои саломатии худ ва ҳам барои саломатии оила ва бачаҳои худ масъул ҳастем. Бинобар ин аз депутатҳо, намояндагони зиёиёни эҷодӣ, журналистони муҳтарам, фаъолони маҳаллаҳо хоҳиш мекунам: дар замони пандемия мо корро дар бобати пеш бурдани ғоя дар бораи ҷавобгарии ҳар шахс пурзӯр намоем.
Кай мо пандемияро пушти сар мегузорем? Вақте ки ҳар як кас бефарқиро дар худ бартараф созад, вақте ки ба ҳаёти худ, тақдири оила ва кӯдакон, ҳаёти тамоми халқамон бо масъулият муносибат намояд.
Оё мо ба ин қодирем? Бале. Боварӣ дорам, ки чунин эҳсосот ва нуқтаи назарҳо, ки вазъияти имрӯз аз мо талаб менамояд, ба қалб ва афкори ҳар як ҳамватанамон амиқ дохил мегардад. Ва мо ҳатман ин озмоишро сарбаландона пушти сар менамоем, – таъкид кард Президент Шавкат Мирзиёев.
Тавре ки маълум аст, 15 июл ҳолати кор дар мубориза бо пандемия дар пойтахт ва вилояти Тошканд зери танқид гирифта шуда, вазифаҳои аниқ гузошта шуда буд. Дар ҷамъомад ҳокими шаҳри Тошканд, Прокурори генералӣ ва дигар роҳбарони масъул аз кори иҷрошуда дар ин самт ҳисобот доданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: