АНЪАНАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИДОМА ДОРАД

Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҳар сол дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ниҳолҳо шинонда мешаванд.

 Дар асл ин одат дирӯз пайдо нашудааст, балки анъанае мебошад, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондааст.

Дар вилояти Самарқанд дар мавсими баҳори имсола шинондани 10 миллиону 208 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст. 
То 18-уми март 1 миллиону 314 ҳазор бех (13 фоиз) ниҳолу бутта шинонда, ба платформаи электронӣ дохил карда шуд. То охири соли ҷорӣ дар 28,4 гектар замини 7 шаҳру ноҳияҳои вилоят «Боғҳои сабз» бунёд карда мешаванд. Барои ин, заминҳо интихоб ва қарорҳои шӯроҳои маҳаллӣ қабул гардидаанд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби ҳокимиятҳои 16 шаҳру ноҳия 34 «Боғи ҳокимият» бунёд хоҳанд шуд, ки барои ин 10,56 гектар замин ҷудо гардидааст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: