ПАНҶ ҲАЗОР ҚАДАМ БАРОИ САЛОМАТӢ

Дар доираи «Ҳафтаи пиронсолон» дар шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд аксияи «Панҷ ҳазор қадам барои саломатӣ» баргузор гардид, ки дар он аз 74 гузару маҳалла беш аз шашсад нафар собиқадорон ширкат варзиданд.

— Шуғл варзидан бо варзиш барои солиму бардам будан хидмат мекунад. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ ба ин масъала диққати махсус медиҳанд. Боиси хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи пиру ҷавон ба варзиш афзудааст. 
Умедворем, ки аксияи имрӯза барои аксарият ба одати ҳамарӯза табдил меёбад, – гуфт дар анҷоми тадбир ҳокими ноҳия Сироҷиддин Усмонов.
Дар анҷом ба як гурӯҳ пешқадамон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар идома миёни мӯйсафедон мусобиқаи шоҳмот низ баргузор гардид. «Гроссмейстер»-и маҳаллаи Кӯи Сахои ноҳия Абдуаҳад Набиев ғолиб ва сазовори туҳфаҳои хотиравӣ гардид.
— Аз тадбир як олам таассурот гирифтам,– гуфт собиқадори меҳнат Ботурхон Нақибов. — Ғайр аз тарбияи бадан, бо пиронсолон суҳбати дилнишину самимӣ оростем. Ба ташкилкунандагон миннатдории самимона изҳор мекунам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: