Ду рӯзи охири ҳафтаи гузашта дар таърихи варзиши мамлакатамон, хоссатан барои паҳлавонони гӯштӣ ҳамчун рӯзҳои фаромӯшношуданӣ сабт гардид.
Ду рӯзи охири ҳафтаи гузашта дар таърихи варзиши мамлакатамон, хоссатан барои паҳлавонони гӯштӣ ҳамчун рӯзҳои фаромӯшношуданӣ сабт гардид. Дар ин рӯзҳо шаҳри Тирмиз намои идона ва бошукӯҳ касб кард.
Кӯчаҳо ва хиёбонҳои ин шаҳрро шиорҳои “Ба мусобиқаҳои байналмилалии кураш ба хотираи Ҳаким ат-Тирмизӣ барои ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хуш омадед!”, “Сурхондарё – Ватани кураш”, “Кишвари курашчиёнаш нерӯманд – мамлакати нерӯманд” ва амсоли он зеб медод. Ҳамзамон мониторҳои калон, ки дар кӯча ва хиёбонҳои ин шаҳр гузошта буданд, якзайл навори лаҳзаҳои ҷолиби мусобиқаҳои қаблии курашро ба мардум ва меҳмонон намоиш медоданд.
Бештар аз ин, варзишгоҳи марказии “Алпомиш”-и шаҳри Тирмиз низ аз баргузории як мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ дарак медод. Дар чаҳор самт парчамҳои кишварҳои иштироккунандаи ин мусобиқаҳо парафшонӣ мекунад. Дар қисмати даромадгоҳи он як гурӯҳ ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Сурхондарё маҳсулоти худро намоиш медоданд. Ҷомаву рӯймолҳои хушдӯхт, кулоҳ ва тоқиҳои гулдор, рӯйҷоҳои зебо, маҳсулоти мухталифи сафолин, асбобҳои мусиқии хоси мардуми воҳаи Сурхон ва амсоли он дар маърази тамошо гузошта шуда буданд
Дар васати варзишгоҳ саҳнаи махсуси иборат аз се майдон омода буд, то ки паҳлавонон рӯйи он бо ҳам қувваозмоӣ кунанд. Дар нишасти хабарӣ, ки 10 апрел бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов, президенти Иттиҳодияи байналхалқии кураш Ҳайдар Фармон, муовини раиси Иттиҳодияи байналхалқии кураш Шерзодхон Қудратхоҷаев, ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов, муовини раиси Кумитаи олимпии Ӯзбекистон Равшан Ирматов барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор гардид, таъкид шуд, ки ин мусобиқаҳо ба хотираи яке аз мутасаввуфон, муфассирони ҳадис ва олими бузурги Машриқзамин Ҳаким ат-Тирмизӣ (номи пурраи ӯ Муҳаммад ибн Алӣ Ҳаким ат-Тирмизӣ) бахшида шудааст.
– Дар кишварамон барои рушди кураш, ки яке аз намудҳои хеле муҳими варзиш маҳсуб меёбад, таваҷҷӯҳи хос дода мешавад. Ба ин намуди варзиш берун аз кишвар, дар соири мамолики дунё низ шавқи зиёд бедор шудааст. Бо вуҷуди бемории куруно ҳоло аз 27 кишвари дунё ба шаҳри Тирмиз меҳмонону паҳлавонони номдор ташриф овардаанд. Умедворем, ки ин мусобиқаҳо дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор мешавад, – гуфт Азиз Абдуҳакимов.
Вай афзуд, ки дар айни замон ҳудуди 130 кишвари дунё федератсияҳои курашро таъсис додааст ва ин кишварҳо низ барои оммавӣ гардидани он ҳиссаи калон мегузоранд. Ба гуфтаи Азиз Абдуҳакимов бар асоси қарори сарвари давлатамон “Дар бораи ривоҷ додани варзиши миллии кураш ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии он” аз 4 ноябри соли 2020 аллакай корҳои зиёд ба анҷом расидаанд. Иҷрои ин корҳо маҳз барои боз ҳам бештар оммавӣ шудани ин намуди варзиш ҳамчун омили муҳим хидмат мекунанд.
– Мо чанд муддат қабл барои ширкат дар ин мусобиқаҳо ба федератсияи кураши кишварҳои зиёд даъватнома фиристодем. Аммо ба иллати пандемияи коронавирус ва карантин теъдоди зиёди паҳлавонон ширкат карда наметавонанд. Инро мо дуруст дарк мекунем. Зеро дар як қатор мамолики дунё баргузории чунин мусобиқаҳо ва равуо ба кишварҳои дигар ҳанӯз ба маҷрои пешини худ барнагаштааст, – иброз намуд муовини Сарвазир Азиз Абдуҳакимов.
– Зимни баргузории мусобиқаҳои кураш ба ҳамаи қоидаҳои карантин қатъиян риоя карда мешавад. Барои ин ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд. Ман ифтихормандона қайд мекунам, ки кураш ба яке аз намудҳои варзиши дӯстдоштаи мардуми олам табдил меёбад. Фахри дигари мо аз он аст, ки Ватани кураш вилояти Сурхондарёст. Баргузории ин мусобиқаҳо мусоидат хоҳад кард, ки кураш ба сифати яке аз намудҳои муҳими варзиш бори дигар ба оламиён намоиш дода мешавад, – изҳор кард Тӯра Боболов. — Дар ҳар панҷ мактаби таълимоти умумии ин вилоят синфҳои ибтидоии кураш ташкил додаву куллан он муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд. Барои иҷрои ин барномаи хос дар мо кадрҳо мавҷуданд ва онҳо ҷиҳати тарбия ва ба камол расонидани курашчиёни оянда заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.
– Мо барои оммавӣ намудани кураш барномаҳои хоси худро татбиқ хоҳем кард. Ба ин ҷо ҳама ба манзури он омадаем, ки мусобиқаҳои курашро дар сатҳи баланд баргузор кунем. Мо медонем, ки барои баргузории ин мусобиқаҳо нерӯ ва маблағи зиёд харҷ карда мешавад. Барои ҳамин ба мақомоти кишвари шумо барои чунин мусоидат ибрози сипос менамоям, – гуфт президенти Иттиҳодияи байналмилалии кураш Ҳайдар Фармон.
– Аз давраи касби истиқлолияти кишварамон мусобиқаҳо оид ба кураш дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Дар он ҳамеша паҳлавонони номии кишварҳои хориҷӣ низ ширкат мекунанд. Дар ҳамин ҳол шаҳри бостонии Тирмиз мизбонии ин мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалиро бар дӯш гирифтааст. Муҳим он аст, ки меҳмонон чун ҳамеша бо таассуроти хубу нек ба кишвари худ баргарданд, – гуфт Шерзод Қудратхоҷаев.
Рӯзи аввал дар байни мардҳо ва занҳо мусобиқаҳои нимфиналӣ ва финалӣ баргузор гардиданд. Занҳо дар вазнҳои 48, 57, 63, 70 килограмм ба рӯи қолин баромаданд. Дар вазни 48 килограмм Моҳинур Мӯминова (Ӯзбекистон) ҷои якум, Айҷан Зилкбаева (Қазоқистон) ҷои дуюм, Гулҳаё Ҷӯраева ва Сарвинисо Абдуллоева (Ӯзбекистон) ду ҷои сеюмро ишғол карданд.
Дар вазни 57 килограмм Бақит Куссакбаева (Қазоқистон) ҷои якум, Ирода Мамашоева (Ӯзбекистон) ҷои дуввум, Мухлиса Абдумаликова (Ӯзбекистон) ва Петрас Датрисиа (Руминия) ду ҷои сеюмро соҳиб шуданд. Дар вазни 63 килограмм Маликахон Қаҳҳорова (Ӯзбекистон) ҷои якум, Лиани Сниа Мариа (Лаҳистон) ҷои дуюм, Ойдинахон Зокирҷонова (Ӯзбекистон) ва Регина Шатрауская (Белоруссия) ду ҷои сеюмро ба даст оварданд. Дар вазни 70 килограмм Владлена Гусева (Россия) ҷои якум, Шоҳиста Назарова (Ӯзбекистон) ҷои дуюм, Равзахон Адашева (Ӯзбекистон) ва Аёла Мереке (Қазоқистон) сазовори ду ҷои сеюм дониста шуданд.
Қувваозмоиҳо дар миёни мардони вазнҳои 81 ва 90 килограмм низ хеле тезутунд гузаштанд. Мухлисон низ ин қувваозмоиҳоро бо шӯру дасткӯбиҳо ҷонибдорӣ мекарданд. Баъди талошҳои зиёди паҳлавонон дар вазни 81 кг Умар Бозоров (Ӯзбекистон) ҷои якум, Оламафрӯз Абдураҳмонов (Тоҷикистон) ҷои дуюмро ишғол намуданд. Ду ҷои сеюм насиби Умед Эсанов (Ӯзбекистон) ва Дилоқо Афзалӣ (Афғонистон) гардид. Дар вазни 90 килограмм Арам Григориан (Россия) ҷои аввал, Ҷонибек Қазоқов (Ӯзбекистон) ҷои дуюм, Ҷаҳонгир Маматраҳимов (Ӯзбекистон) ва Паата Гвинашвили (Гурҷистон) ду ҷои сеюмро ба даст оварданд.
Рӯзи дуввуми мусобиқаҳо низ хеле тезутунд, дар айни ҳол шавқовар гузашт. Дар вазни 60 килограмм байни мардон инҳо пирӯзи мусобиқаҳои байналмилалии кураш дониста шуданд: Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон) ҷои якум, Абдулазиз Ҳамроев (Ӯзбекистон) ҷои дуюм, Акобир Қурбонов ва Қанат Сейлхон (Қазоқистон) ду ҷои сеюм, дар вазни 66 килограмм бошад, Қобилҷон Аҳмедов (Ӯзбекистон) ҷои аввал, Атабек Амиралӣ Ҳамроев (Қазоқистон) ҷои дуюм, Руслан Бӯриев ва Маҳаммадюсуф Шуайб (Афғонистон) ду ҷои сеюмро ишғол карданд.
Ғолибони вазни 73 кило Собир Сафарбоев (Қазоқистон), Умедҷон Абдуллоев (Ӯзбекистон), Ӯрол Содиқов ва Ҳасайнӣ Илсоқзода(Тоҷикистон) эълон шуданд.
Рӯзи дуюм ва ниҳоии мусобиқаҳо барои мукофоти Президенти Ӯзбекистон ва гиромидошти Ҳаким ат-Тирмизӣ тақрибан ҳамаи нишастгоҳҳои варзишгоҳи “Алпомиш” аз тамошобинон пур шуд. Ҳудуди 7,5-8 ҳазор мухлисони кураш ба ин ҷо гирдиҳам омада буданд. Ҳувайдо мешуд, ки диққату эътибори умум дар ин мусобиқаҳо ба қувваозмоиҳо дар вазни мутлақ нигаронида шудааст.
Дар бозиҳои нимфиналӣ Яҳё Имомов (Ӯзбекистон) ва Неъматулло Асранқулов (Тоҷикистон) баъди қувваозмоӣ бо ҳарифони худ ҷоми мағлубиятро чашиданд ва ду ҷои сеюмро ишғол карданд. Вақте ки Мӯҳсин Ҳисомиддинов (Ӯзбекистон) ва Дадахон Қурбоналиев (Тоҷикистон) рӯи қолин ҳозир шуданд, ҳама гӯшу ҳушро ба ҷониби онҳо нигарониданд.
Раиси ҳакамони мусобиқа ба тамошобинон ёдовар шуд, ки соли 2018 дар мусобиқаҳо барои гиромидошти Паҳлавон Маҳмуд дар шаҳри Хива ин ду паҳлавони болои қолин ҳозир шуда бо ҳамдигар қувваозмоӣ карда буданд ва зафар ба дасти Дадахон Қурбоналиев гузашта буд.
Шояд барои ҳамин Мӯҳсин Ҳисомиддинов бо тамоми ҷаҳд талош мекард, ки ҳарифи худро аз по афтонад ва пирӯзии мутлақро ба даст оварад. Дақиқаҳо мегузаштанд, вале аз ин паҳлавонон барои дастболо шудан ба ҳарифи худ чандон сайъ ва ҳаракат сурат намегирифт. Аммо вақте ки якбора ҳарду барои афтонидани якдигар талош намуданд, довари байн мусобиқаро боздошт ва Дадахон Қурбоналиевро барои тарк намудани хати бозӣ танбеҳ дод.
Ҳамоно дар ин қувваозмоӣ ғолиб муайян намешуд. Довар бори дуввум Дадахон Қурбоналиевро танбеҳ дод ва баъди анҷоми вақти муқарраршуда ба иллати ҳамин ду танбеҳ Дадахон Қурбоналиев мағлуб ва Мӯҳсин Ҳисомиддинов пирӯзи мутлақи ин мусобиқаҳо эълон гардид.
Дастгирӣ ва офаринхониҳои мухлисон ба ҳаво дакка мезад. Мӯҳсин Ҳисомиддинов парчами мамлакатамон болои сар ва зери кафкӯбиҳои бошиддати мухлисони зиёд атрофи майдонро давр зада баромад.
– Медонед, баъзан чунин ҳолатҳо рух медиҳанд, ки омаду барор ба ин ё он паҳлавон насиб мегардад. Ману Дадахон дар маҳорату таҷриба тақрибан ҳамсонем, вале ин бор ҳамин омад ба рӯи ман хандид ва пирӯзӣ насиби ман шуд. Акнун парчами Ӯзбекистон парафшонӣ мекунад ва суруди миллии мо тараннум мегардад, – гуфт дар суҳбат бо хабарнигорон ғолиби мутлақи мусобиқаҳои байналмилалии кураш Мӯҳсин Ҳисомиддинов.
Хазинаи ин мусобиқаҳо 100 ҳазор доллари амрикоӣ эълон шуда буд. Ғолибони ҷои аввали вазнҳои гуногун чи дар байни мардҳо ва чи дар байни занҳо се ҳазор доллар мебошад. Онҳое, ки сазовори ҷои дуюм шуданд, ду ҳазор долларӣ ва соҳибони ду ҷои севвум ҳазор доллариро ба даст оварданд. Аммо дар вазни мутлақ сазовори ҷои аввал бо 10 ҳазор доллар қадрдонӣ шуд. Ба соҳибони ҷои дуюм – 5 ҳазор доллар ва ба ду ҷои сеюм севуним ҳазор долларӣ тақдим гардид.
– Хеле хушҳолам, ки ин мусобиқаҳо хубу шаффоф баргузор гардид. Он бо як назм ва фазои гуворо сипарӣ шуд. Воқеъан, ҳамаи мо аз он қаноат ҳосил намудем, ки ин мусобиқаҳо дар чунин фазо баргузор шуд ва паҳлавонон соҳиби мукофотҳои пулӣ гардиданд, – гуфт раиси Иттиҳодияи байналмилалии кураш Ҳайдар Фармон.
Вай ҳамчунин илова намуд, ки агар пандемия халал намерасонд, ин мусобиқаҳо боз ҳам бонуфузтар ва теъдоди ширкати паҳлавонҳо низ бештар таъмин мегардид. Ба таъкиди Ҳайдар Фармон вазъияти эпидемиологӣ ҳатман ба ҷониби мусбат тағйир хоҳад ёфт ва дар мусобиқаҳои ду соли баъди кураш теъдоди иштирокчиёни он ба чанд карат афзоиш хоҳад кард.
Бо ҳамин мусобиқаҳои XV ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои гиромидошти хотираи Ҳаким ат-Тирмизӣ бо пирӯзии мутлақи паҳлавони кишварамон Мӯҳсин Ҳисомиддинов ба фарҷом расид.
Қобил ба ёдоварист, ки дар шаҳри Тирмиз ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи байналмилалии кураш баргузор гардид. Он таҳти раёсати Ҳайдар Фармон гузашт. Дар ин ҷамъомад ноибони конфедератсияи ИБК дар Осиё, Африқо ва Панамерика ва аъзои кумитаи иҷроияи он ширкат варзиданд.
Ҷамъомад масъалаҳои муҳими ривоҷ додани кураш дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва ба барномаи мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ворид намудани онро баррасӣ намуд. Дар ин ҷамъомад пешниҳод гардид, ки ба манзури барқарории равобити доимии Кумитаи иҷроияи ИБК бо Ватани аслии он – Ӯзбекистон мақоми ноиби раиси ИБК ҷорӣ карда шавад. Ҳайдар Фармон ба ин мақом мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Абдувоҳидовро номзад пешбарӣ кард. Аъзои Шӯрои ИБК ин пешниҳодро бо як овоз пазируфтанд. Дар ин ҷамъомад ҷонишини вазири туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Авазҷон Каримов, муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Равшан Ирматов ва Котиби умумии КМО Ойбек Қосимов ширкат карданд.
Олимҷон ПАНҶИЗОДА,
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбирони махсуси
“Овози тоҷик”.
ТИРМИЗ.
Суратгирон: М. АМИН (ӮзА) ва Р. ГАЛИЕВ.