ПЕШОМАДИ ОЯНДАДОРИ ТОКПАРВАРӢ

Дар оғози моҳи августи соли ҷорӣ қарори Президент доир ба ривоҷу равнақи токпарварӣ ва истеҳсоли машрубот интишор ёфт, ки бешубҳа барои ривоҷу равнақи соҳаи мазкур такон хоҳад бахшид.

Ҳоло дар вилояти Самарқанд 48 ҳазору 530 гектар токзор мавҷуд,  дар ояндаи наздик боз ба 5 ҳазору 373 гектар хоҳад афзуд. 
Илми тибб муқаррар кардааст, ки ҳар кас бояд рӯзе 300-500 грамм ангур бихӯрад. Имсол аз сармои шадид токпарварӣ коҳиш ёфта, нархи ангур гарон шуд. Масалан, дар бозорҳои Самарқанд ва мағозаҳо нархи навъи ҳусайнӣ, васарға 30-40 ҳазор сӯм аст, вале мардум барои фоидабахшии он харидорӣ мекунанд. 
Воқеан, ангур 4-5 ҳазор сол пеш аз милод ҳам дар Хуросону Мовароуннаҳр маълуму машҳур буд. Сайёҳи Юнон Квинт Курсий Руф асрҳои I-II то милод навиштааст, ки «Бохтар табиати гуногун дорад ва дар он ҷо ток меваи бисёр ширин медиҳад». Инчунин, соли 126 то милод сайёҳ  Чжан Кян қаламчаи токро аз водии Фарғона ба Хитой бурдааст, ки ин аз ривоҷу равнақи токпарварӣ дар Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳад. 
Ҳоло дар дунё бештар аз 8 ҳазор ва Ӯзбекистон беш аз 300 навъи ангур парвариш меёбад, ки барои тархӯрӣ, мавиз кардан, мураббопазӣ, ширинӣ ва машруботпазӣ шарбати он ба кор меояд. 
Ёд дорам, наврас будам, дар оғози тобистон ба ҳавлии модаркалонам Саодатбибӣ, ки синнашон аз 70 гузашта бошад ҳам, бо боғпарварӣ машғул буданд, баъди салому алейк ва аҳволпурсӣ ба нардбон ишорат мекарданд. Мазмун, аз токи болои бом ангури пешпазаки дороӣ канда фаровардан буд.
Аҷиб, гарчанде аз байн беш аз 60 сол сипарӣ шуд, вале то ҳол мазаи ангур аз даҳони ман нарафтааст. 
Ба назарам, ҳоло навъи қадимаи дороӣ ба назар намерасад, афсӯс...
Ба ақидаи мутахассисони боғпарварӣ афзалиятнокии даромади иқтисодӣ аз токпарварӣ хеле афзун аст, дар истеҳсоли ангур Хитой, Италия, Фаронса, Амрико, Испания, Исроил пешқадамиро аз даст намедиҳанд. Боиси хушнудист, ки Ӯзбекистон дар рейтинг дар ҷойи 13-ум буда, ҳар сол дар кишвари мо 1 миллиону 603 ҳазору 308 тонна ангур истеҳсол мешавад. 
– Барои пешомади ояндадори токпарварӣ, – мегӯяд роҳбари хидмати иттилоотии  ҳокимияти ноҳияи Булунғур Аббос Ҷабборов, – танҳо дар солҳои 2023-2024 дар ҳудуди мо боз 2,2 ҳазор гектар ангурзор бунёд хоҳад шуд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 40-50 тонна мерасад. 
Ғайр аз он, дар кӯча ва ҳар як хонавода токпарварӣ ба роҳ монда мешавад. 
Дар токпарварӣ усули  ноҳияи Олтиариқро ҷорӣ мекунем, ки ниҳоят самарабахш аст. Барои ба мурод расидан дар байни фермерон семинарҳо ва таҷрибаомӯзӣ ташкил кардем.
Бояд таъкид намуд, ки дар Самарқанд шуъбаи вилоятии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии боғпарварӣ, токпарварӣ ва машруботи ба номи академик М. Мирзоев (собиқ академик Рихард Шредер) арзи вуҷуд дошта, ҷамоати он маҳз бо бунёди навъи наву серҳосили ток машғул.
– Мо бо боғбони вилояти Самарқанд ҳамкору ҳамдил ҳастем, – гуфт ҷонишини директори пажуҳишгоҳи мазкур, номзади илмҳои кишоварзӣ, пири боғпарварии соҳибтаҷрибаи 75-сола Ӯрмонбобо Мирзоҳидов, – машварат идроку ҳушёрӣ диҳад гӯён бо фермерҳои вилоят тез-тез вохӯрӣ мегузаронем, ки ба ҳама муфид аст. Дар асоси тадқиқоти илмӣ навъи «Суғдиёна» офаридем, ки нисбат ба кишмиши сиёҳ 15-20 рӯз пеш мепазад. Ҳосилнокӣ низ бештар аст. Дар шуъбаи мо навъи пешпазаки дороӣ, чиллагӣ, барвақтии ҳисорӣ, миёнапазак васарға, зулфи арӯс, ангушти бону, кишмиши сафеду сиёҳ, шакарангур, дерпазак – бахтиёрӣ, ҳусайнӣ ва ғайра парвариш меёбад ва қаламчаҳои онҳо ба фермерҳои вилоят ирсол мешаванд. Мақсади мо истеҳсоли ангури ширину арзон ва хушхӯр аст.

Зоҳир Ҳасанзода, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: