Корхонаҳои шабакаҳои барқии минтақавӣ бояд на камтар аз 3 рӯз пеш аз қатъи эҳтимолии интиқоли нерӯи барқ бинобар таъмири он огоҳ намоянд.
Мутобиқи қонунгузорӣ истеъмолкунандагони нерӯи барқ ҳақ доранд, ки дар сурати дар ҳаҷми пурра ва дар сатҳи стандарти давлатӣ интиқол нагардидани нерӯи барқ ҷуброни зарари аз ҷониби корхонаи шабакаҳои минтақавӣ ё корхонаи таъмини барқ расонидашударо талаб намоянд.
Барои ин ба макомоти давлатии хифзи хуқуқи истеъмолкунандагон ё ба суди нохия оид ба муаммоҳои шаҳрвандон муроҷиат кардан лозим аст.
Дар бораи боздоштани интиқоли нерӯи барқ ва сабабҳои он бояд ба истеъмолкунандагон маълумот дода шавад.