Самарқанди фирдавсмонанд на танҳо бо осори меъморӣ ва ҳунариаш, балки бо ҳунармандони гулдаст, олим ва шоирони нозукбаён, фозилон ва мутафаккирони забардаст, фуқаро ва уламои хеш низ шуҳрати ҷаҳонӣ ва мартабаи азим дорад.
Самарқанди фирдавсмонанд на танҳо бо осори меъморӣ ва ҳунариаш, балки бо ҳунармандони гулдаст, олим ва шоирони нозукбаён, фозилон ва мутафаккирони забардаст, фуқаро ва уламои хеш низ шуҳрати ҷаҳонӣ ва мартабаи азим дорад. Самарқанди куҳан ва бошандагони арҷмандаш онҳоро ҳамеша эҳтиром ва пос медоранд. Қиблагоҳам солҳои 1966-1972 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил гирифтаанд ва аз бузургони илми забон ва адабиёти тоҷик Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Ҷонон Бобокалонова, Наҷмӣ Сайфиев, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Муҳаммадӣ Исматуллоев ва дигарон бо эҳтиром ва самимият ҳикоят мекарданд. Ба хонаи мо ҳафтае ду маротиба аз Тоҷикистон рӯзномаву маҷаллаҳо меомаданд, ки дар онҳо мақолаҳои устодони падарам дарҷ буданд. Ҳар ду бо мароқ мехондем ва муҳокима мекардем.
Яке аз онҳо фарзанди обрӯманди Самарқанди бостонӣ Раззоқ Ғаффоров буд, ки ба қиблагоҳам сабақ додааст. Хушбахтона, ман ҳам солҳои 1992-1997 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз ин донишманди бузурги илми забоншиносии тоҷик сабақ гирифтаам ва то зиндаам фаромӯш нахоҳам кард.
Дар ҳаққи устодон сухан гуфтан ва ба хидмати онҳо баҳо додан кори ниҳоят мушкил. Беҳуда, “Бузургонро бузургон зинда медоранд”– нагуфтааст шоир.
Зиндагиномаи устод Р. Ғаффоров оддист. Ӯ соли 1932 дар ноҳияи Самарқанди шаҳри Самарқанд аз оилаи косиб таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми донишкада як сол дар шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси нозир хидмат карда, соли 1954 ба Донишгоҳи Самарқанд даъват мешавад ва аз ҳамон вақт тақдири хешро ба тадрису тадқиқи забони тоҷикӣ мепайвандад. Соли 1959 даъвати сарони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистонро бо камоли мамнуният пазируфта, дар шуъбаи забони адабии тоҷик ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор шурӯъ мекунад. Р.Ғаффоров соли 1965 дар мавзӯи “Забон ва услуби асарҳои Раҳим Ҷалил” рисолаи номзадӣ ва соли 1980 дар мавзӯи “Синтаксиси лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ дар таъсири муқоисавӣ (ҷумлаҳои содда)» рисолаи докториро дифоъ намудааст.
Аз соли 1966 то соли 1999 сарпарастии шуъбаи лаҳҷашиносии АИ Тоҷикистонро дар ӯҳда дошт.
Устод Р. Ғаффоров баробари кори илмӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон фаъолияти педагогиро низ давом дода, дар тарбия ва таълими садҳо омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик саҳм гирифтааст. Соли 1986 ба дарёфти унвони профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мушарраф мешавад. Соли 1989 барои устод махсусан фаромӯшношуданӣ буд, аввалан барои сарварию иштирокаш дар таълифи панҷҷилдаи “Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ” сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино гашт, сониян ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Р. Ғаффоров аз сермаҳсултарин забоншиносони тоҷик ба шумор рафта, зиёда аз 300 мақолаву тақриз ва рисолаҳои гуногунҳаҷми илмӣ навиштааст. Ӯ яке аз муаллифони китоби дарсии “Услубшиносӣ” барои мактабҳои миёна буд.
Устод дар мактабҳои олии Тоҷикистон ва Самарқанд аз услубшиносӣ, маданияти сухан ва забони адабии тоҷик дарс гуфтааст. Раззоқ Ғаффоров ба майдони забоншиносӣ ба сифати услубшинос ворид гардид.
Гумон меравад, ки табиати шоирона ва завқи волои эстетикӣ, ки дошт, ӯро ба таҳқиқи забон ва услуби асарҳои бадеӣ водор сохтаанд. Ин буд, ки ӯ то даъват шудан ба Душанбе “Дар бораи забони достони “Асрор”-и Ғаффор Мирзо, “Ташбеҳ дар романи “Одамони ҷовид”-и Раҳим Ҷалил барин мақолаҳоро ба табъ рисонида, худро ба сифати услубшинос муаррифӣ карда буд. Устодро метавон энсиклопедияи соҳаи забоншиносӣ номид.
Устоди азизи мо ҳанӯз дар зиндагӣ ба ҳурмат ва эҳтироми донишмандону ихлосмандони илми забоншиносӣ сазовор гашта буд.
Бесабаб нест, ки ба навиштаҳои ӯ ховаршиносони маъруф, аз қабили Н. А. Боголюбов, В. С. Росторгуева, А. З. Розенфелд, В. А. Лившитс баҳои баланд додаанд.
Алҳол асарҳои пурмуҳтавое, ки устод Раззоқ Ғаффоров навиштааст, дар мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамчун маводи таълимӣ фаровон истифода мегарданд.
Баҳодур ҲУСАНОВ,
омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 14, ноҳияи
Бойсуни вилояти Сурхондарё.