Рафти лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

  • Рафти лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
  • Рафти лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
  • Рафти лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
  • Рафти лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
  • Рафти лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
  • Рафти лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
  • Рафти лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Президент Шавкат Мирзиёев 31 октябр оид ба баррасии лоиҳаҳо, ки дар гидроэнергетика татбиқ мегарданд, инчунин вазифаҳои тайёр кардани низоми энергетикӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ҷамъомад баргузор намуд.

Неругоҳҳои барқии обӣ воситаи самарабахштарини ба эътидол овардани тавозуни ҳаррӯзаи энергия мебошанд. Арзиши энергияи электр, ки аз неругоҳҳои барқии обӣ гирфта шудаанд, нисбат ба дигар манбаъҳо хеле арзонтар аст. Аз ин рӯ ба рушди ин самт эътибори калон дода мешавад.

Аз рӯйи ҳисобҳои аввал иқтидори гидроэнергетикии кишвари мо 8 ҳазор мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо ҳоло ҳамагӣ 2,2 ҳазор мегаватт истифода мешавад. Аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ ва сектори хусусӣ ба соҳа то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори умумӣ то 6 ҳазор мегаватт расонда шавад.

Барои ин шароитҳои ҳуқуқию иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои соҳибкороне, ки мехоҳанд неругоҳҳои барқии обии хурду микро ташкил кунанд, иҷораи бистсолаи замин, инчунин низоми кафолатноки хариди неруи барқи истеҳсолкардаи онҳо аз ҷониби давлат ҷорӣ карда шудааст.

Дар ҷамъомад вазъи кунунии лоиҳаҳо дар соҳа баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ бунёд намудани 20 неругоҳи хурду микро, дар соли 2024 – 38 адад ба нақша гирифта шудааст, аммо татбиқи баъзе лоиҳаҳо аз ҷадвал қафо мондааст. Ҳокимони вилоятҳо дар бораи дар рӯзҳои наздик ба кор даровардани 20 неругоҳи барои соли ҷорӣ ба нақша гирифташуда маълумот доданд.

Ба ғайр аз ин, ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» нақша дорад, ки 7 неругоҳи бузурги барқии обиро бо иқтидори 197 мегаватт ба истифода диҳад. Масалан дар дарёҳои Норин каскадҳо сохта, иқтидорро ба 230 мегаватт бароварда, истеҳсоли қувваи барқро, ки барои эҳтиёҷи 450 ҳазор сокинони шаҳри Намангон кифоят мекунад, ба роҳ андохтан мумкин аст.

Соли оянда иқтидори неругоҳҳои барқии офтобӣ ва бодӣ ба 3,5 ҳазор мегаватт мерасад. Аз сабаби он ки онҳо асосан рӯзона неруи барқ истеҳсол мекунанд, талабот ба иқтидорҳои танзимкунанда дар низоми энергетикӣ меафзояд. Аз ин рӯ, сарвари давлат зарурати таҳия намудани барномаи панҷсолаи сохтмони неругоҳи иқтидораш 6 ҳазор мегаваттро бидуни интизори соли 2030 таъкид кард. Зарурати ҷалби ширкатҳои энергетикӣ дар асоси шарикии хусусӣ ба лоиҳаҳо қайд гардид.

Тавре ки маълум аст масъалаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар маркази эътибори доимии Президент қарор дорад. Дар ҷамъомад рафти омодагии низоми энергетикӣ баррасӣ шуд.

Дар тӯли 5 соли охир барои навсозии шабакаҳо ва трансформаторҳо беш аз 4 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Соли ҷорӣ барномаи васеъмиқёси навсозии инфрасохтори энергетикии Тошканд оғоз ёфт.

Ба ғайр аз ин, дар ҳар як минтақа барои беталаф гузарондани мавсим камаш 10 миллард сӯм захира карда шудааст. Ба ин маблағҳо дар ҳолатҳои садама трансформаторҳо, сим ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ иваз карда мешаванд.

Умуман дар минтақаҳо 33 ҳазор трансформатор ва 122 ҳазор километр шабакаҳои барқ фарсуда шудаанд. Ин гуна ҳодисаҳо махсусан дар вилоятҳои Тошканд, Намангон ва Сирдарё бисёранд. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 12 фоизи ҳаҷми умумии қувваи барқи истеҳсолшуда талаф дода шудааст.

Ба ин муносибат таъкид шуд, ки бояд барои соле 1-2 фоиз коҳиш додани талафоти неруи барқ трансформаторҳо ва шабакаҳои фарсудашуда нав карда шаванд.

Таъкид гардид, ки беш аз 100 ҳазор истеъмолкунандагони яклухт ва 648 ҳазор хонаводаи нав ба низоми автоматиконидашудаи ҳисоб ва назорати неруи барқ пайваст нашудаанд. Барои барҳам додани ин камбудиҳо супоришоти дахлдор дода шуданд.

Қайд гардид, ки дар баъзе минтақаҳо таъмири дегхонаҳо ва шабакаҳои гармидиҳӣ кашол меёбад. Ҳолати омодагии муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ғайриқаноатбахш мебошад. Нақшаи нав кардани дегхонаҳои хароҷоти энергияашон баланд дар муассисаҳои тиббӣ 62 фоиз, дар боғчаҳои бачагона 54 фоиз ва дар мактабҳо 40 фоиз иҷро гардид.

Ба шахсони масъул супурда шуд, ки тамоми қувваю воситаҳоро ҷиҳати тезондани корҳои таъмиру азнавсозӣ сафарбар намоянд.

Ба масъалаи бо ангишт таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ дар давраи тирамоҳу зимистон низ дахл карда шуд. Ба ин муносибат аҳамияти фароҳам овардани захираҳои иловагӣ ва ҷалби сектори хусусӣ қайд гардид.

Барои пешгирӣ кардани бо нархи баланд ғайриқонунӣ фурухтан ва дуздидани ангишт, ки барои эҳтиёҷоти аҳолӣ дода мешаванд, дастури қатъӣ дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: