Солҳои охир дар Бухоро иморатҳои бисёрошёна афзуда, шаҳрро зеботар кардааст.
Дар самти ҷанубӣ-ғарбии шаҳр аз ҳисоби биноҳои ҳафтошёна мавзеи нав – микрорайони ҳафтум ба вуҷуд омад.
Дар натиҷа бештар аз ҳазор оила соҳиби манзил шуданд. Ҳоло дар ин ҷо мактаби таълими умумӣ, боғчаи бачагон ва дӯконҳои савдою бинои хидмати маишӣ сар меафрозад. Ба қарибӣ аз ин қатор бинои дуошёнаи поликлиникаи оилавӣ (барои 250 нафар) низ ҷо гирифт. Ин муассисаи зеборо бинокорони ҶММ «Ғиждувон Ғовшун махсус қурилиш монтаж» бунёд карданд ва барои ин 5 миллиарду 600 миллион сӯм маблағ харҷ гардид. Ҳоло дар ин ҷо бештар аз 100 нафар духтурон ва кормандон ба фаъолият оғоз карданд. Акнун 22 ҳазор нафар аҳолии ҳудуд аз хидматрасонии тиббии духтурони амалиёти умумӣ, стоматолог, кардиолог, ЛОР, бемориҳои сироятӣ, чашм, доя-гинеколог, иммунолог, уролог, онколог, ҷарроҳ, лаборант баҳравар мегарданд. Ба ғайр аз ин дар поликлиника ду беморхонаи рӯзона, муолиҷагоҳи физиотерапияю лаборатоия, томографияи ултраовоз, электрокардиограмма, маслиҳатгоҳи бонувон ва дорухона низ фаъолият нишон медиҳад. Ҷорӣ гардидани низоми ахбори «Поликлиникаи электронӣ» дар ин ҷо имкон медиҳад, ки «коғазбозӣ» кам карда шаваду навбатпоӣ ба тартиб дарояд.
Дар поликлиникаи оилавӣ ба роҳ монда шудани хидмати «Ёрии таъҷилӣ» бошад, барои аҳолии гирду атроф қулаӣ фароҳам меорад.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.