ҚАСРИ МУҲТАШАМИ ДОНИШ ДАР УРГУТ

Соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек бо ибтикору дурандешӣ ва ҷасорату матонати ду бузургмард – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи нав боз шуд.

Соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек бо ибтикору дурандешӣ ва ҷасорату матонати ду бузургмард – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи нав боз шуд. Ҳамон сол нахустин сафари расмии Президенти кишварамон ба Тоҷикистони бародарӣ ба амал омад, ки омили муҳими рушди ҳамкориҳои ду мамлакат гардид. Сарони давлат ба ҳукуматҳои ҳар ду кишвар супориш дода буданд, ки омӯзиш ва таълими забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ба роҳ монда шавад. Дар асоси ин аҳду паймон дар деҳаи хушҳавои Мерганчаи ноҳияи Ургут қасри муҳташами дониш қад афрохт.
10-уми июн зимни ташрифи сарвари давлатамон ба Тоҷикистон ин муассисаи таҳсили миёнаи умумӣ дар доираи ҳамкории дуҷонибаи ҳукуматҳои ду кишвари ҳамҷавор ба тарзи онлайн кушода шуд.
Бо ҳамин муносибат сарварони Ӯзбекистону Тоҷикистон сухан гуфта, таъкид карданд, ки дар Ургут кушода шудани муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ин боз як иқдом барои мустаҳкам сохтани риштаҳои дӯстӣ дар байни ду миллату ду кишвар аст. 
Зери кафкӯбии ҳозирон сарварони ду давлат тавассути тугмаи махсус бинои мактаби навбунёди замонавиро кушоданд. Баъд меҳмонону мизбонон қасри донишро аз назар гузарониданд. 
Бояд таъкид намуд, ки барои бунёди ин иншооти сеошёна, ки барои 640 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 30 миллиард сӯм маблағ ирсол гардид. Мактаб дорои 26 синфхона, толори маҷлису варзиш, ошхона, китобхона буда, бо ашёҳои аёнӣ ва китобҳои дарсӣ, адабиётҳои бадеӣ пурра таъмин аст. Боздиди қасри дониш ба меҳмонону мизбонон таассуроти нек гузошт.
Дар толори он ҷамъомади бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст, ки вазирони таълими халқии ду мамлакат ба сухан баромаданд.
– Дар кушодашавии мактаб иштирок кардани ду Президент воқеан ҳодисаи аҷиб ва нодир аст, – иброз дошт вазири таълими халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов. – Сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои вусъат додани муносибатҳои тарафайн дар соҳаи маориф ва фарҳанг ҳарф зада, таъкид кард, ки барои ҳифз кардан ва инкишоф додани забони модарӣ, фарҳанги миллӣ ва расму анъанаҳо шароити боз бештар мусоид фароҳам оварда мешаванд. Ҳатто ҳангоми кушодашавии мактаб ба ҳокими вилояти Самарқанд супориш дода шуд, ки барои дониш гирифтани фарзандони ду миллат набояд мушкиле бошад.
– Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, – гуфт вазири таълими халқи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, – «Ҳамсоягии тоҷикону ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардану аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир аст. Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии муносибатҳои байни халқҳои мо буда, тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Тоҷикону ӯзбекон ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле шабоҳат доранд».
Хушбахтона, бо иродаи сиёсии ду Президент алҳол барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати ҳамкорӣ, дидорбинӣ, саёҳату тиҷорат, илму дониш гирифтан тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд. 
Бовар дорам, ки таълимгоҳи мазкур барои боз ҳам мустаҳкам гардидани риштаҳои дӯстӣ хизмати шоиста мекунад. Ҳоло ман ба хотири ҳамкорӣ тахтаи шоҳмотро ҳадя мекунам, то ки шатранҷбозони ин даргоҳи дониш чемпион шаванд, – гуфт ӯ дар хотима.
Чорабинӣ бо баромади дастаи ҳунарии маҳфили санъат ба поён расид.
– Ман ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик ба кор таклиф шудам, – бо ҳисси шодмонӣ гуфт Алишер Тӯрақулов. – Дар муддати кӯтоҳ хонаи адабиётро бо расму шоҳбайтҳои шоирони классику муосир ҷиҳозонидем, ки ба меҳмонони тоҷикистонӣ писанд омад. Китобҳои дарсӣ ва бадеиро ба мо Вазорати таълими халқи кишвари ҳамсоя туҳфа кард.
Аз имконият истифода бурда таклиф мекардам, ки таълимгоҳи мо ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ё шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ гузошта шавад.
– Дар Самарқанд қариб сад мактаби омехтаи ӯзбекиву тоҷикӣ вуҷуд дорад, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд сардори садорати таълими халқи вилоят Зебунисо Шодиева. 
– Дар ҳамаи онҳо шароити хуби таълиму тарбия ҳастанд. Боиси хурсандист, ки шогирдони мо, ки ба забони тоҷикӣ таҳсил мегиранд, ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд. Дуруст гуфтаанд, ки: «Ҳар кӣ ба забони худ сухандон гардад, омӯхтани сад забонаш осон гардад». 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Дар аксҳо: лавҳаҳо аз мактаб дар ноҳияи Ургут.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: