Фарзандони азиз!
Шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо Рӯзи ҷавонон, ки дар мамлакатамон васеъ ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям ва таманноҳои беҳтарини худро иброз медорам.
Дар ин рӯзи ҷашн ҳамаи мо махсусан хуб дарк менамоем, ки ҷавонӣ воқеан барои инсон беҳтарин давр, замони орзуҳои зиёд, пиндорҳои тоза ва имконоти беҳад мебошад.
Ин ҷашн, ки дар муддати кӯтоҳ дар ҳаёти ҷамъиятамон ҷойи мустаҳкамро ишғол намуд — далели равшани он аст, ки давлат ва халқ барои бахт ва рушди мутаносиби насли наврас ҳама кори имконпазирро анҷом медиҳад ва ҷавонони Ӯзбекистон содиқона ба Ватан ба хотири гул-гулшукуфии он хидмат намуданро қарзи муқаддаси худ мешуморад.
Воқеан, дар мамлакатамон таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон самти бартариноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази эътибор қарор дорад – фақат дар ду соли охир се қонун, даҳҳо фармон, қарор ва супоришоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қарорҳои ҳукумат марбут ба ин соҳа қабул гардиданд.
Дар асоси ин корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Аз он ҷумла, шӯроҳои байниидоравӣ доир ба масъалаҳои ҷавонон зери раёсати Сарвазир, дар маҳалҳо бошад, зери раёсати ҳокимон ба кор шурӯъ намуданд, дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис комиссия оид ба масъалаҳои ҷавонон таъсис ёфтааст.
Шоистаи эътибор аст, ки аз ҷониби фонди «Ҷавонон – ояндаи мо» то ҳол кредитҳои имтиёзнок барои онҳое, ки хоҳиш намудаанд кори хусусии худро оғоз намоянд, ба миқдори умумии 692 миллиарду 400 миллион сӯм ҷудо карда шуда, қариб 25 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда шуд ва дар сар то сари ҷумҳурӣ 125 маркази шуғли ҷавонон «Ёшлар меҳнат гузари», 19 маркази коворкинги «Соҳибкорони ҷавон» ба баҳрабардорӣ супурда шуд.
Кӯдакистон, мактаб ва муассисаҳои таълимии олӣ, филиалҳои донишгоҳҳои маъруфи хориҷӣ, муассисаҳои маданият ва варзиш, муассисаҳои таълимии куллан намунаи нав – ба тариқи мисол «мактабҳои темурбекҳо», «мактабҳои президентӣ», «мактабҳои эҷодӣ», ки дар мамлакат кушода мешаванд, барои тарбияи кадрҳои насли нав хидмат менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ қодиранд рақобат намоянд.
Албатта, мо олӣ арзёбӣ менамоем, ки ҷавононамон моҳият ва аҳамияти Панҷ ташаббусе, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, дарк намуда, дар ин ҷараён фаъолона иштирок менамоянд, ки он беш аз пеш хусусияти ҷунбиши умумихалқӣ касб менамояд. Дар қатори корҳои доманфарох дар бобати сохтмон ва ободгардонӣ дар ин самт бепул паҳн намудани адабиёти бадеӣ – 470 ҳазор китоб аз силсилаи «Китобхонаи ҷавонон» дар тамоми мактабҳо ва шӯроҳои маҳаллии Иттиҳоди ҷавонон аҳамияти муҳимро молик аст.
Ба вуҷуд овардани тамоми шароит барои мунтазам бо варзиш машғул гардидан низ натиҷаи амалӣ мебахшад. Ғалабаҳои варзишгарони ҷавонамон дар мусобиқоти байналхалқӣ, ба даст овардани 520 медали тилло, 544 медали нуқра ва 588 медали биринҷӣ инро собит менамоянд.
Давлат дастовардҳои ҷавонон ва духтаронро дар соҳаҳои интихобнамудаи онҳо ва фаъолияти ҷамъиятӣ муносиб қадр менамояд.
Соли гузашта садҳо нафар намояндаи ҷавонон, ки зарфият ва мақоми шаҳрвандии худро равшан зоҳир намудаанд, бо мукофотҳои давлатӣ – ордени «Дӯстлик», медалҳои «Шуҳрат» ва «Келажак бунёдкори», Мукофоти давлатии ба номи Зулфия, нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» ва ҳамчунин мукофоти Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон мукофотонида шуданд. 28 нафар ҷавонони боистеъдоду ташаббускор, ки дар ҷанбаҳои мухталиф худро нишон додаанд, бо Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» мушарраф гардиданд, ки он бори аввал таъсис гаштааст. Хурсандиовар аст, ки имрӯз сафи намояндагони фаъоли насли ҷавоне, ки Ватан тақдир менамояд, зиёд мегарданд.
Фарзандони муҳтарам!
Мустаҳкам намудани тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, хусусан духтаронро ба ҳаёти болиғ тайёр намудан, ки онҳо қариб нимаи насли навраси мамлакатро ташкил менамоянд, кор бо ҷавонони ғайримуташаккил, оилаҳои ҷавон, бартараф намудани ҳолатҳои содир намудани ҷиноят аз ҷониби наврасон аз вазифаҳои муҳими мо ба шумор меравад.
Аз аввали сол дараҷаи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон нисбат ба соли гузашта 37 фоиз кам гардида, аз зали суд зери кафолати Иттиҳоди ҷавонон 599 нафар озод кардаанд, ки онҳо аз гумроҳӣ роҳи нодурустро интихоб кардаанд ва аз кирдори худ пушаймонанд, ба онҳо ҷазои ҳарчи сабуктар таъин гаштааст. Ҳамаи ин барои дар ҷамъиятамон мустаҳкам намудани муҳити инсонпарварӣ, шафқат ва боварӣ ба ҳамдигар хидмат менамояд.
Мо бояд ба баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар ҷараёнҳои демократии мамлакат, боло бурдани фаъолнокии сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо эътибори алоҳида диҳем.
Бешубҳа, Иттиҳоди ҷавонон, ки дар сафи худ 7 миллиону 680 ҳазор писарон ва духтаронро муттаҳид месозад, дар маҳалҳо чунин корҳоро анҷом медиҳад, аммо самаранокии он бояд баланд бардошта шавад. Агар ҷавононе, ки дониши амиқ, мавқеи мустаҳками шаҳрвандӣ доранд, дар интихоботи ояндаи соли ҷорӣ ба парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ фаъолона иштирок намоянд ва дар натиҷаи он дар мақомоти намояндагии ҳокимият ҷойгоҳи муносибро ишғол кунанд, ин ба таъмин намудани манфиатҳои нафақат насли ҷавон, балки тамоми халқамон низ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамватанони муҳтарам!
Чи хеле ки барои ҳамаи мо маълум аст, дар шароити имрӯзаи ноором ва пуртаҳлука таҳдидҳои мухталифе пурзӯр мегарданд, ки барои ба даст овардани шуур ва қалби ҷавонон нигаронда шудаанд. Дар мубориза ба муқобили ин ситезаҳо дар асоси принсипи «Маърифат – бар зидди ҷоҳилӣ» барои мо таърихи пуршаън ва маданияти бойи халқамон, аъмоли гузаштагони бузург, манфиатҳои миллии Ӯзбекистони азиз чун манбаи нирӯи қудратманд хидмат менамоянд.
Ташаббуси Ӯзбекистон дар ҷамъомади 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи қабул намудани Конвенсияи ҳуқуқи ҷавонон нафақат барои шаҳрвандони мамлакати мо, балки барои ҳимояи ҳуқуқи беш аз 2 миллиард ҷавонони тамоми сайёра аҳамияти бузургро молик аст.
Агар мо барои сохтмони ояндаи бузурги Ӯзбекистон воқеан азм намоем, аллакай имрӯз бояд барои ҷавононамон шароити ногузирро ба вуҷуд оварем.
Бино бар ин шуморо бовар мекунонам: коре, ки бо мақсади ҷомаи амал пӯшондани орзу, ғоя ва ташаббуси ҷавонон анҷом дода мешавад, мо нафақат идома медиҳем, балки ба дараҷаи сифатан нав ва боз ҳам баландтар мебардорем.
Азизони ман!
Мо дар назди худ вазифаҳои муҳим ва масъулиятнокро гузоштаем ва ин аз халқи мо, аз он ҷумла аз шумо, сафарбарсозии тамоми қувва ва имконотро тақозо менамояд.
Боварӣ дорам, ки шумо дониши замонавӣ ва дастовардҳои тараққиётро аз худ намуда, бо кори амалӣ, нирӯ ва шуҷоат собит месозед, ки писарон ва духтарони муносиби Ватани бузурги мо ҳастед.
Бори дигар шуморо бо Рӯзи ҷавонон табрик менамоям, тандурустии мустаҳкам, дар тамоми корҳои неки шумо муваффақият таманно дорам.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон