ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҲИНДУЁН БА ЯКЕ АЗ МАКОНҲОИ САЙЁҲӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Дар пойтахти Ҳиндустон иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар 25 LED-экранҳо намойиш дода шуд.

Сафорати кишвари мо дар Деҳлӣ намоиши иқтидори сайёҳии Ӯзбекистонро дар экранҳои LED, ки дар майдонҳои марказӣ ва кӯчаҳои серодами пойтахти Ҳиндустон насб шудаанд, ташкил намуд, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё».
Дар мониторҳои шафати Қасри Президент Раштрапати Бхаван, хиёбонҳо, кӯчаҳое, ки дар онҳо вазоратҳо ва идораҳои гуногуни давлатӣ, корпуси дипломатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои савдою фароғатӣ, биноҳои серошёнаи истиқоматӣ, инчунин чорроҳаҳои серодам воқеъ гардидаанд, ба сокинон ва меҳмонони Деҳлӣ дар тӯли моҳи октябр имконият ва самтҳои сайёҳии Ӯзбекистон намоиш дода мешаванд.
«Ҳиндуҳо имрӯз фаъолона дар саросари ҷаҳон сафар мекунанд ва ба самтҳои нав таваҷҷуҳ доранд» — мегӯяд директори генералии иҷрогари ширкати  «Blink Brand Solutions» Ноэл Саксена. – Ба ин маъно метавон гуфт, ки Ӯзбекистон яке аз самтҳои орзуи сайёҳӣ аст. Мо бо намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Деҳлӣ ҳамкории зич дорем, то тавонмандиҳои саноати меҳмондӯстии кишварро боз ҳам пешбарӣ кунем. Ин ба таҳкими имиҷи сайёҳии Ӯзбекистон хидмат хоҳад кард. Ҳамкории мо инчунин намоиш додани видео дар бораи кишварро дар бар мегирад. Навори видеоӣ, ки дар 25 экрани калон дар Деҳлӣ намоиш дода мешавад, дар байни сокинони маҳаллӣ таваҷҷуҳи зиёд ба бор меорад».
Дар доираи пешбурди иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар чунин шаҳрҳо, ба мисли Деҳлӣ, Мумбай ва Бангалор тақдимот, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо ташкил карда мешаванд. Инчунин барои гузаронидани курсҳои махсус барои кормандони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон корҳои омодагӣ идома доранд, ки дар онҳо дар бораи ислоҳоти васеъмиқёс оид ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон дар солҳои охир, фароҳам овардани шароити муосир барои сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ, такмили минбаъдаи инфрасохтори туризм, инчунин мавзеъҳои гуногуни ҷолиби туристӣ маълумот дода хоҳад шуд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо намояндагони соҳаи меҳмоннавозии ду кишвар дар бораи лоиҳаҳои бомуваффақияти ҳамкорӣ нақл хоҳанд кард.
«Мо таҷриба ва қобилияти худро барои намоиш додани Ӯзбекистон ба таври куллӣ истифода мебарем, то одамон тавонанд дарҳол дар бораи сафар тасмим гиранд», – мегӯяд Ноэл Саксена. – Дар ин раванд мо ба имконоти расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зиёд медиҳем. Масалан, чанде пеш дар сегменти ҳиндии Фейсбук ва Твиттер ду лоиҳа дар бораи Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд. Ҳоло афзоиши динамикии муштариёни ин аккаунтҳо мушоҳида мешавад.»
Ҳамчунин дар шумораи октябри маҷаллаи маъруфи Ҳиндустон «BOTT», ки ба мавзӯи сайёҳӣ ва саёҳат ихтисос ёфтааст, маводи «Ӯзбекистон – чорроҳаи тамаддунҳоро барои худ кашф кунед» чоп шудааст.
Дар натиҷаи корҳои пайгирона, ки дар ин самт гузаронда мешаванд, ҷараёни сайёҳон миёни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон фаъолтар шуда, аз ҷумла интизор меравад, ки имсол шумораи сайёҳон аз ин кишвар ба шаҳрҳои Ӯзбекистон дар тамоми таърихи муносибатҳо ба сатҳи баландтарин дар соли ҷорӣ бирасад. 

АИ «Дунё», 
шаҳри ДЕҲЛӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: