СИТОРАҲО БА Ӯ ИЛҲОМ МЕБАХШИД

Тавре ки хабар дода будем, 31 октябр – 4 ноябри соли ҷорӣ дар сартосари китобхонаҳои мамлакатамон ҷашнвораи китобхонон баргузор шуд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ шаби ёдбуди асосгузори Мактаби байналхалқии аэрокайҳонӣ, академик Шавкат Воҳидов баргузор шуд.
Чорабинӣ бо намоиши филми ҳуҷҷатии «Ситораҳои илҳомбахш», ки ба ҳаёт ва фаъолияти илмии Ш. Воҳидов бахшида шудааст, оғоз ёфт. 
Номзади илмҳои техникӣ, дотсент Нуриддин Абдуҷабборов иштирокдоронро ба ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи Ш. Воҳидов шинос кард. (Мо дар арафаи 90-солагии мавсуф тариқи рӯзнома (8.10.2022.№80, «Донишманди замон буд») маълумот дода будем). Дар шабнишинӣ шогирдони устод Ш. Воҳидов доктори илмҳои физика-математика, профессор Э. Иброҳимова, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Н. Абдуҷабборов, олимони барҷастаи соҳа В. Гатауллин, В. Климоис, А. Усмонов хотираҳояшонро, ки бо ин олими номвар вобаста аст, баҳам диданд.
Гуфта шуд, ки Шавкат Воҳидов ба тақдири ҳеч як фард бефарқ набуд. Кайҳоннавардони зиёд, чандин олиму донишмандони илми физикаву математика муаллимони мактаби аэрокайҳонии ӯ буданд.
Дар чорабинӣ ҷиҳатҳои инсонпарварии ин шахси бузург алоҳида эътироф гардид. Ӯ ба ҳар шахсе, ки илму фанро қадр мекард, хоҳ хурд бошаду хоҳ калонсол, бо эҳтироми хос менигарист.
... Рӯзе фарзанди хурдсоли яке аз шогирдони устод ғойиб мешавад. Он замонҳо тариқи телевизион эълонҳо дода нашавад ҳам, бо саъю ҳаракати Ш. Воҳидов барои дарёфти он эълон дода мешавад. Оби каналу ҷӯйҳо то ҳадди имкон кам карда шуда, дар кофтукови он мешаванд. Пас аз чанд рӯз бачаро аз як мавзеи дурдасти вилояти Тошканд меёбанд. Аввал худи устод ба он ҷо рафта, бачаро бо чашмони худ мебинад, то ки падару модари ӯ боз ноумед нагарданд. Ва баъд ин хабари хушро ба волидони ӯ мерасонанд.
Шавкат Воҳидов иродаи матин дошт. Ӯ дар охири умр гирифтори бемории вазнин мегардад, чанд маротиба ҷарроҳӣ мешавад. Ҳар гоҳ ба пойтахти Русия рафта, табобат мегирифту боз ба ватан баргашта, машғули касби дӯстдошта мешуд.
5 нафар фарзандони Шавкат Воҳидов бо касби кори гуногун ҳиссагузори рушди нумӯъи кишвар мебошанд.
Шогирдон баробари ёд кардан, дуогӯйи рӯҳи поки ӯ мебошанд.  

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: