Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 7 феврал бо сафари корӣ ба мамлакатамон омад.
Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Чунон ки хабар дода шуд, мувофиқи барномаи будубош гуфтушунид дар сатҳи олӣ сурат мегирад. Ҷанбаҳои амалии тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Беларус баррасӣ хоҳанд шуд.
Масъалаҳои зиёд кардани муомилоти мол, инкишоф додани алоқаҳои кооператсионӣ дар чунин соҳаҳо, аз қабили хоҷагии қишлоқ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, коммуникатсия ва ғайра мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин барномаҳои рушди шарикӣ дар бахшҳои таҳсилоти касбӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Бинобар натиҷаҳои музокирот қабули бастаи асноди дуҷониба дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Александр Лукашенко 15 сентябри соли 2022 ба кишвари мо сафари корӣ анҷом дода буд.