Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳад

Бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 5-7 октябр ба ин кишвар сафари корӣ анҷом медиҳад.

Мувофиқи барномаи буду бош дар Маскав баргузор намудани гуфтушуниди роҳбарони ду давлат пешбинӣ шудааст. Сарвари Ўзбекистон инчунин бо Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин мулоқот анҷом медиҳад.

Рӯзномаи мулоқотҳои дарпешистода масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқиро фаро гирифтааст. Ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар барномаи боздиди расмӣ сафари Президенти Ӯзбекистон ба Тотористон пешбинӣ шудааст, ки дар он ҷо бо Раиси ҷумҳурӣ Рустам Минниханов гуфтушунид хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: