ДАР БУХОРО ФЕСТИВАЛИ «АБРЕШИМ ВА ЗИРАВОР» ОҒОЗ ЁФТ

Дар доираи барномаи ҷашнвораи ХХ байналмилалии «Абрешим ва зиравор» дар Маркази ахбору китобхонаи вилояти Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Ҷонишини ҳокими вилоят Миралӣ Ҳамроев ва дигар аъзоёни кумитаи тадорук ба хабарнигорон дар бораи тадбири пешистода маълумот дода, ба пурсишҳои онҳо ҷавоб гардонданд.
Субҳи 16 июн шаҳри Бухорои куҳна намуди идона дошт. Аз қалъаи Арк то маҷмӯи «Лаби ҳавз» гирду атрофро матои атласу адрас зеб медод. Ба машом ҳар лаҳза бӯйи хушу ҳаловатбахши зиравор мерасид. Пагоҳии бармаҳал чун одат «Корвони мӯъҷизаҳо»-и ҳунармандон аз майдони Арк то маҷмаи «Лаби ҳавз» ба ҳаракат даромад. «Шаҳристон»-и куҳна гӯё ба олами афсонаҳо табдил ёфт. 
Сайёҳони дуру наздик аз намуди пурҷозибаи дилкаш, нидои рақсу суруд ба ҳайрат омада буданд. Дар барномаи ин тадбир, ки бо ташаббуси ҳокимиятҳои вилояту шаҳр ва ҳамкории садоратҳои фарҳангу сайёҳӣ, «Ҳунарманд», инчунин ташкилотҳои дигар таҳия ёфтааст, намоишу ярмаркаҳои матои абрешимию зиравор, озмуни сайри «оши палав», тамошоҳои мардумӣ, бозиҳои миллӣ, савдои ашёҳои зардӯзию филизотӣ, гилемҳои абрешимию сӯзаниҳои кашидадӯзӣ, дарсҳои маҳорати ҳунарҳои бадеию миниатюра, конференсияи байналхалқии илмию амалӣ, намоиши асарҳои санъати тасвирӣ, барномаҳои консертии дастаҳои ҳунарӣ ва ғайра шомил гаштанд.
Дар ҷашнвора 200 нафар ҳунармандони маҳалливу хориҷӣ иштирок доранд. Намояндагони сафоратхонаҳои Словакия, Италия, Арабистони Саудӣ, Урдун, Бангладеш, Туркия, Кувайт ва Қатар низ хоҳиши тамошои ҷашнвора карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбирони «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: