БОНУЕ БО САДОИ ДИЛОВЕЗ

Ӯро паси роёна машғули кор ёфтам.

Ангуштони наҳифаш зуд-зуд рӯи ҳарфҳо лағжида, вожа месохтанд, ибора мебофтанд ва ниҳоят ҷумла менигоштанд. Инак, матни барнома омода мегардад! Сурайё аз он нусха бардошта, бори дигар чашм медавонад. Ҳама чун хишти нав аз қолиб хеста табъи диланд. Акнун метавонад рост пеши микрофон раваду биншинад. 
– Ҳар гоҳ назди микрофон меоям, ҳама кори олам, ташвишу таҳлукаҳои ҳаёти мураккаб гӯё ҳамин дам дур шуда бошанд, билкул фаромӯш мегарданд ва ман мутлақ вориди олами дигаре мешавам ва ба одами дигаре мубаддал меёбам. Дар ин майдони фарох гӯё ман вуҷуд дораму микрофон, ман мемонаму мусоҳибам! Мусоҳибони ман гоҳ дар барам менишинанд ва аксар вақт дар дуриҳо қарор доранд, ки аз он масофа тавассути телефон ба пурсишҳоям посух медиҳанд. Аз дили дардошнои онҳо чӣ мегузарад, комилан мефаҳмам, аз ҳар нафасашон дарк мекунам, ки эшонро чӣ эҳсосе фаро гирифтааст, – мегӯяд Сурайё.
– ...Ва вобаста ба вазъи пешомада савол мегузоред? – мепурсам аз ӯ.
– Бале, аз мусоҳиби худ сухане кашида гирифтан кори мушкилест, бояд журналист бо саволҳои мароқангези худ ба ниҳонхонаҳои дили вай чанг занад ва ӯро хеле устокорона водор созад, ки дунёи худро бикшояд. Дар чунин сурат олами аҷоиби қаҳрамон кашф ва розҳои ниҳони ӯ ошкор мегарданд, – мегӯяд Сурайё ва ӯро аз барои машварат ду шогирди навкораш аз ман «медузданд». Муддате аз қафои вай нигариста, аз дил мегузаронам, ки духтараки дирӯзак худ навшогирд ба устоди арзандае мубаддал гаштааст. 
Сурайё Норманова имрӯз яке аз бонувони муваффақи вилояти Сурхондарё ба шумор меравад, ки ҳунари суханвариаш вирди забонҳост. Вай бо барномаҳои дилангези радиоии худ дар дили мухлисони бешумораш маъво гирифта, қариб ҳар рӯз овози дилнишини ӯ бештар ба тоҷикӣ дар мавҷи ҳаво пар кушодаву то гӯшҳои мардуми бедордил мерасад. 
Сурайё муҳаррири калони бахши барномаҳои тоҷикии Ширкати садо ва симои вилояти Сурхондарё мебошад. Дар ин даргоҳ корро соли 1995 оғоз кардааст ва он вақт духтараки латифандоми шӯхчашме буд, ки тақдир ӯро кашон-кашон то остони ин коргоҳ оварда буд. Ва то ҳол дар худшиносии миллии тоҷикони воҳа саҳми арзандае мегузорад. Дар шаҳри Тирмиз мақом ёфта, дар оғӯши ин шаҳри алломаҳои бузурги илму ирфон оҳиста-оҳиста месабзад. Вай аслан зодаи деҳаи Сариосиёи ноҳияи Бойсун мебошад ва дар оилаи устои оҳангар Норхӯҷа Норманов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Модари ӯро Ӯғулой мегуфтанд, ки дар таваллудгоҳи ноҳияи Бойсун ба ҳайси доя кор мекард.  
Сурайё дар чунин оилаи наҷиб дар гӯш садои ширини лафзи тоҷикӣ ба воя расидааст. Чандин соли кӯдакиаш дар ноҳияи навтаъсиси Музработ сипарӣ шудааст. Аммо чун бозпас ба деҳа баргаштанд ва ӯ дар синфи якуми мактаби тоҷикӣ таҳсилро шурӯъ сохт, олами забони тоҷикӣ ӯро комилан тасхир намуд. Вай аз устоди шодравони худ Неъмат Раҷабов ёд меорад:
– Маҳз ҳамин фарди фозил меҳри суханро дар дили кӯчаки ман кишта, бо олами пурҷозибаи он шинос намуд. Муаллим дар ҳар дарс ба дастам китоберо медод ва хоҳиш менамуд, ки ба аҳли синф хондаву бишнавонам. Устод ба аҳли синф рӯ оварда, мегуфт, ки ин духтар аз минбарҳое сухан хоҳад кард, ки мардумон гӯш хоҳанд дод. 
Сурайё бо ваҷд мегӯяд, чун назди микрофон ҳозир мегардад, ҳамон сухани муаллимаш бехи гӯшҳояш садо медиҳанд. 
Бояд таъкид сохт, ки Сурайё чандин маротиба дар сабқатҳои фаннӣ аз забон ва адабиёти тоҷик ширкат варзидааст ва ҷойҳои 3 ва 2-юмро ишғол намудааст. Вай аз устодони забон ва адабиёти худ Усмон Маматқулов ва Очил Йӯлдошев хеле сипосгузор. 
– Хидматҳои дилсӯзонаи он мардони хирадпеша буд, ки ман дар сабқатҳо муваффақ шудам ва имрӯз соҳибкасбам, – мегӯяд ӯ. 
Соли 1993 донишҷӯйи факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Душанбе шуд, аммо баъд аз ду сол бинобар душвориҳои иқтисодӣ ва ноамниҳо хониши худро ба шӯъбаи ғоибона табдил сохта, дар Ширкати садо ва симои вилояти Сурхондарё ба кор оғоз кард. 
Ҳоло рӯздармиён ягон барномаи радиовӣ ё телевизиониро таҳия месозад ва ӯ ғолибан ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан кардаву қалби мухлисони зиёдеро тасхир намудааст. Вай эҷодкори таронаҳои дилангезе низ ҳаст ва чакидаҳои хомаи ӯ дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва вилоятии чун «Садои Сурхон», «Бохтар» ва «Ховар» рӯи чопро дидаанд. Ҳоло тамоми нерӯи худро барои таҳияи барномаҳои радио, ки «Олами рангин», «Назму наво» ва «Паёмҳо» ном доранд, сарф месозад ва хоса дар тарғибу ташвиқи эҷоди адибони маҳаллӣ ҳиссаи арзанда мегузорад. Барномаҳои ӯ бештар мустақим пахш мегарданд ва ҳини пахши онҳо аз журналист тақозо мешавад, ки маҳорати баланди суханварӣ, иқтидори дарки вазъи ҳолати рӯҳии мусоҳибонро дошта бошад. 
Соли 2018 ғолиби номинатсияи «Беҳтарин бонувони сухандон ва фидокор» эълон гардид.   
Бо камоли итминон метавон гуфт, ки бо чунин бонуи суханвари зебогуфтор тамоми тоҷикони воҳаи Сурхон фахр мекунанд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: