ДАР АРАФАИ ҶАШНИ БУЗУРГ ДАР ТАМОМИ СОҲАҲО НАТИҶАҲОИ БАЛАНД БА ДАСТ МЕОЯНД

Президент Шавкат Мирзиёев 29 август бо корҳои ҷории созандагӣ дар Тошканд шинос гардида, аз объектҳои наве, ки дар соҳаҳои гуногун ба кор медароянд, боздид намуд.

Дар арафаи ҷашни асосии мамлакат – Рӯзи истиқлол ба истифода супурдани иншооти нав ба ҳукми анъанаи хуб даромадааст. Соли равон низ дар тамоми минтақаҳои мамлакат иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода супурда мешаванд.
Роҳбари давлат бо натиҷаҳои чунин корҳои созандагӣ, ки дар пойтахти мамлакатамон амалӣ мешаванд, шинос шуд.
Бо Фармони Президент аз 27 апрели соли 2022 бобати минбаъд такмил додани маъмурияти гумрук бинобар амалиёти рақамии соҳа, баланд бардоштани сифат ва суръати хидматрасонӣ чораҳо муайян карда шуда буданд. Аз ҷумла, бо ин мақсад дар назди Кумитаи гумрук Маркази қайди гумрукӣ созмон ёфт.
Президент аз ин маҷмӯъ боздид ба амал овард.
Дар ин ҷо маркази коркарди маълумот, ситоди эълони дурдасти электронӣ, колл-марказ, шуъбаҳои таргетирӣ ва идоракунии хатарҳо созмон дода шуданд. Низоми иттилоот ба пойгоҳи маълумоти идораҳои хориҷӣ, вазоратҳо ва идораҳои кишвари мо, субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ширкатҳои авиатсионӣ қаробат дорад. Ҳангоми ба роҳ мондани кори марказ хоҳиши соҳибкорон низ ба назар гирифта шудааст.
Маркази коркарди маълумот бо серверҳои замонавии гунҷоишашон нисбати пештара даҳ баробар зиёд муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин афзоиши суръати шабакаҳои алоқаро 5 баробар, муҳлати коҳиш додани вақти қайдро 2 баробар зиёд кард. Низом аз хуруҷҳои кибернетикӣ ҳифз карда шудааст.
Дар давраи аввали ситоди эълони дурдасти электронӣ баённомаи бори гумрукӣ, ба таври масофавӣ ба соҳибкорони шаҳри Тошканд фиристодани он ба тарзи оҷил коркард мешаванд. Минбаъд ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин ҷо тамоми ҷараёнҳои қайди гумрукие, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ мешаванд, фаро гирифта шаванд.
Дар ҳамин ҷо муроҷиате, ки ба колл-маркази кумитаи гумрук бинобар хати зудамали «11-08» ва аз тариқи веб-сайти идора мерасанд, коркард карда мешаванд. Шуъбаи таргетирӣ ва идораи хатарҳо дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук дар пояи таҷрибаи кишварҳои пешқадам кушода шуд. Дар ин ҷо сохторҳои зудамал маълумоти 50 низоми иттилоотии гумрук ва 3 низоми иттилоотии Созмони умумиҷаҳонии гумрук, ҳамчунин маълумоти зиёда аз 30 идора ва гумруки давлатҳои хориҷиро таҳлил мекунанд, хатарҳоро пешгӯӣ менамоянд, аз болои фаъолияти тамоми ситодҳои гумрукӣ назорати масофавӣ мебаранд.
Лабораторияи гумруки марказӣ низ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, фаъолияти вай ба коҳиш додани тӯлу баланд бардоштани дақиқии экспертиза нигаронида шудааст.
Умуман дар натиҷаи мувофиқи фармони Президент рақамикунонии соҳа муҳлати қайди гумрукӣ ба ҳисоби миёна 2 баробар коҳиш ёфт. Чунончи, агар соли 2017-ум барои қайди борҳои содиротӣ 5 соату 42 дақиқа сарф шуда бошад, соли 2023-юм ин муддат 30 дақиқаро ташкил дод.
Қайди 80 фоизи воридот ва 89 фоизи содирот дар тартиби ихчам амалӣ мегардад. Ҳамчунин нишондиҳандаҳои коркарди автоматикии баённомаҳои бори гумрук бо кумаки интеллекти сунъӣ меафзояд.
– Шароите, ки дар ин ҷо фароҳам оварда шудааст, касро хурсанд мекунад. Вале рақамикунонӣ ин ҷараёнест, ки бояд мунтазам давом кунад. Дар соҳа ҳанӯз бисёр вазифаҳое мавҷуданд, ки бояд ҳаллу фасл шаванд. Бинобар ин баҳри беҳсозии хидматҳо мунтазам кор кардан зарур аст. Ба фаъолияти низом бояд соҳибкорон баҳо диҳанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бобати ба соҳибкорони ватанӣ пешниҳод кардани таклифҳо дар пояи таҳлили сохтори воридот, вусъат додани коркард дар ҳудуди гумрук супоришҳо дода шуданд.
Барои ба соҳати бидуни тамаъгарӣ табдил додани соҳа, беҳтар кардани таъминоти моддиву иҷтимоии кормандон вазифаҳо гузошта шуданд.
Дар ноҳияи Яшнободи пойтахт ду маркази бузурги тиббӣ – Маркази миллии тиббӣ ва Маркази махсуси илмию амалии тиббии оториноларингологӣ ва касалиҳои сару гардан сохта шуданд.
Роҳбари давлати мо моҳи ноябри соли 2020-ум бо сохтмони онҳо шинос шуда, баъди тамошои ин марказҳо бобати вусъат додани имкониятҳои онҳо супоришҳо дода буд. Фароҳам омадани шароитҳои замонавӣ ва ҷорӣ гардидани усулҳои пешқадами кор таҷассуми ба амал татбиқ гардидани ин супоришҳо аст.
Ҳудуди маҷмӯи тиббӣ беш аз чаҳор гектарро ташкил медиҳад. Ҳафт бинои майдони умумиашон ним ҳазор метри мураббаъ сохта шуданд. Ҳангоми сохтмон ва муҷаҳҳаз сохтани онҳо таҷрибаи пешқадами хориҷӣ истифода гардид.
Аз ин лиҳоз меъмории он нодир аст. Ёрии таъҷилии тиббӣ, реаниматсия, блоки инфексионӣ пешбинӣ гаштааст.
Маркази миллии тиббӣ бо фарогирии худ тафриқа дорад. Дар ин ҷо шуъбаҳои ҷарроҳӣ, урологӣ, транспантологӣ, шикасту банд, гинекологӣ, ҷарроҳии дил, нефрологӣ, дилшиносӣ, эндокренологӣ, кардиоревматологӣ, дандонпизишкӣ ва ғайра амал мекунанд. Ҷамъан зиёда аз ҳазор адад 169 навъи таҷҳизоти замонавии  тиббӣ устувор карда шудаанд.
Марказ барои 500 бемор пешбинӣ гардидааст. Зиёда аз 200 навъи ёрии тиббӣ дар шароити амбулаторӣ ва статсионарӣ расонида мешавад. Марказ соле барои гузаронидани беш аз се ҳазор амалиёти баландтехнологии ҷарроҳӣ, аз ҷумла аортокоронарӣ, ҷарроҳии эстетикиву пластикӣ, артропластикӣ, кӯчондани узвҳо ва бофтаҳо имконият дорад. Аз ҳама муҳимаш марказ қодир аст ташхиси масофавӣ ва табобати миҷозонро дар ноҳияҳои дурдаст татбиқ намояд.
Муассиса бо беморхонаҳои машҳури як қатор кишварҳо, аз ҷумла Олмон, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ ҳамкорӣ мекунад. Дар ин ҷо 250 духтур ва 500 нафар ходимони тиббӣ, ки аз табибони хориҷӣ ва мутахассисони ватанӣ иборатанду ихтисоси худро дар хориҷа такмил додаанд, кор мекунанд.
Ин дар кишвари мо аввалин маркази дорои чунин имкониятҳо мебошад. Вай ба беморхонаҳои бисёрсоҳае, ки дар Қароқалпоқистон ва вилоятҳо амал мекунанд, вобаста карда хоҳад шуд.
Президент ҳамчунин аз Маркази махсуси илмию амалии тиббии оториноларингологӣ ва касалиҳои сару гардан, ки дар таркиби маҷмӯъ кушода шудааст, боздид ба амал овард. Маркази нав баробари корҳои табобат хидматҳои оториноларингологиро дар мамлакат ҳамоҳанг месозад. Дар ин ҷо лабораторияҳои илмии «Физиология ва патологияи узвҳои болоии роҳи нафас», «Физиология ва паталогияи узвҳои шунавоӣ ва баробарвазнӣ», «Фониатрия ва ронхопатия» ташкил гардиданд. Лабораторияи симулиятсиониву таҷрибавӣ, 5 шуъбаи ҷарроҳӣ ва 60 ҷойи беморӣ бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Роҳбари давлат бо шароите, ки дар марказҳо фароҳам оварда шудаанд, шинос гардид, бо духтурон ҳамсуҳбат шуд. Дар суҳбат бо шахсони масъули соҳа бобати дар шафати марказ ба роҳ мондани донишкадаи тиббии хориҷӣ, мактаби такмили ихтисоси кадрҳо, вусъат додани ташхиси бемориҳо маслиҳатҳо дод.
Президент Шавкат Мирзиёев Китобхонаи бозсозишудаи ҷумҳуриявии бачагонаро зиёрат намуд.
Президенти кишвар ҳамчун роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба масъалаи таълим ва тарбияи насли наврас эътибори махсус медиҳад. Соли 2017 фармоишоти Президент бобати рушди соҳаи нашри китоб, тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва пешбурди маданияти мутолиа имзо гардид. Рағбатноксозии васеи китобхонон ба роҳ монда шуд.
Ба охир расидани бозсозии Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагона таҷассуми навбатии ин сиёсат аст.
Бинои таърихие, ки соли 1907 бунёд шудааст, мувофиқи меъёрҳои замонавӣ таъмир ва муҷаҳҳаз карда шуд. Муҳити мусоид ва хуби китобхонӣ фароҳам омад. Кохи китоб нафақат барои бачагон, балки барои калонсолон низ ҷойи писанддида мегардад.
Дар ин ҷо хазинаи ғании адабиёти бачагонаи ӯзбек ва ҷаҳон ҷамъоварӣ шудааст, ки 180 ҳазор адад китобро ташкил медиҳад. Технологияи замонавии иттилоотӣ гузошта шудаанд, ки кори ходимонро сабук ва ба китобхонҳои ҷавон қулаиҳои иловагӣ фароҳам меоваранд. Аз ҷумла, ба китобхонҳо картаи махсуси ID пешниҳод мегардад. Қайди китобхонҳо, ҷараёни супурдан ва баргардондани китоб дар шакли электронӣ ташкил гардидааст.
Алҳол ба рушди китобхонаи электронӣ, сарпур сохтани хазинаи захираҳои видеоӣ ва аудиоӣ, созмон додани веб-контенти муфид эътибори махсус дода мешавад. Барои шунидани матни аудиоии китоб хонаи махсус ҷудо шудааст.
Президент бо ин шароитҳо шинос шуд ва бо дӯстдорони ҷавони китоб ва забонҳои хориҷӣ суҳбат кард.
Роҳбари давлат таъкид сохт, ки бояд кори китобхона бо мактабҳо самарабахш ба роҳ монда шавад, то ки хонандагони онҳо аз хазинаи 180 ҳазор ададии китоб истифода бурда тавонанд, ба ин ҷо ҳарчи бештар ҷавонон ҷалб карда шаванд.
Дар китобхона барои баргузор намудани конфронсҳои байналхалқӣ, машварат ва чорабиниҳои дигар, аз ҷумла дар режими онлайн имкониятҳо мавҷуданд. Ҳудуди он обод гардида, симои тоза пайдо кардааст. Амфитеатри хурд амал мекунад.
Супориш дода шуд, ки барои китобхона автомобил дода, хазинаи он бо китобҳои нав пурратар карда шавад.
Аҳамияти метро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт хеле бузург аст. Ба мақсади фарогирии бештари мусофирон бо ин навъи нақлиёт бинобар ташаббуси роҳбари давлат метрои  рӯизаминӣ сохта шуд.
Солҳои охир давраи аввали ин лоиҳаи бузург татбиқ гардид ва хатти Сергелӣ кушода шуд. Соли равон давраи дуюм – сохтмони хатти рӯизаминии аз мавзеи Қуйлуқ то ноҳияи Сергелӣ анҷом ёфт.
Президент аз хатти нав боздид ба амал овард ва бо намояндагони ҷомеа дар метро сайр кард.
– Соли 2017-ум, ҳангоме ки мо ин лоиҳаро оғоз намудем, касоне буданд, ки ба муваффақияти он бовар надоштанд. Инак, шукри Худо, ки хатҳои зеризаминиву рӯизаминии метро муттаҳид шуда, халқаро ба вуҷуд оварданд. Бале, осон набуд. Вале ин роҳ, ки ба халқи мо хидмат хоҳад кард, дар таърих мемонад. Агар халқи мо, фарзандони мо аз ин қулайӣ истифода бурда, аз давлат розӣ шаванд, пас мо ба мақсади худ расидаем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар давраи дуюм роҳи 12 километра гузошта, 7 истгоҳ бунёд гардид. Фурсати роҳ аз аввал то охири хат 15 дақиқаро ташкил медиҳад. Ҳар рӯз ба зиёда аз 40 ҳазор мусофир хидмат расонида хоҳад шуд.
Умуман, тӯли метрополитени Тошканд аз 70 километр гузашт. 38 километри он пас аз соли 1977, 7 соли охир бошад, 32 километр роҳ боз гардид. Миқдори истгоҳ ба 50 адад расид. Пешбинӣ мешавад, ки шумораи ҳаррӯзаи мусофирони метро то ба 750 ҳазор нафар зиёд мегардад.
Ғайр аз ин соли равон пойтахт ҳазор адад автобусҳои нав гирифт. Дар натиҷа рӯзе то 1,4 миллион мусофир аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебаранд. Ҳамаи ин омили муҳими коҳиш ёфтани зарурияти истифода аз нақлиёти шахсӣ ва кам шудани тирбанд дар роҳҳо мегардад.
Роҳбари давлат ба маҳаллаи Янги Бунёдободи ноҳияи Сергелӣ рафт.
Дар ин ҷо беш аз 6 ҳазор нафар зисту зиндагӣ доранд. Дар 13 хонаи бисёрҳуҷра, мактабҳои таълими умумӣ ва варзишии бачагону наврасон тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд. Соҳаи хидматрасонӣ муҳаррики маҳалла ба шумор меравад. Ба қарибӣ дар ин ҷо маркази дорои нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ ва корхонаи дӯзандагӣ сохта шуд, ки дар он ҷавонони маҳаллӣ кор мекунанд.
Президент бо коргарзанони корхонаи дӯзандагӣ суҳбат кард. Роҳбари корхона ба шарофати имкониятҳое, ки барои бонувони соҳибкор фароҳам оварда шудаанд, таҷҳизоти нав харида, фаъолияти онро вусъат дод.
– Мо барои чӣ ба фаровонҳолии занон эътибори махсус медиҳем? Барои он ки ин ғамхорӣ нисбати оила, нисбати фарзандон, нисбати насли оянда мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бинои ҷамоати шаҳрвандон низ симои замонавӣ дорад. Дар он китобхона, курсҳои омӯзиши забон кушода шудаанд. Ҳудуди маҳалла обод буда, майдончаҳои бозӣ ва варзишӣ таъмир гардидаанд. Тӯли ду соли охир дар маҳалла ягон ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст.
Дар суҳбат бо раис ва фаъолони маҳалла аз хусуси таъминоти ҷавонон бо шуғл, пурмазмун ташкил кардани вақти холии онҳо аз тариқи баргузор намудани тадбирҳои фарҳангиву варзишӣ сухан рафт. Ба роҳбарони ноҳияҳо супурда шуд, ки лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиро бештар татбиқ кунанд, ба мавсими тирамоҳу зимистон тайёрӣ бинанд.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Икром АВВАЛБОЕВ,
хабарнигорони ӮзА.


Сурати Хидмати матбуоти 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: