Инсон бояд на аз марг, балки бим аз он дошта бошад, ки дигар зиндагиашро идома дода наметавонад.
Инсон бояд на аз марг, балки бим аз он дошта бошад, ки дигар зиндагиашро идома дода наметавонад.
Марк АВРЕЛИЙ.
Гуноҳҳои куҳна сояҳои дароз доранд.
Агата КРИСТИ.
Дар ҳамаи ҳолатҳо асоси фаромӯшхотириро ангезаи нохоҳамӣ ташкил медиҳад.
Зигмунд ФРЕЙД.
Ҳасодат намегузорад бидонем, ки дигарон ба чӣ қимат комёб гардидаанд. Айби бетадбирӣ ва коҳилии худро пӯшонда хоҳем гуфт: «Ин кори бахту иқбол аст».
***
Ҳар киро, ки забон дар ихтиёр нест, ҳамчу мошинест, ки тормоз надорад.
Муҳаммади ҲИҶОЗӢ.
Қудрат ҳамеша одамони пастфитратро ба худ ҷалб менамояд.
Алберт ЭЙНШТЕЙН.
Интеллект натанҳо дониш, балки қобилияти ба амал татбиқ кардани онро низ дар бар мегирад.
АРАСТУ.
Хасис ҳамеша камбағал аст.
Франческо ПЕТРАРКА.
Душманон ҳамеша ҳақиқатро мегӯянд, дӯстон — ҳеч гоҳ.
СИТСЕРОН.
Ба дӯсти худ он чиро магӯ, ки душманат бояд надонад.
Артур ШОПЕНГАУЭР.
Таҳқир баҳсҳои маъмулии онҳоест, ки ноҳақанд.
Жан-Жак РУССО.
Ту метавонӣ аз ҳолату одамон фирор кунӣ, вале аз фикру эҳсосоти худ гурехта наметавонӣ.
Эрих Мария РЕМАРК.
Фарқ надорад, ки ту пулу обрӯ дорӣ ё на. Агар дили хайрхоҳ надошта бошӣ, ҳеч касӣ.
Луи де-ФЮНЕС.
Тарҷума ва таҳияи
А. СУБҲОН.