Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 декабр дар нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок кард.
Роҳбарон натиҷаҳои ҳамкориҳои соли равонро ҷамъбаст намуда, вазифаҳои афзалиятноки соли 2024-ро баррасӣ намуда, инчунин бо ёдгориҳои таърихии Санкт-Петербург шинос шуданд.
Мулоқоти дуҷонибаи Президенти кишварамон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин низ баргузор шуд.
Бо ҳамин сафари кории сарвари давлатамон анҷом ёфт, ки ӯ аз фурудгоҳи байналмилалии “Пулково” ба Тошканд парвоз кард.