АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА “ШОҲНОМА”-И Ӯ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Дар байни мардуми Ӯзбекистони имрӯза, бавижа Самарқанду Бухоро пайваста бо омӯхтани Каломи шариф ва ҳадисҳои Муҳаммад алайҳиссалом, омӯзиш ва тарғиби осори адибони классик, бахусус офаридаҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Румӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигар суханварони маъруф асрҳо боз дар як радиф меистад.

То гузаштаи наздик дар мавзеъҳои гуногуни Самарқанду Бухоро ва дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Ӯзбекистони кунунӣ маҳфилҳои Шоҳномахонӣ, Гулистонхонӣ, Маснавихонӣ баргузор мешуд. Дар меҳмонхонаҳо ин маҳфилҳо то дергоҳи шаб давом мекард. Мутаассифона, баъди дигар гаштани сохтори иҷтимоӣ, ҷорӣ шудани сиёсати давлат нисбати мероси аҷдод ин маҳфилҳо барҳам хӯрданд ва мардуми мо то андозае аз мероси ниёгон дур шуд. 
Бо вуҷуди ин, тадқиқу таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти адибони гузашта, аз ҷумла, паҳлуҳои гуногуни зиндагиномаи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ дар даврони шӯравӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи олимон ва  адибони Ӯзбекистон буд.  Абдурауф Фитрат ба ин мавзӯъ ҳанӯз солҳои 30-юми садаи гузашта муроҷиат карда,  “Фирдавсӣ” ном мақолаи худро навишта буд. Ӯ дар ин мақола оиди ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ маълумот дода, дар  хусуси  таъсири “Шоҳнома” ба адабиёти туркзабон низ ҳарф задааст. Фитрат дар мақолаи худ оиди ба ҳамин услуб ва ҳатто ҳамин вазн навишта шудани “Қутадғу билиг” ном асари адиби асри  ХI Юсуф Хос Ҳоҷиб таваққуф менамояд. 
Худи Юсуф Хос Ҳоҷиб дар пешгуфтори китобаш оиди ҳанӯз дар замони зиндагии ӯ дар машриқу мағриб шуҳрат пайдо кардани «Қутадғу билиг» сухан ронда, ишора мекунад, ки “эрониён онро “Шоҳномаи туркӣ” номидаанд”.
Дар замони шӯравӣ, дар мактабҳои миёнаю олӣ, бо вуҷуди баъзе маҳдудиятҳо,  аз ҷониби маърифатпарварони равшанфикри давр омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти бархе  адибон ва донишмандони гузашта тавассути китобҳои дарсӣ омӯзонда мешуд.  Ба барномаҳои мактабӣ баъзе достонҳои “Шоҳнома”, аз ҷумла, достони “Рустам ва Сӯҳроб” низ барои омӯхтан дохил шуда буд. Омӯзгорон  дар ҷараёни таълими адабиёт байтҳои пандомези “Шоҳнома”-ро хонда,  мазмун ва мундариҷаи достони “Рустам ва Сӯҳроб”-ро бо маҳорати хосса нақл мекарданд. Дар базму шабнишиниҳои адабӣ донишомӯзон аз рӯйи ин достон саҳначаҳо намоиш медоданд.     
Дертар дар барномаҳои дарсии донишкадаҳои филологӣ низ ба омӯзиши “Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эътибор дода шуд.
Эҳтиром ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯст, ки адибони ӯзбек Ҳамид Ғулом, Эркин Воҳидов, Ӯткур Ҳошимов ва дигарон дар мавридаш номи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯро бо самимияти хосса ёдовар шудаанд. Аз ҷумла, Шоири халқии Ӯзбекистон Ғафур Ғулом дар “Сайқали Самарқанд” ном мақолааш, чунин навиштааст: “Шоири машҳури форс-тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ як ҳазору панҷоҳ сол муқаддам аз ин   “Шоҳнома”-и худро навишта буд, ки  яке аз қаҳрамонони  машҳури он Афросиёб мебошад». 
Романи пурмуҳтавои Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода “Фирдавсӣ” низ ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Дар Ӯзбекистон пайваста бо омӯзиши “Шоҳнома” ба тарҷума ва нашри он  низ эътибори хосса додаанд. Агар дар ибтидо дар китобҳои дарсӣ ва баъзе маҷмӯаҳои адабӣ  порчаҳо аз достонҳои  ҷудогонаи Фирдавсӣ ва байтҳои панду ҳикматомези он ба назар расанд, сонитар тарҷума ва нашри ин асари безавол аз ҷониби адиб ва донишмандони ӯзбек таҳти сарварии ховаршиноси маъруф, тарғибгари беҳамтои адабиёти мумтози форсӣ дар Ӯзбекистон Шоислом Шомуҳаммедов қадами ҷиддӣ гузошта шуд. Ӯ дар китоби худ “Классикони адабиёти форс-тоҷик” оиди  Абулқоcим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ мақолаи мукаммале навишта, ба хонандагони ӯзбек тақдим кардааст. Дар поёни мақола ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ баҳои ҳаққонӣ дода шудааст: “Шоҳнома” ҳайкали муҳташамест, ки ин шоири  бузург барои худ гузоштааст”.
Ниҳоят “Шоҳнома” ба забони ӯзбакӣ  дар се китоб  бо теъдоди зиёд ба дасти чоп расид. 
Ҷилди аввали ин китоб пурра дар тарҷумаи Шоислом Шомуҳаммедов ба сомон расонида шудааст. Гарчи дар тарҷумаи ду ҷилди дигари  ин китоби бузург  шоирон Ҳамид Ғулом ва Назармат низ ширкат ҷустаанд, вале таҳти назари Шоислом Шомуҳаммедов ба дасти чоп расидааст.
Барои  тадқиқ, тарҷума ва интишори  осори адибони порсигӯй дар Ӯзбакистон ин донишманд аз ҷониби ҳукумати Эрон бо ҷоизаи ба номи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шудааст. 
Нашру тарғиби “Шоҳнома”и Фирдавсӣ ва  панду андарзҳои ҷудогонаи  он низ ҳамеша дар мадди назари донишмандон ва адибони Ӯзбекистон қарор дорад. Аз ҷумла дар чанд маҷмӯаи адабии дастҷамъӣ, китобҳои панду андарзҳо байтҳои пурҳикмат аз “Шоҳнома” низ ҷой дода шудаанд. 
Мардуми мо аз азал барои камолоти насли наврас, соҳиби ахлоқу одоби накӯ,  дорои фазилатҳои хоси инсонӣ гардидани фарзандонашон, кӯшиши зиёде ба харҷ додаанд.  
Дар рӯзҳои мо анҷуманҳои “Шоҳномахонӣ” дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва донишгоҳҳои   Самарқанд, Термиз ва Фарғона  мунтазам гузаронида мешаванд.  Дар маҳфилҳои адабӣ  адибон ва донишмандон бо мулоҳизаҳои худ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Фирдавӣ ва мавқеи “Шоҳнома”-и ӯ дар адабиёти ҷаҳон мубодилаи афкор менамоянд, дар рӯзномаю маҷаллаҳо гузоришу мақолаҳои илмии онҳо интишор мегардад. Чунин анҷуман соли 2005 дар толори пуршукӯҳи “Маркази ҷавонон”-и Самарқанд бо иштироки Сафири Эрон дар Ӯзбекистон  Муҳаммад Фатҳалӣ ва олимону адибони Эрон баргузор шуда буд. 
Дар маҳаллаи Панҷоб, ки яке аз маҳаллаҳои қадимаи шаҳри Самарқанд мебошад, чанд аср муқаддам эрониён маскан гирифта, дар ин мавзеъ масҷиду мадраса низ бунёд кардаанд, ки ҳар ду ҳоло низ арзи вуҷуд доранд. Маркази фарҳангии эрониёни Самарқанд низ дар ҳамин ҷост. 
Ёд дорам, Раисҷумҳури Исломии Эрон Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳангоми ташрифи худ дар  Самарқанд бо ҳамроҳии Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар ин маскан шуда, бо мардуми ин маҳалла мулоқот ороста буданд.  Ва ҳамон вақт пешниҳод шуда буд, ки  ба ин  кӯча номи Фирдавсӣ дода  шуда,   дар ин мавзеъ  муҷассамаи ӯ  гузошта шавад.   
Ба қарибӣ бо назардошти Раисҷумҳури имрӯзаи Ӯзбекистон, инсони равшанзамир ва маърифатпарвар, ҷаноби Шавкат Мирзиёев  дар  мавзеи Панҷоби қадимаи Самарқанд, дар кӯчаи ба номи Фирдавсӣ майдони Фирдавсӣ бунёд гардида, дар он муҷассамаи шоири бузург гузошта шуд. Маросими кушоиши пайкара ва майдон бо иштироки роҳбарони шаҳру вилоят ва аҳли ҷамоатчигӣ хеле пуршукӯҳ буд. Дар девори мармарини паҳлӯи пайкара шоҳбайтҳои ҳикматомез аз “Шоҳнома”-и безавол бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Фикр мекунам, дар ин майдон минбаъд низ базмҳои Шоҳномахонӣ мунтазам баргузор мешаванд.
 
Аслиддин ҚАМАРЗОДА, 
Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: