ТАҒЙИРОТҲО ДАР КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Девони Вазирон дар мавзӯи «Комиссияи олии аттестатсионии электронӣ: муаммо ва роҳи ҳал» нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Девони Вазирон дар мавзӯи «Комиссияи олии аттестатсионии электронӣ: муаммо ва роҳи ҳал» нишасти матбуотӣ доир гардид.

Имрӯзҳо мувофиқ ба саъю ҳаракатҳои васеъ ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати электронӣ ҷараёни аз аттестатсия гузарондани кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогии дорои тоифаи олӣ низ зина ба зина рақамгузорӣ карда мешавад. Айни замон дар КОА 7 низоми ахбор ҷорӣ гардида, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологияи ахбори Тошканд боз 5 низоми ахбор кор карда шуд ва низомҳо бо тарзи тест аз озмоиш гузаронда мешаванд.
Дар нишаст оиди «КОА-и электронӣ» маълумоти муфассал дода шуд. Аз ҷумла, хусусияти ба худ хоси низомҳои ахбори коркардшуда, созгорӣ ва имкониятҳои он аз ҷониби мутахассисон ҳаматарафа фаҳмонда шуд.
Бинобар маълумоти дастрас ин низоми ахбор дар асоси шабакаи ҷаҳониву корпоративӣ ба тарзи ҳимоягардида фаъолият мекунад. Пойгоҳи он мувофиқ ба алифбои ӯзбекии лотининавишт сохта шуда, интерфейсҳояш бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ локализатсия карда шудаанд. Масофаи истифода аз онҳо маҳдуд нест, ба тарзи масофавӣ ташкил кардани ҳамаи ҷараёнҳои аттестатсия мавҷуд аст. 
Офарида шудани низоми «КОА электронӣ» барои ба натиҷаҳои зерин ноил шудан хидмат мекунад: бори нахуст дар дараҷаи миллӣ бинобар дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ корҳои аттестатсия, аз ҷумла, ҷараёни экспертиза ба тарзи электронӣ амалӣ мешавад; ҳамаи ҳуҷҷатҳои байни муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотӣ, шӯроҳои илмии дараҷаи илмӣ медода ва КОА дар асоси низоми ахбори маҷмӯиву таҳлилии гардиши ҳуҷ-ҷатҳои электронии корпоративӣ амалӣ мешаванд; бори нахуст дар дараҷаи миллӣ диссертатсияҳо тавассути шабакаи интернет аз экспертизаи электронии ҷамоатӣ гузаронда мешаванд ва дар асоси натиҷаи мусбии он ташкил кардани ҳимоя роҳандозӣ мешавад; пойгоҳи илмиву ташкилӣ ва пойгоҳии дар шакли мунтазам ва онлайн ташкил кардани ҷараёнҳои аттестатсия офарида мешавад; низомҳои ахбори идоравии дорои пойгоҳи маълумотҳое, ки бинобар унвонҳои илмӣ ва дараҷаҳои илмӣ доимо зиёд мешаванд, ба маҷмӯи барномавиву дастгоҳи «Низоми ягонаи электронии ахбору таҳлили хидмати шаҳрвандии давлатӣ» интегратсия карда мешавад.
Корҳои амалишаванда барои таъмин кардани шаффофияти ҷараёни аттестатсия ва баланд бардоштани масъулияти иштирокдорони он аҳамияти алоҳида касб мекунад.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: