ДАР ЭКРАНҲОИ КАЛОНИ ИТАЛИЯ ИҚТИДОРИ САЙЁҲИАМОН НАМОИШ ДОДА МЕШАВАД

Намоишҳо дар шаҳрҳои Брешия, Бергамо, Каляри, Катания, Комо, Генуя, Лечче, Ливорно, Местре, Милан, Неапол, Падуя, Пяченсе, Рим, Тревизо, Триест, Варезе, Верона ва Виченса сурат мегиранд.

Видеоклипҳо бахшида ба иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар экранҳои калони шаҳрҳои бузурги Италия намоиш дода мешаванд.
Лоиҳаи мазкур ба мақсади васеъ тарғиб намудани иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар кишварҳои Аврупо, аз он ҷумла, дар Итолиё аз ҷониби сафоратхонаи кишвари мо дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Alpitour World» татбиқ мегардад.
Ба ғайр аз ин, радиостансияҳои машҳури Итолиё «Radio Montecarlo» ва «Radio Voyage Voyage» барномаҳои худро ба Ӯзбекистон бахшиданд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ таблиғи васеътари иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар байни итолиёвиҳо ва ҷалби онҳо ба кишвари мо мебошад.
Таъкид мегардад, ки дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ теъдоди сайёҳон аз Итолиё ба Ӯзбекистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар афзоиш ёфтааст.

АИ «Дунё»,
шаҳри РИМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: