Дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд бо иштироки мутасаддиёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Тадбир дар мавзӯи “Донишгоҳи давлатии Самарқанд: аҳамияти услуби 4+2 дар таъмини шуғли донишҷӯён” гузаронида шуда, проректор Аҳмадҷон Солеев ба рӯзноманигорон роҷеъ ба корҳое, ки дар асоси ин услуб дар боргоҳи бонуфузи таълимӣ амалӣ мегарданд, вазъи таъмини шуғли донишҷӯёни курси 3 ва 4 ҳарф зад.
– Услуби 4+2 маънои онро дорад, ки донишҷӯёни курсҳои болоӣ 4 рӯзи худро дар донишгоҳ ва 2 рӯзи дигарро бо таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи ихтисос дар мактабҳои ҳамагонӣ, корхонаву ташкилотҳо мегузаронанд, – иброз дошт А.Солеев. – Мақсад аз ин, ба донишҷӯён баробари омӯзиши дониши назарӣ, афзун намудани таҷрибаи онҳо аз рӯйи ихтисос мебошад. Бо мақсади назорати ин раванд дар донишгоҳ Маркази таъмини шуғли донишҷӯён ташкил гардида, барои фаҳмондани раванди таҷрибаомӯзӣ, назорат ва расондани ёрии услубӣ ба донишҷӯён роҳбарони амалиёт вобаста карда шуданд.
Дар идома сарвари Маркази таъмини шуғли донишҷӯён Шоҳрух Ҷӯрақулов чунин гуфт:
– Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 4-уми марти соли равон таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев гузаронида шуд, дар бораи вазифаҳои бартаринок доир ба таъмини шуғли донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ сухан рафт. Бо мақсади таъмини супоришоте, ки дар раванди ҷамъомад пеши маъмурияти муассисаҳои таълими олӣ гузошта шуданд, 17-уми марти соли 2022 фармоиши Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус “Дар бораи чораҳои таъмини шуғли донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ” имзо гардид. Дар асоси ин фармоиш дар донишгоҳ Маркази таъмини шуғли донишҷӯён таъсис ёфт. То ҳол аз тарафи донишгоҳ бо мақсади пешбурди фаъолияти марказ ва ба даст овардани натиҷаҳои самарабахш дар ин самт бо Садорати таълими халқи вилоят, Сарсадорати таъмини шуғли вилоят, як қатор корхонаву ташкилотҳои бузурги истеҳсолии вилоят ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд. Марказ теъдоди зиёди донишҷӯёне, ки хоҳиши кор карданро доранд, муайян кард ва беш аз 2200 нафари онҳо дар донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, корхонаву ширкатҳои вилоят бо кор таъмин шуданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.