ТАШАББУСҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ӮЗБЕКИСТОН КУЛЛАН МАНФИАТҲОИ МИЛЛИРО ДАРБАР МЕГИРАНД ВА БА ПЕШОМАДИ ДУР НИГАРОНИДА ШУДААНД

25 май Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба тарзи онлайн дар ҷамъомади Шӯрои олии иқтисодиёти Авроосиё иштирок карда, дар тадбири мазкур суханронӣ намуд.

Шӯрои олии иқтисодии Авроосиё – мақомоти асосии Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё (ИИАО) буда, созмони байналхалқии қаробати минтақавии иқтисодӣ ба шумор меравад.
ИИАО ба мақсади бозсозии ҳамаҷониба, кооператсия ва баланд бардоштани рақобатбардории иқтисодиёти миллӣ, ҳамчунин фароҳам овардани шароит барои рушди муттасил ба манфиати боло бурдани дараҷаи ҳаёти аҳолии давлатҳои аъзои он ташкил гардида буд. 
Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2020 мақоми давлати мушоҳидро дар ИИАО  ба даст овардааст.
Бинобар фикру ақидаи коршиносони байналхалқӣ, ки дар ҷараёни ҷамъомад садо доданд, ташаббусҳои Президент Шавкат Мирзиёев кори сифатан навро барои вусъат додани шарикии амалии тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи созмон ташаккул медиҳад.
Роҳбари иттиҳоди тиҷоратии Авроосиё «ACIR SouthernEurope» Эдуардо Гулян (Испания): 
– Дар суханронии худ Президенти Ӯзбекистон вазифаҳои аввалиндараҷаро бинобар ҳамкории минбаъда дар доираи ИИАО хеле дақиқ муайян кард, ӯ ба ҳамкорӣ дар кооператсияи саноатӣ, соҳаи нақлиёту логистика ва қаробати платформаҳои электронӣ эътибори махсус дод. 
Аз ҷумла, вай зарурияти минбаъд ҳамоҳанг сохтани муносибатҳоро барои таъмин намудани рушди устувори робитаҳои иқтисодӣ таъкид намуд, эътибори ҳозиронро ба аз байн бардоштани монеаҳо ва маҳдудкунии савдои тарафайн ҷалб кард.
Мехостам ташаббуси роҳбари Ӯзбекистонро бобати пурзӯр кардани кори муштарак бинобар ташаккул додани гузаргоҳҳои муқобили нақлиётӣ ва созмон додани занҷирҳои устувори логистикӣ махсус қайд намоям. Аз ҷумла, рушди хатсайрҳои байналхалқии «Шимол – Ҷануб» ва шоҳроҳҳои дигаре, ки минтақаи Осиёи Марказиро бо Чин, кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ мепайванданд.
Фикр мекунам, ин таклифи сарвари Ӯзбекистон аз нуқтаи назари таҳкими минбаъдаи иқтидори содиротии Ӯзбекистон ва созмон додани гузаргоҳҳои нави нақлиётӣ хеле рӯзмарра аст.  
Дар Аврупо пешрафти ИИАО, мунтазам татбиқ намудани вазифаҳо оид ба ташаккул додани «чаҳор озодӣ» – озодии ҳаракати мол, хидмат, сармоя ва қувваҳои кориро бо рағбати зиёд мушоҳида мекунанд. 

Мехостам махсус таъкид намоям, ки алҳол Ӯзбекистон сиёсати кушоди иқтисодӣ, озодкунии савдо, бозсозии саноатро татбиқ менамояд, бинобар минбаъд беҳтар кардани иқлими сармоявӣ чораҳо андешида мешаванд. Бобати инкишоф додан ва амиқ гардондани муносибатҳои муфиди тарафайн бо ҷомеаи байналхалқӣ фаъолона кор бурда мешавад. 
Ба андешаи ман, дар шароити кунунӣ, ҳангоме ки тамоми мамлакатҳо бо номураттабии бозорҳои ҷаҳонӣ ва халалдоршавии занҷирҳои ҷаҳонии боркашонӣ рӯ ба рӯ шудаанд, қарорҳои самарабахши амалӣ заруранд, ки ба ҳарчи зудтар барқарор кардани иқтисодиёт бо минбаъд таъмин намудани рушди устувор ва баланд бардоштани рақобатбардории онҳо нигаронида шудаанд. 
Аз ин нуқтаи назар ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар ҷамъомади навбатии ИИАО садо доданд, фикр мекунам, саривақтӣ мебошанд ва воқеияти аҳволи иқтисодиёти ҷаҳонро инъикос менамоянд. 
Директори Маркази тадқиқотии Аврупо ва муносибатҳои байналхалқии Мактаби олии иқтисодӣ Василий КАШИН (Русия).
– Имрӯз Президент Шавкат Мирзиёев бо нутқи муҳим дар бораи рушди ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё баромад кард. Вай дар чорабиниҳои иттиҳод аз замони ба сифати кишвари нозир ба ИИАО ҳамроҳ шудани Ӯзбекистон мунтазам иштирок менамояд. 
Роҳбари Ӯзбекистон як қатор ташаббусҳоеро, ки ба рушди ҳамкориҳои тарафайн бо кишварҳои ИИАО, пеш аз ҳама, бо сабук намудани тартиботи савдо, фароҳам овардани шароит барои қатъиян зиёд кардани мубодилаи мол, сода кардани тартиботи назорати санитарӣ, додани рухсатномаҳои дахлдор ва ғайра нигаронида шудаанд, пешниҳод намуд. 
Маълум аст, ки роҳбарияти Ӯзбекистон барои рушди робитаҳои иқтисодӣ бо иттиҳод хеле саъй менамояд, ҳамчунин, тавре ки Президенти Ӯзбекистон изҳор дошт, ба ҳамкории аъзои ИИАО бобати татбиқ намудани лоиҳаҳои пешниҳодкардаи ҷумҳурӣ оид ба инфрасохторҳои муҳими нақлиётӣ, аз ҷумла хати роҳи оҳани «Ӯзбекистон – Афғонистон – Покистон» бовар дорад. 
Муовини директори Пажӯҳишгоҳи Осиё ва Аврупо дар назди Донишгоҳи Малая Рой Энтони РОҶЕРС (Малайзия):
– Ӯзбекистон сиёсати кушод, барои тарафайн муфид ва пурмӯҳтавои хориҷиро татбиқ мекунад, дар ин маврид вай танҳо ба манфиатҳои миллӣ такя менамояд. Ҳамчун давлати нозири ИИАО, Тошканд бинобар ташаккул додани шароитҳои мусоид, дарёфти нуқтаҳои нави рушд ва имкониятҳо барои вусъат додани муносибатҳои тиҷоратӣ ташаббусҳои мушаххасро пеш мегузорад. 
Ман фикру ақидаи Президент Шавкат Мирзиёевро дар бораи он ки баробари пурзӯр шудани таҳдидҳои ҷаҳонӣ, халалдоршавии ҷиддии ҳалқаҳои нақлиётиву логистикӣ, афзудани хавфи амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ ҷонибҳо бояд, беш аз пеш баҳри ҳаллу фасли вазифаҳои аввалиндараҷаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии аъзои ИИАО саъю кӯшиш намоянд, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунам.
Тошканд дар самти бунёди гузаргоҳҳои муқобили нақлиётӣ ва пешбурди ҳалқаҳои логистикӣ низ рағбати зиёд зоҳир менамояд. 
Фикр мекунам, рушди хатсайрҳои байналхалқии «Шимол – Ҷануб» ва шоҳроҳҳои дигаре, ки Осиёи Марказиро бо Чин, кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ мепайванданд, барои некӯҳоливу шукуфоии минбаъдаи кишварҳои минтақа дорои ҷиҳатҳои афзалиятнок ҳастанд. 
Ғайр аз ин таклиф бобати дар Ӯзбекистон баргузор намудани Анҷумани аграрӣ дар шакли «ИИАО ҷамъ» бо иштироки вазирони хоҷагии қишлоқ, истеҳсолгарон ва воридгарони машҳури хӯрокворӣ барои таъмин сохтани амнияти хӯрокворӣ  хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. 
Чунин чорабиниҳо, бешубҳа, ба табодули дониш, таҷриба ва технологияи пешқадам, баргузории пажӯҳишҳои муштарак ва рушди алоқаҳои кооператсионии байни вакилони тиҷорати аграрии давлатҳои аъзои ИИАО мусоидат мекунанд.
Муътақидам, ки кори қарини минбаъдаи муштараки байни давлатҳои аъзо ва нозир ба афзудани мубодилаи тарафайни мол ва ташаккул додани  ҳамоҳангсозии бозори умумӣ дар соҳати созмони мазкур хидмат хоҳад кард. 
Роҳбари клуби сиёсатшиносони «Қафқози Ҷанубӣ» Илгар ВАЛИЗОДА (Озарбойҷон):
– Таҷрибаи бисёрсолаи мушоҳидаи иқдоми сиёсати хориҷии роҳбарияти сиёсии Ӯзбекистон имкон медиҳанд хулоса бароварем, ки ҳамаи онҳо қатъиян ба манфиатҳои миллӣ нигаронида шудаанд, ҳамзамон ба пешомади дур тааллуқ доранд. Бешубҳа, қарор бобати нозири ИИАО будан яке аз онҳост.
Дар ҳамоиши ИИАО роҳбари Ӯзбекистон бо ташаббуси қабул кардани чораҳои муштарак доир ба амиқсозии кооператсия ва озодкунии саноат баромад кард, ки омили муҳими фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ташаккул додани марказҳои саноатӣ дар соҳати Авроосиё ба шумор меравад. 
Шубҳае нест, ки ин ташаббуси муҳим ба ташаккул додани  пойгоҳи мустаҳками ҳамкориҳои дарозмуҳлати тарафайни кишварҳо дар пояи платформаҳои замонавии технологӣ, ки аз ҷониби тамоми кишварҳо қабул шудаанд, нигаронида шудааст. 
Ин имкон медиҳад муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоеро, ки ба ин ҷараён ҷалб гардидаанд, фаъолтар кунад, ҳамкориҳои тарафайни онҳоро ба дараҷаи сифатан нав бардорад, рушди дарозмуҳлати иқтисодиро, ки ба тақсими самарабахши кор такя менамояд, таъмин созад. 

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: