ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 июн бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 июн  бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Сарони ду давлат масъалаҳои вобаста ба ҳодисаеро, ки як рӯз пеш дар қисмати наздисарҳади «Чашма» рух дода буд, баррасӣ намуданд ва муҳимияти андешидани чораҳои мушаххасро ба мақсади пешгирии такрори чунин вазъият таъкид карданд. Натиҷаҳои пурсамари гуфтушунидҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд.
Оид ба ҷоннок гардондани саъю кӯшишҳо, ки ба танзими  масъалаҳои мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба ва муайян намудани нуқтаҳои нави рушди ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ нигаронда шудаанд, ба мувофиқа расиданд.
Ба ин муносибат пешниҳод оиди баргузор намудани ҷамъомадҳои навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои роҳбарони маъмуриятҳои вилоятҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон ва Қирғизистон дастгирӣ карда шуд.
Зимни суҳбат зарурати идома додани ҳамоҳангсозии зич ва мубодилаи байниидоравӣ оид ба  мубориза бо оқибатҳои паҳншавии пандемияи коронавирус қайд гардид.
Президентҳо инчунин доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Роҳбарони давлатҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстии бисёрасрина, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба манфиати ду халқи бародар тасдиқ карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: