2. НБО РОҒУН: ТАҶАССУМИ ҶУРЪАТ, ҚУДРАТ ВА МАТОНАТ

  •  2.  НБО РОҒУН: ТАҶАССУМИ ҶУРЪАТ, ҚУДРАТ ВА МАТОНАТ
  •  2.  НБО РОҒУН: ТАҶАССУМИ ҶУРЪАТ, ҚУДРАТ ВА МАТОНАТ

2. Неругоҳи Роғун Вахшро ба оғӯш гирифт

Дар мақолаи аввал қайд карда будем, ки дар дарёи Вахш силсиланеругоҳҳои Норак, Шӯроб, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Марказӣ бунёд гардидаанд. Аммо имрӯз сароғози ин силсиларо ГЭС-и Роғун ташкил медиҳад. Агар НБО-и Норак дар шаҳре, ки аз пойтахт дар масофаи 60 км дуртар бунёд шудааст,  неругоҳи нав  дар масофаи  қариб 120 километр аз шаҳри Душанбе  сохта мешавад.
Мо – гурӯҳи журналистони ӯзбекистонӣ дар ҳайати сармуҳаррирони рӯзномаҳои  «XXI asr» Норқобил Ҷалил, «Ҳуррият» Абдурасул Ҷумъақул ва корманди телеканали «Маҳалла» Рӯзибой Қӯлдошев ва камина бо ҳамроҳии корманди масъули Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Олимҷон Азимов  ба дидани ҷараёни сохтмони неругоҳе, ки чанд соли охир манбаи баҳсу мунозираҳо ҳам дар дохили Тоҷикистон (дар замони шӯравӣ) ва ҳам берун аз он шуда буду  сарфи назар аз онҳо  ба сохтмонаш бо ҷидду ҷаҳди баланд оғоз карданд, омадем.
 Бояд гуфт, ки  сохтмони ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ мебоист охири солҳои 70-уми асри гузашта, дар асоси лоиҳаи  институти ҳозираи «Тошгидропроект» оғоз меёфт. Аммо  дар амал сохтмони ин маҷмааи гидроэнергетикӣ ва ҳам шаҳри дувуми  энергетикҳо – Роғун соли 1986  сар шуд. Охири соли 1987 пеши маҷрои дарёи Вахш  баста шуд. Аммо  он солҳо дар худи ҷумҳурӣ  нисбати сохтани ин иншооти муҳими барои минтақа муҳими энергетикӣ  нуқтаи назарҳои мухталиф ва зид баён шуданд. Пош хӯрдани Иттифоқ ва ҷанги дохилӣ дар ин кишвари зебоманзари кӯҳистон ҷараёни сохтмонро қатъ намуд. 
Фақат аввали солҳои 2000-ум барои ҷомаи амал пӯшонидани ният  ва орзуи  неругоҳи мазкур  имконият фароҳам омад. Ва ҳамин тавр дар солҳои гузашта дар  ин  гӯшаи  кӯҳистон ҷабҳаи матонату фидокорӣ  сар шуд. Соли 2007 Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «НБО Роғун» таъсис ёфт. Оғоз ёфтани  сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикиро мардуми Тоҷикистон ба азму ирода ва шуҷоати Президент Эмомалӣ Раҳмон  вобаста медонанд. 
29 октябри соли 2016 бунёди сарбанди неругоҳ оғоз гардид. Он рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон савори булдозери вазнин  шуда, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид.
Ин сарбанд бояд обанбори бузургро ба вуҷуд оварда, ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 километри мукааб ва ҳаҷми фоиданоки он 10,3 километри мукаабро  бояд ташкил диҳад. Садди обанбор 335 метр бардошта мешавад, ки ин дар дунё баландтарин сарбанд ба шумор  меравад. Бояд гуфт, ки ин сарбанд ҳам бо сангу шағал  сохта мешавад. Чуноне ки  журналист ва шоири намоён Нозир Ёдгорӣ  дар китобаш «Корнамоӣ дар марзи номус» навиштааст, «Барои баланд бардоштани садди обанбор, ки ҳаҷми поёни он 1,5 километрро ташкил медиҳад, қариб 81 миллион метри мукааб сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ истифода бурда мешавад. Сарбанди обанбор ба зилзила тобовар аст, чунки қишрҳои дар натиҷаи зилзила пайдошуда, аз сангу шағал пур мешаванд ва он аз нав мустаҳкам мегардад».
Вақте  вориди идораи  бинои маъмурии неругоҳ шудем,  масъулон барои мо як филми мустанадро оид ба  оғози сохтмон ва маросими ботантанаи агрегати якум ва дуюми неругоҳ намоиш доданд, ки барои мо дар бобати ошноӣ бо ин объекти азим  хеле мусоидат намуд. Дарвоқеъ ин бино дар баландии 1400 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст.
Тоскулоҳ ва либоси махсусро пӯшида, бо роҳбаладии сардори раёсати мониторинги муҳандисии неругоҳ  Нуруллоҳ Абдуллоев ҷониби бағалкӯҳ, ки ин «Кохи нур» бунёд мегардад, раҳсипор шудем. Мошин бо роҳҳои пурпечутоб ва чандин километр нақбҳо (туннелҳо) гузашта, ба сарбанди сохтмонаш нотамом  моро овард.  Умуман, дар ин иншооти кӯҳӣ  беш аз 80 километр туннелҳои таъиноташон гуногун ба истифода дода шудааст. Албатта баъди он, ки сохтмон интиҳо меёбад,  баъзе аз ин нақбҳо  пӯшида мешаванд.  Ҳоло аз тариқи ин нақбҳо даҳҳо мошинҳои боркаш сангу шағал мекашонанд. 
Бояд гуфт, ки ҳоло сарбанд бо об пур нест. Барои  пур кардани обанбор 20 сол зарур аст. Дар ин асно оби зарурӣ ба поён ҷорӣ мегардад.
Ба саволи журналистони мо «Оё сохтмони неругоҳи Роғун ба кам шудани об барои поёноби Вахш ва дар ниҳояти он норасоии об барои кишварҳои ҳамсояи минтақа, аз ҷумла Ӯзбекистон сабаб намешавад?» Нурулло Абдуллоев чунин эзоҳ дод:
– Оре, буданд ин гуна баҳсҳо. Дар мавриди истифодаи баробари захираҳои об бо иштироки намояндагони кишварҳои минтақа комиссияи махсуси тақсими об ҳаст. Ҳар як давлат ҳаққи худро дар об дорад. Мо ҳангоми ҷамъоварии об чунин графикро кор мебарем, ки дар поён ҳеҷ тарафе зарар набинад. Дар ин бобат, мутахассисони соҳа, олимон, вазоратҳо мунтазам гирди ҳам меоянд. Фоидаи ин обанбор дар чӣ аст? Мо вақти камобӣ дар поёни дарёҳо оби ғуншударо ба поён мепартоем. Беҳуда сарф намекунем. Инчунин  ба ҳамин васила хавфи обхезиро низ гирифта метавонем. Конструксияи ин сарбанд ба 9 балл зилзила тобовар аст. 
Болои сарбанд ба як майдони бузурги варзишӣ монанд аст. Агрегатҳои неругоҳ ҳам на дар берун, балки дар  дохили бино ҷойгир аст. Мо ду агрегати имрӯз мавриди истифодаро дидем. Кранҳои беш аз 500 тонна вазнро бардоранда барои гузоштани агрегатҳои навбатӣ омодаанд. Агар 6 агрегати  неругоҳ ба кор дарояд, Роғун  ба иқтидори лоиҳавиаш – 3600  МВт мерасад.
Бино ба нақли сардори раёсати мониторинги муҳандисӣ Н. Абдуллоев, аз соли 2010 то соли 2014  аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ барои асоснок кардани бехатарии сарбанди неругоҳ даҳҳо нафар мутахассисон, коршиносони  мустақили кишварҳои гуногун ин ҷо даъват шуданд. Онҳо  пас аз баррасии тамоми иншоот, 33 хавф, таъсири иҷтимоию экологиро омӯхтанд ва дар ҷамъомади худ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон моҳи августи соли 2014 хулосаи хотимавиашонро доданд. Ва ҳатто аз нигоҳи иқтисодӣ бар манфиати минтақа хизмат кардани неругоҳро  таъкид карданд. 
Ду тараф кӯҳпораи баланд. Дар байн дара. Дар ин дара  аз ду тараф садҳо нафар коргарон ба бағали кӯҳ часпида, барои  поён нафаромадани сангҳо  чораҳои сохтмонию бехатарӣ мебинанд. Дар ибтидо то 21 ҳазор нафар коргар меҳнат мекард. Бо мурури вақт ҳаҷми  кор ҳам коҳиш мешавад. Дар иншоот байни мутахассисон чандин забони хориҷӣ садо медиҳад. Агар неругоҳ пурра ба кор дарояд, дар як сол беш аз 17 млрд. кВт/соат неру медиҳад. 
Ростӣ, ҳангоме ки суханони Нурулло Абдуллоевро шунидем, қоил мондем, ки  ин ҷо  мутахассисони хеле кордон ва соҳибтаҷриба  заҳмат  мекашанд. Акаи Нурулло 15 сол дар неругоҳи Норак кор кардааст. Охирин ҷойи кораш неругоҳи Бойғозӣ будааст.
– Роғун орзуи ман аст, – мегӯяд ӯ. – Маошам нисбат ба кори пешина 50 фоиз кам шуд. Лекин ман ба орзуям расидам, ки дар  бунёди ин «Қасри нур» кор мекунам.  Ин ҷо як академияи неругоҳсозиро мебинам.
Сипас, қисми ядрои пойдеворро, ки 25 метр баландӣ дорад, дидем.  Боз 310 метр бардошта мешавад.  Ҳамин тавр, 16 ноябри соли 2018  агрегати якум, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми неругоҳ  ба истифода супурда шуд, ки  бешак, дар таърихи Тоҷикистони мустақил воқеаҳои фаромӯшнопазир аст.
Бо як сухан гуфтан мумкин аст, ки неругоҳи Роғун олами муъҷизаҳо, таҷассуми амалии неру ва тафаккури инсонӣ,  ифодаи қобилияти ташкилотчигии  роҳбарияти кишвар ва корхонаи азим ба шумор меравад. 

3. Ҳамкорӣ баҳри фардои дурахшон

Ӯзбекистон ва Тоҷикистон наздиктарин ҳамсояанд, халқҳои тоҷику ӯзбек бо ҳам бародаранд. Мо ба шарофати муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, ки бо иқдоми сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад, дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ ҳамкориҳои судмандро  инкишоф дода истодаем.  Ҳамкорӣ ва ҳосил шудани ҳусни тафоҳум дар мавриди истифодаи захираҳои об барои тақдири халқҳои бо ҳам дӯсту ақрабо  хеле муҳим аст. Миёнаи моҳи сентябри соли ҷорӣ  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои муассиси фонди байналмилалии Наҷоти Арал нутқ карда, зимнан оиди  рушд додани ҳамкориҳо дар мавриди истифодаи захираҳои оби минтақа пешниҳодоти судмандро баён намуд. Дар навбати худ Ӯзбекистон барномаи  стратегии сарфаи обро таҳия карданист.
– Хуб шуд, ки муносибати байни давлатҳои мо солҳои охир ба сатҳи ҳамкории стратегӣ баромад, – мегӯяд, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Парвиз Яҳёев. – Ҳоло  воситаи муҳими техникӣ барои иншоотҳои ирригатсия ва гидротехникӣ, аз ҷумла барои НБО Роғун бе ҳеҷ мушкилӣ аз тариқи Ӯзбекистон  интиқол дода мешаванд. Ғайр аз ин мо дар бораи истифодаи якҷояи  системаи энергетикӣ мунтазам машварат карда, ба ду халқи бародар хизмат мекунем. Мутахассисони мо ба  Тошканд рафта,  пешниҳодҳо ва ҳаҷми зарурии  эҳтиёҷ ба неруро меомӯзанд. Агар НБО Роғун  пурра ба кор дарояд, бар манфиати минтақа хоҳад шуд. 
8 октябр Агентии миллии ахбороти Тоҷикистон «Ховар» хабареро зери унвони «Роғун – шаҳри ояндадори сайёҳӣ дар Тоҷикистон. Обанбори неругоҳи «Роғун» ба мавзеи ҷолиб табдил ёфта, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб менамояд» мақолаи пурмазмунро интишор кард. Яъне, минбаъд нафақат хабарнигорон, балки сайёҳони ӯзбекистонӣ низ аз ин гӯшаи назаррабои Тоҷикистон дидан менамоянд. 

Шоқаҳҳор САЛИМОВ. 
ТОШКАНД – ДУШАНБЕ –
ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: