«ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ БАРГУЗОРИИ ЧУНИН ЧОРАБИНИИ БУЗУРГ ҶИДДАН ОМОДА ШУДААСТ»

Тавре ки қаблан хабар дода будем, аз 16 то 20 октябри соли равон дар шаҳри Самарқанди бостонӣ Маҷмааи кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ иҷлосияи 25-уми худро баргузор намуд.

Дар он аз 140 кишвари дунё намояндагон ширкат карданд. Дар ин замина мухбирамон бо раиси Кумитаи туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин МӮЪМИНЗОД ҳамсуҳбат шуд, ки муҳтавои он тақдими муштариёни рӯзнома мегардад.
– Мехостам назари худро дар робита ба ҳусни ташкили иҷлосияи 25-уми Созмони ҷаҳонии туризми СММ дар Самарқанд иброз медоштед.  
– Қобили эътироф аст, ки ҷониби Ӯзбекистон ин иҷлосияи ҷашнии Созмони ҷаҳонии сайёҳиро хеле дар сатҳи олӣ ташкил намуд. Мебинем, ки дар канори шаҳри бостонии Самарқанд боз як шаҳраки наве бунёд ёфтааст, ки дар он тамоми шароити хубу созгор фароҳам оварда шудааст. Аз рӯзи қабули меҳмонон ва пазироии гарму ҷӯшон то рӯзи охир ин фазои хубу гуворо моро иҳота менамуд. Барои чунин меҳмоннавозӣ ба мақомоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамаи дастандаркорони ин кори пуршараф самимона ибрози сипосгузорӣ мекунам.
– Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он бо кадом дастовезу дастовардҳои худ ширкат намуд?
– Бо ифтихор қайд мекунам, ки иқтидори кишвари мо дар бобати рушди сайёҳӣ сол аз сол рӯ ба рушду нумӯъ овардааст. Бо кумак ва мусоидати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои пазироии сайёҳони маҳалливу хориҷӣ шароити хуб фароҳам меоварем.
– Он дар кадом самтҳои сайёҳӣ  бештар мушоҳида мешавад?
– Сайёҳии кӯҳнавардӣ яке аз рукнҳои асосӣ дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ин бесабаб нест. Зеро 93 дарсади қаламрави онро кӯҳҳои осмонбӯс ва дараҳои хушбоду ҳаво  ташкил мекунанд. Гузашта аз ин, 22 дарсади қаламрави он аз минтақаҳои махсуси ҳифзшаванда иборатанд, ки барои рушди сайёҳии экологӣ низ хеле мувофиқанд. Ҷиҳати рушди сайёҳии солимгардонӣ дар Тоҷикистон низ имкониятҳои хеле фаровон мавҷуданд. 200 чашмаи обашон мусаффову зулол ва дорои моддаҳои минералӣ ва терминаликӣ, ҳудуди се ҳазор ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ метавонанд мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони зиёд қарор гиранд.
– Дар бораи иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳи махсус чиҳо метавон гуфт?
– Ин намоишгоҳ, ки дар чаҳорчӯби иҷлосияи 25-уми Маҷмааи кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Экспомаркази Самарқанд баргузор гардид, барои ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон имкониятҳои зиёдеро фаровон овард. Дар ин ҷо барои Тоҷикистон 49 метри мураббаъ ҷой ҷудо карда шуд. Ҳар як соҳа бидуни ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ наметавонад рушд кунад. Дар ин марказ намояндагони ширкатҳои давлативу хусусии Тоҷикистон зиёда аз бист лоиҳаи сармоягузориро ба доираҳои сармоягузории потенсиалии хориҷӣ пешниҳод карданд. Ҷои шубҳа нест, ки ин лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ таҳти татбиқ қарор хоҳанд гирифт. 
– Пӯшида нест, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ донишгоҳи махсуси байналмилалӣ таъсис ёфтааст. Дар Тоҷикистон барои тайёр кардани кадрҳо чи иқдомот сурат гирифтаанд?   
– Мардуми тоҷик аз қадимулайём ба ҳайси мардуми меҳмоннавозу саховатманд ном баровардааст. Тайёр кардани кадрҳои бомаҳорату босалоҳият дар Тоҷикистон аз авлавияти вазифаҳо дар соҳаи сайёҳиро ташкил мекунад. Мо Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030-ро қабул кардаем. Яке аз ҳадафҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим тайёр кардани кадрҳо ба ҳисоб меравад. Аввал дар базаи яке аз донишкадаҳо бахши сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидматрасонӣ ташкил карда шуд. Баъд он бевосита ба донишкадаи алоҳида табдил ёфт. Инчунин дар ҳудуди 17 ё 18 донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат тайёркунии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин соҳаро бо кадрҳои малаканок таъмин хоҳад кард.
 – Оё дар Донишгоҳи байналмилалии «Туризм ва мероси фарҳангии роҳи абрешим»-и Самарқанд низ ҷавонони тоҷикистонӣ таҳсил мекунанд?
– Ман бо истифода аз фурсати муносиб ба мақомоти ин кишвари дӯсту бародар ибрози сипос мекунем, зеро барои дар риштаи магистри ин донишгоҳ таҳсил кардани ҷавонони мо 5 квота ҷудо шудааст.  
– Дар ҷараёни иҷлосияи 25-уми Маҷмааи кулли СҶС чандин имкониятҳо фароҳам оварда шуд, ки ҳар як кишвар аз роҳҳои гуногун иқтидори худро муаррифӣ кунад.
– Дуруст қайд кардед. Дар ҳошияи ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ мо бо баргузор намудани як семинари хоси омӯзишӣ чанд лоиҳаро таҳти баррасӣ қарор додем. Ин семинар дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ сурат гирифт. Тавонистем ба ин васила имкониятҳои сайёҳии мамлакати худро дар бахши фарҳанг, таърих, мерос, ғизо ва амсоли он баррасӣ намоем ва иқтидори кишварамонро барои намояндагони 140 кишвари дунё намоиш диҳем.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: