ШАРҲ

ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро адо мекунанд, аз кирдори худ сидқидилона тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ гузаштаанд»

ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро адо мекунанд, аз кирдори худ сидқидилона тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ гузаштаанд»
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи таҷлили Иди муқаддаси Рамазон ҳамчун зуҳуроти равшани чунин сифатҳои неки халқи мо, мисли меҳру оқибат, олиҳимматӣ, башардӯстӣ ва меҳрубонӣ ба  Фармон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро адо мекунанд, аз кирдори худ сидқидилона тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ гузаштаанд»  имзо кард. Мувофиқи фармон дар асоси банди 23 моддаи 93-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 258 шаҳрвандоне, ки муҳлати ҷазоро барои содир кардани ҷиноят адо менамоянд, аз кирдори худ сидқидилона тавба карданд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд, афв карда шуданд.
16 нафари афвшудагон  аз адои ҷазои асосӣ пурра озод карда шуданд, 101 нафар аз адои ҷазо шартан пеш аз мӯҳлат озод карда шуданд, ҷазои ба 24 нафар таъиншуда бо ҷазои сабуктар иваз карда мешавад. Илова бар ин, муҳлати ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ, ки нисбати 117 нафар таъин шудааст,  кам карда мешавад.
Дар байни омурзидашудагон 7 нафарашонро мардони синнашон аз 60 боло, 1 нафар зан, 7 нафарашон шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, 164 нафарашонро шахсоне, ки дар фаъолияти ташкилотҳои манъшуда иштирок кардаанд, ташкил медиҳанд.
Дар доираи татбиқи Фармон ба вазорату идораҳои масъул супориш дода шуд, ки бинобар  ба ҳалқаи оила ва хешовандон  баргаштан, дар мутобиқшавии иҷтимоӣ, машғул шудан бо корҳои муфид, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дар ҷомеа мавқеи сазовор гирифтани онҳо кӯмак расонанд.   
 ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: