ЭҶОДКОРИ СЕРМАҲСУЛ

Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар нашриётҳои мухталифи ҷумҳурӣ китобҳои тоҷикӣ нашр гардида, ба эътибори хонандагон ҳавола мегарданд.

Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар нашриётҳои мухталифи ҷумҳурӣ китобҳои тоҷикӣ нашр гардида, ба эътибори хонандагон ҳавола мегарданд. 
Хонанда Толиб Юнусзодаро тавассути навиштаҳои пурмазмунаш, китоби «Оҳанги зиндагӣ» ба хубӣ мешиносад. Навиштаҳои ӯ аз ҳаёти мардуми содаву самимӣ, хоксору меҳнаткаш дарак медиҳад. 
Ба қарибӣ китоби эҷодкор бо номи «Толиби зиндагӣ» аз нашриёти «Қалам»-и Самарқанд рӯйи чопро дид. Дар ин маҷмӯъ ҳаҷвия, латифа ва шеърҳои солҳои охир эҷодкардаи ӯ ҷамъ омадаанд. Хонанда аз ҳаҷвия ва латифаҳои ӯ, ки молпарастон, ҳасудон, танбалу коргурезонро ҳаҷв кардааст, панди зиндагӣ мегирад, ки ин бахусус барои ҷавонон аҳамиятнок аст. Аз ҷумла, дар «Миёнарав» ном ҳаҷвияаш молпарастии занонро ба қалам оварда чунин менависад: «– Келини қоматбаланди оҳучашми найзамиҷгон бошад. Маълумоташ олӣ, имораташ дуқабатаи мармаркорӣ ва дар миёни ҳавлияш фаввора бошад. Мошиндор...»
Дар шеъри «Келини имрӯз» низ ба молу сарват дил додани баъзе арӯсонро ҳаҷв намудааст:
Зебо қасру кошона гӯяд, 
келини имрӯз,
Оинаву ҳам шона гӯяд, келини имрӯз.
Аз мошин ҳар гун макет, 
нексичи шибирлет,
Ё лимузин ё ласет хоҳад, 
келини имрӯз.
Наметонад чок дӯхтан, 
наметонад ош пухтан,
Намехоҳад омӯхтан, аҷаб, 
келини имрӯз.
То ки нарӯбад хона, 
то наравад ошхона,
Сад ҳилаю баҳона, 
ҷӯяд келини имрӯз...
Дар «Саги ғамхор» вафодории сагро, ки соҳибонашро аз неш задани мор огоҳ мекунад ва дар «Кори неки Акбаршоҳ» меҳрубонии мусичаро ба бачааш тасвир намудааст. Китоб ба хонандаи синну соли гуногун шавқовар ва мароқангез мебошад.    
Т. Юнусзода имрӯз дар авҷи эҷод аст. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: